Ба қалами МАВҶУДА СОҲИБНАЗАРОВА, рӯзноманигор ва муовини раиси КШНГЗС
Ҳукумати Тоҷикистон ба талаби пай дар пайи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон нисбат ба аз байн бурдани шиканҷа дар зиндонҳои ин кишвар таваҷҷӯҳе зоҳир наменамояд. Ҳатто муроҷиати хаттии наздикони зиндониён ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон беҷавоб мемонанд, дар ҳоле, ки тибқи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, Омбудсмен бояд ба муроҷиати хаттии шаҳрвандон дар зарфи се рӯз ҷавоб гардонад.
Бояд гуфт, таъқиб ва шиканҷа бештар мутаваҷҷеҳи зиндониёни сиёсӣ аст; онҳое, ки ҳатто СММ ҳукми онҳоро ноодилона хонда, аз ҳукумати Тоҷикистон талаб намуда буд, ки бидуни қайду шарт онҳоро озод намояд, ки мутаассифона ҳукумат ба ҷойи иҷро намудани талаби СММ, таъқиб ва шиканҷаро бештар намуд.
Масалан, яке аз зиндониёни сиёсӣ, ки ҳукми абадро дорад, Мамадалӣ Ҳайит аст. Ӯ 6 моҳ пеш ба Сардори Муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлия, Мансур Умаров муроҷиат намуд, ки чойник ва радиояшро, ки зиндонбонҳо аз дасташ гирифтанд, баргардонанд. Ва ҳамчунин нафари қотилеро, ки бо ӯ дар як утоқ ҷой доданд, ба дигар ҷо интиқол диҳанд. То чӣ андоза иҷро шудани ин талаб номаълум боқӣ монд, чунки бо расидани 6 моҳ, ки хонаводаи ин зиндонӣ имкони вохӯрӣ бо ӯро доранд, ба онҳо муяссар нагашт, ки ӯро бубинанд.
Дар ин бора Савриниссо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит чунин қисса кард: “Баъди ҳар як 6 моҳ ман иҷозаи мулоқот бо шавҳарамро дорам. Тибқи ҷадвали мулоқот, 24 ноябри соли 2021 ба боздоштгоҳи рақами 1 омадам. Соатҳо бо интизорӣ мегузаштанд, аммо ҳеҷ иҷозаи мулоқотро ба ман намедоданд. Чанд бор назди навбатдор рафта пурсидам. Посухи аниқе надод. Баъди интизориҳои зиёду рафтан аз назди як масъул ба назди масъули дигар, ахиран ба ман гуфтанд, ки шавҳарам қоидаи буду бошӣ зиндонро вайрон кардааст. Бовар карданӣ набуд, чунки шавҳарам 6 сол боз маҳбус аст ва қоидаҳои маҳбасро хуб медонад. Ба замми ин, ӯ медонист, ки рӯзи 24-ум мулоқот дорем. Аз ин ҷост, ки зиёд исрор кардам, ки далел биёранд. Гуфтанд, ки рӯзи 24 ноябр шавҳарам гаштугузори рӯзонаро рад кардааст ва тибқи талаботи моддаи 120 ва 122-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, барои ин ҷазо гирифтааст. Бовар кунед, чунинро бори аввал мешунавам ва аз ҳар нафаре, ки мепурсам, тааҷҷуб мекунанд. Наход барои ба гаштугузор набаромадан, одамро ҷазо диҳанд? Шояд ин ҷо чӣ сирри дигаре бошад. Тарсам аз он аст, ки шавҳарам мавриди шиканҷа қарор гирифтаст ва ба саломатияш зарар расондаанд ё умуман дар қайди ҳаёт нест. Аз ин рӯ, хоҳиш кардем, аз дур бошад ҳам як бор ӯро бинем, аммо ин хоҳиши моро ҳам рад карданд. Ба ваколатдори ҳуқуқи инсон навиштам, посух доданд, ки номаи маро дастрас намудаанд ва дида мебароянд, аммо умеде нест.Чанд бор фиреб хӯрдем.”

Савриниссо Ҷӯрабекова идома дод: “Ҳанӯз 11 марти соли 2019 шавҳарам гуфта буд, ки пайваста мавриди шиканҷа қарор мегирад ва гуфт, ки агар мабодо мурдам, донед, аз шиканҷа фавтидаам. Ҳамчунин ҳамсарамро чанд бор маҷбур карданд, ки тавассути телевизион зидди ҲНИТ сухан кунад, аммо ӯ инро рад кард.”
Вай афзуд: “Ин аст, ки бо ҳар баҳона ӯро шиканҷа мекунанд. Оне, ки мегӯянд, дар зиндонҳои Тоҷикистон шиканҷа нест, дурӯғи маҳз аст. Нафареро, ки гӯё барои ҳавохӯрӣ берун набаромадааст, барои 6 моҳи дигар аз мулоқот бо хонавода маҳрум карданд. Магар ин фишор нест? Магар аз ин шиканҷаи бадтар мешавад? Бо ин амалашон масъулини зиндон на фақат Маҳмадалӣ Ҳайит, балки хонаводаашаро низ азияту шиканҷа карданд. Намедонам, ки шавҳарам зинда аст ё не. Ҳатто иҷозат надоданд, ки аз дур бинему хавотириямон бартараф шавад. Касе ҳам ба додамон намерасад ва бояд 6 моҳро бо интизорӣ, тарс ва изтироб паси сар кунем.”
Ин рӯзгори талхи фақат як нафар зиндонии сиёсӣ буд. Зиндониҳои сиёсии дигар ҳоли бадтар доранду хубтар не.
16 сентябри соли 2021, чор нафар зиндонии сиёсӣ, узви аршади ҲНИТ, Зубайдуллои Розиқ, Ҳикматулло Сайфуллозода, Раҳматуллои Раҷаб ва Муҳаммадалии Файзмуҳаммад тавассути як нома аз даруни зиндон аз Эмомалӣ Раҳмон — президенти Тоҷикистон дархост карданд, ки ҳукмашон дар як додгоҳи боз бо ҳузури намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ, нозирон, коршиносон ва мардуми ҷумҳурӣ бознигарӣ шавад. Онҳо аз ҷумла навиштаанд: “Мо қотеъона мегӯем, ки ҷинояте содир накардаем. Аъзои ҳизб будан, магар ҷиноят аст?!”
Чанд рӯз баъд аз ин нома, ба сари Ҳикматулло Сайфуллозода, ки дар воҳиди беҳдошти зиндон бистарӣ буд, бо чойник ба сараш зарба заданд. Қасди куштани Сайфуллозодаро ҳам нафаре кард, ки берун аз воҳиди беҳдоштӣ буд. Пас, ин нафар чӣ гуна ва бо супориши кӣ ба ин ҷо роҳ ёфт?
Масъулини зиндон ба ин суол посух надоданд, вале баъдан дунболи Сайфулллозода барои ҷазо додани се нафари дигари муаллифони нома, онҳоро ба ШИЗО бурданд. Чаро ва барои кадом гуноҳе чунин ҷазои сангин?
Валамати Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб, барои посух гирифтан ба ин суол чанд рӯзро пӯшти дари масъулини зиндон гузаронд ва бо номаи доде ба ин мазмун ба ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода муроҷиат кард, ба ин шарҳ: “Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб аз 8 ноябр то имрӯз дар ШИЗО нигоҳ дошта мешавад. Хабари ба ШИЗО интиқол додани ҳамсарам ва дигарон дар ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ ба таври густурда расонаӣ шудааст. Барои муайян кардани сабаби интиқол ба ШИЗО ба мақомотҳои кишвар чандин бор муроҷиат кардам, вале то ҳол ягон ҷавоби расмӣ нагирифтам. Ба тариқи ғайрирасмӣ кормандони муассисаи ислоҳӣ ба ман гуфтанд, ки сабаби ба ШИЗО интиқол додани Раҳматуллои Раҷаб бе иҷозати онҳо ба унвони президент навиштани нома аст. Ва гӯё бо навиштани нома шавҳарам ва ҳамроҳонаш тартиботи дохилии муассисаро вайрон кардаанд.”

Намедонам, чӣ гуна низомро вайрон карданд, дар ҳоле ки навиштани нома ба унвонии президентро шумо ба онҳо маслиҳат дода будед? Яъне аз маслиҳати шумо бармеояд, ки навиштани нома ҷурм нест. Ва ин амал ҳам, яъне навиштани номаву муроҷиатҳо тибқи талаботҳои моддаи 120 ва 122-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳамчун ашадди вайрон намудани тартиботи дохилӣ ҳисоб намеравад. Барои чунин амал дар ҳеҷ ҷойи дунё маҳбусро ба ШИЗО ҷой намедиҳанд. Магар тибқи талаботи қисми 3 моддаи 16 КИЧЧ ҶТ маҳкумшудагон ҳуқуқ надоранд, ки ба маъмурияти муассиса ё мақомоти иҷрокунандаи ҷазо, ба мақомоти болоии онҳо, суд ва мақомоти прокуратура, ваколатдор оид ба хуқуқи кӯдак ва дар дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидории маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ инчунин мақомоти байнидавлатӣ ва ташкилоти байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бо таклиф ва арзу шикоят муроҷиат намоянд?
Ин бонуи ҷасур тимсоли ҳамсарони декабристон барои аз ШИЗО берун кашидани шавҳараш ва ҳамроҳони ӯ дари чандин идораҳоро кӯфт. Зидди шиканҷа ва беадолатӣ дар зиндон қад алам кард, аммо тани танҳо натавонист кореро анҷом диҳад, чунки дар фоҷеаи ин зиндониён ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон кӯриро интихоб кардааст.
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон бошанд, аз тарси қатъи фаъолияташон ва маҳрум мондан аз нони даҳанашон, бетарафиро ихтиёр намудаанд. Чун ҷомеа хомӯш аст, хонаводаи зиндониҳои сиёсӣ дар бораи вазъи маҳбусон чизе намедонанд. Масъулини зиндон ҳатто зарур намешуморанд, ки бо онҳо сӯҳбат кунанд.
Ва мутаассифона, шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана медарояд ва хонаводаҳо дар мубориза бо ин зуҳурот танҳо мондаанд. Масалан, барои расонаӣ кардани интиқоли маҳбусон ба ШИЗО Нилуфари Раҷаб, духтари Раҳматуллои Раҷаб, бо моддаи 307 кодекси ҷиноятӣ айбдор дониста мешавад. Чунин аст волоияти қонун ва адолалати судӣ дар Тоҷикистон. Агар зидди ноадолатӣ эътироз кардӣ зиндон мешавӣ!
Санаи муроҷиати Валамати Иброҳимзода ба ваколатдори хуқуқи инсон — Умед Бобозода дар 6 ноябри соли 2021 нишон дода шудааст. Қариб як моҳ аз ин нома гузашта бошад ҳам, пайвандони Раҳматуллои Раҷаб дар бораи вазъи саломатӣ ва ҳолати равонии ӯ чизе намедонанд ва хеле нороҳатанд. Ин аст, ки ба расонаҳо муроҷиат намудаанд.
Ин нороҳатии эшонро дар номаи Шӯҳрати Раҳматулло ба модараш пай бурдан мумкин аст: “Модарҷон, чаро ба падарам нагуфтед, ки ба Эмомалӣ Раҳмон нома нанависанд? Магар Эмомалӣ Раҳмон онҳоро зиндон накарда буд. Худатон шоҳид ҳастед, ҳар вақте ба кадом ниҳоде муроҷиат накунед, посухатон медиҳанд, ки фармон аз болост. Дигар ин ки Эмомалӣ Раҳмонро шурӯъ аз шаҳрвандони кишвар, то ҷомеаи ҷаҳонӣ ба унвони як диктатор мешиносанд. Пас, магар ҷоиз аст, ки ба ӯ муроҷиат кард?”
Шӯҳрат идома додааст: “Агар имкони бо падар тамос гирифтан пайдо шавад, бирасонедаш, ки ягон хел нома нанависанд! Ин ҳукумат номаи СММ-ро нодида гирифту акнун номаи як шаҳрванди оддӣ, он ҳам зиндониро ба инобат мегирад? Агар барои ин ҳукумат инсон қадр медошт, бо иттиҳоми дурӯғин бегуноҳонро зиндон намекард.”

Чӣ ҳам бигӯем. Шӯҳрат ҳақ аст.
Валамат Иброҳимзода аз қавли шавҳараш мегӯяд, ки тӯли 6 соли дар зиндон буданашон, 7 бор нома бо исботи бегуноҳияшон навиштаанд. Ин бор худи Омбудсмен Умед Бобозода зимни мулоқот бо маҳбусон ба онҳо таклифи навиштани номаро кардааст. Вале чун ин нома омода шуд, муаллифони онро азобу шиканҷаҳои зиёд пеш омад ва Умедзодаи ваколатдори ҳуқуқи инсон чун ҳарвақта худро ба ноогоҳӣ зад ва садое барои ҳимояи ин маҳбусон дарнаёвард.
Добавить комментарий