Воҳидхон Қосиддинов кист?

Воҳидхон Қосиддинов, сиёсатмадор, фаъоли иҷтимоӣ, раиси шӯъбаи интихоботи ҲНИТ, муовини собиқи раиси ҲНИТ, раиси собиқи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Исфара ва раиси собиқи дастгоҳи ин ҳизб аст. Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломӣ мебошад.

Воҳидхон соли 1956 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар оилаи косиб таваллуд шудаааст. Ӯ шаби 16-уми сентябри соли 2015 аз сӯи кормандони КДАМ дар хонааш дар Исфара боздошт шуд.

Таҳсилот

Воҳидхон Қосиддинов пас аз таҳсилоти ҳамагонӣ, соли 1978 Донишгоҳи педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои шаҳри Душанберо дар риштаи забони англисӣ хатм кардааст.

Ӯ аз соли 1974 то 1994 ба унвони муаллими забони англисӣ дар яке аз мактабҳои миёнаи Исфара фаъолият кардааст. Қосиддинов дар канори таҳсилоти олӣ, омӯзиши улуми диниро аз худ намудааст.

Фаъолияти сиёсӣ

Ӯ соли 1989 ба ҲНИТ пайваст ва аз соли 1999 то 2001 ба ҳайси раиси бахши ин ҳизб дар ноҳияи Исфара фаъолият кардааст.

Воҳидхон солҳои 2001-2003 муовини Дабири кулли ҲНИТ ва аз соли 2003 то 2006 муовини раиси ин ҳизб буда, аз соли 2008 то 2014 ба унвони раиси дастгоҳи ҲНИТ ифои вазифа намудааст.

Қосиддинов аз соли 2014 то замони боздошт раиси шӯъбаи интихоботии ҲНИТ буд.

Боздошт

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли 2015 13 тан аз масъулони аршади Ҳизби Наҳзати Исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи шаҳид Ҳоҷӣ Абдулҳалим Назарзода дар хонааш дар Исфара боздошт карданд; иттиҳоме, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба шиддат онро рад мекунад.

Воҳидхон Қосиддинов донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва форсӣ мебошад.

Созмони Милали Муттаҳид хостори озодии Воҳидхон Қосиддинов ва ҳамроҳонаш шуд

Дар феврали 2020 Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона (The United Nations Working Group on Arbitrary Detention) гузориш кард, ки ҳукумати Тоҷикистон бо боздошти 11 узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз ҷумла Воҳидхон Қосиддинов ӯҳдадориҳои худ дар масъалаи ҳуқуқи инсонро поймол кардааст.

Бино ба гузориши, “хеле рӯшан аст, ки заминаи боздошт ва баъдан зиндонӣ кардани 11 узви ҲНИТ дар асл истифода бурдани онҳо аз ҳаққашон ба озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ будааст.”

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон талаб намудааст, ки афроди зеринро фавран озод ва ба онҳо хасорат пардохт кунад:

1) Сайдумар Ҳусайнӣ;

2) Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад;

3) Зубайдуллоҳи Розиқ;

4) Ҳикматулло Сайфуллозода;

5) Абдуқаҳҳори Давлат;

6) Қиёмиддини Аваз;

7) Раҳматуллоҳи Раҷаб;

8) Воҳидхон Қосиддинов;

9) Муҳаммадшариф Набиев;

10) Абдусамад Ғайратов;

11) Саъдиддини Рустам.

Ҳамчунин, Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Freedom Now ва ҳуқуқдонҳои ширкати байналмилалии ҳуқуқии Hogan Lovell аз ҳукумати Тоҷикистон озодии фаврии онҳоро зимни сиёсӣ унвон кардани он, тақозо намуданд.

Мудири иҷроияи Freedom Now, Маран Тернер (Maran Turner) дар бораи гузориши Гурӯҳи кории СММ дар мавриди парвандаи 11 узви ҲНИТ рӯзи 11 феврали ҳамон сол навишта:

Мо аз хулосаи Гурӯҳи корӣ истиқбол мекунем. Аз замоне, ки ҳукумати Тоҷикистон дар чорчӯби маъракаи густардаи сиёҳ кардани ҳизбҳои сиёсии мухолифини осоишта роҳбарони ҲНИТро дастгир ва зиндонӣ кард, 1600 рӯз гузашт. Идомаи боздошти ин 11 нафар аз ҷониби ҳукумат ҳуқуқи аслии инсонии онҳо, аз ҷумла ҳуқуқашон ба озодии гирдиҳамоиро поймол мекунад. Freedom Now аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, ки фаъолони ҲНИТро билофосила ва бидуни қайду шарт озод кунад.” (Сомонаи Freedom Now ба нақл аз сомонаи Ахбор)

Freedom Now менависад, ҲНИТ соли 1990 ташкил шуда, то соли 2015 бо тақрибан 43 ҳазор узв бузургтарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон ба шумор мерафт ва ин вазият режими ҳокимро тарсонд ва ҳукумат ҷиҳати беобрӯ кардану аз саҳна рондани ҲНИТ иқдом кард.

Freedom Now таъкид мекунад, ки ҳукумат ягон далели даст доштани аъзои ҲНИТ дар кӯшиши табаддулотро наовард, вале наздикони боздоштшудаҳо ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон хабар доданд, ки онҳоро дар боздошт дар инзиво нигоҳ медоштанд ва шиканҷа мекарданд.

Гурӯҳи кории СММ оид ба ҳабсҳои худсарона дар хулосааш аз хабарҳо дар бораи шиканҷа изҳори нигаронии амиқ карда ва ин парвандаро барои идомаи таҳқиқ ба Гузоришгари вижаи СММ оид ба шиканҷа супурдааст.

Аллакай рӯзи 29 сентябри соли 2015 Додгоҳи олии Тоҷикистон бо қарори худ фаъолияти ҲНИТ-ро дар кишвар манъ кард. Баъди чанде ин ҳизбро ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ шомил карданд.

Моҳи феврали соли 2016 Додгоҳи олӣ дар пушти дарҳои баста дар дохили боздоштгоҳи КДАМ муҳокимаи парвандаи роҳбарони боздоштшудаи ҲНИТ-ро оғоз кард.

Freedom Now хабар медиҳад, ки дастикам ду шоҳидро ба додани баёнот ба зидди аъзои боздоштшудаи ҲНИТ маҷбур кардаанд ва яке аз онҳо гуфтааст, ки бо фишори мақомот баёнот додааст.

Бо ин вуҷуд, рӯзи 2 июни соли 2016 Додгоҳи олӣ роҳбарони ҲНИТ-ро ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон – аз 14 сол то ҳабси абад – маҳкум кард. Ду муовини раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит ҳукми умрбод гирифтанд.

Гурӯҳи кории СММ дар гузориши худ таъкид кардааст, ки азбаски ҳуқуқи аслии роҳбарони ҲНИТ поймол шуда буд, “мурофиаи додгоҳӣ набояд доир мешуд”. Созмони Милал дар идома изҳор дошт, ки мурофиае, ки доир шуд, “бо нақзи комили кафолатҳое, ки дар Паймони байналмилалии озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дарҷ гардидаанд, доир карда шудааст.”

Freedom Now ёдовар шудааст, ки моҳи майи соли 2019 дар ҷараёни ошӯби хунин дар маҳбаси Ваҳдат аз ҷониби аъзои ДОИШ дастикам се узви ҲНИТ, аз ҷумла Саттор Каримов кушта шуда, чанд узви дигари ҲНИТ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Муваккилони мо ҳамчунон аз шароити риққатбор дар зиндонҳои Тоҷикистон, ки ҳаёти онҳоро зери хатари бузурги маъюбшавӣ ва марг мегузорад, азоб мекашанд”, — мегӯяд Марк Готтриҷ (Marc Gottridge), шарики ширкати ҳуқуқии Hogan Lovells — “Созмони Милал рӯи сабабҳои рӯшани башарӣ ва ҳуқуқие таъкид кардааст, ки чаро ҳукумати Тоҷикистон бояд билофосила аъзои ҲНИТ-ро аз зиндон озод кунад? Мо ба таври қотеона аз ҳукумат даъват мекунем, ки ин қарорро иҷро кунад”. (Ба нақл аз сомонаи Freedom Now ба нақл аз сомонаи Ахбор)

Истиқболи КШНГЗ аз талаби Гурӯҳи кории СММ

Дар 12 феврали 2020 Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШГНЗ) аз талаби ахири Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон мабнӣ бар озодсозии фаврии 11 узви Раёсати Олии ҲНИТ истиқбол мекунад ва умедвор аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба талаби ин ниҳоди байналмилалӣ посухи мусбат дода, зиндониёни сиёсиро фавран озод намояд.

КШГНЗ аз ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин талаб менамояд, ки илова бар ин 11 нафар, дигар зиндониёни сиёсӣ аз ҷумла Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва Муҳаммадалӣ Ҳаитро, ки СММ қаблан озодии онҳоро низ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб намуда буд, фавран озод созад.

КШНГЗ бо дар назар гирифтани ин ҳақиқати талх, ки ҳукумати Тоҷикистон қаблан ба талаби СММ ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ дар бораи озодии зиндониёни сиёсӣ таваҷҷӯҳ накарда буд, аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ва низ кишварҳои таъсиргузор қотеъона дархост мекунад, ки танҳо ба тавсия басанда накарда, тасмимҳои ҳатмӣ дар ин замина бигиранд; тасмимҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон натавонад рад намояд.

Дар идомаи баёнияи КШНГЗ омада, ин кумита бар ин бовар аст, ки барои озодии зиндониёни сиёсӣ дар кишвари мо қабл аз СММ ва ниҳодҳои байналмилалӣ, бояд худи шаҳрвандони азизи Тоҷикистон даст ба кор шаванд ва бо шикастани деворҳои тарсу ҳарос, қотеъона аз ҳукумат бихоҳанд зиндонҳои Тоҷикистонро аз зиндониёни сиёсӣ холӣ созад.

#Ҳафтаи_Воҳидхон_Қосиддинов

#Озодӣ_барои_Воҳидхон_Қосиддинов

#Свободу_Вохидхону_Косиддинову

#Free_Vohidkhon_Kosidinov

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: