Баёнияи КШНГЗС оид ба боздошт, истирдод ва маҳкум кардани Чоршанбиев

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёнии сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни шадидан маҳкум кардани боздошти размкори муҳорибаҳои бидуни қоида (ММА), Чоршанбе Чоршанбиев дар шаҳри Маскави Русия ва сипас истирдоди ӯ ба Тоҷикистон ва маҳкум кардани вай ба иттиҳомҳои беасос, ин иқдомро хилофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки ҳам дар қонунҳои мавҷуд дар Русия ба он ишора шуда ва ҳам қонунҳои ҷории Тоҷикистон ба онҳо тасреҳ кардааст дониста, аз мақомоти Тоҷикистон дархост мекунад, фавран ӯро озод ва ба хотири ин амали ғайриқонунӣ аз вай узр бихоҳанд.

Гуфтанист, Чоршанбе Чоршанбиев тавассути мақомоти интизомии Русия ва Тоҷикистон аз шаҳри Маскави Русия ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Субҳи 30-юми декабри соли 2021 ӯро дар Фурудгоҳи Душанбе афроди низомипӯш гирифтаанд.

Бар пояи гузориши Радиои Озодӣ, Додситони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Чоршанбиевро бо моддаҳои 189 (Барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ) ва 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ) муттаҳам кардааст. Аз рӯи ин ду иттиҳом, ӯро то ҳашт сол зиндон таҳдид мекунад.

КШНГЗС иттиҳомҳои номбурдаро нисбат ба ин варзишкори тоҷик беасос ва сохта медонад ва аз ин рӯ боздошт ва истирдоди вай ба Тоҷикистон ва сипас маҳкум кардани ӯ ба иттиҳомҳои мазкурро сиёсӣ мешумурад.

КШНГЗС бар ин бовар аст, ки Чоршанбе Чоршанбиев ҳаргиз амале, ки таҳти ин ду моддаи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шавандро муртакиб нашудааст. Бале, ӯ алайҳи сиёсатҳои ҳукумати феълии Тоҷикистон интиқодҳое дошта ва ошкорашон сохтааст. Вале интиқодҳои Чоршанбиев ҳаргиз “барагехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ” ва фаъолияташ “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ” шумурда намешаванд.

Бинобар ин, КШНГЗС зимни ба шиддат маҳкум кардани боздошти ин размкори тоҷик ва сипас истирдоди вай ба Тоҷикистон ва маҳкум карданаш ба иттиҳомҳои беасос, ин иқдомро хилофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки ҳам дар қонунҳои мавҷуд дар Русия ба он ишора шуда ва ҳам қонунҳои ҷории Тоҷикистон ба онҳо тасреҳ кардааст дониста, аз мақомоти Тоҷикистон дархост мекунад, фавран ӯро озод ва ба хотири ин амали ғайриқонунӣ аз вай узр бихоҳанд.

КШНГЗС ҳамчунин бо хитоб ба мақомоти баландпояи Федератсияи Русия, аз онҳо мехоҳад, иқдомҳои ғайриқонунии мақомоти интизомии ин кишвар ва ҳамкориашон бо мақомоти амниятӣ ва интизомии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мабнӣ бар боздошт ва истирдоди мунтақидони тоҷик амиқан арзёбӣ кунанд ва бибинанд, оё ин иқдомҳо ба суди ҳамкориҳои миллатҳои ду кишвари бародар ва шарикони стратегӣ ҳастанд ё нестанд?

Ин барои чандумин бор аст, ки мақомоти амниятӣ ва интизомии Русия зимни ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ, мунтақидон ва мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистонро дар Русия боздошт ва истирдодашон мекунанд. КШНГЗС ин амали мақомоти интизомии Русияро ба суди ин кишвар намедонад.

КШНГЗС инчунин аз ҳамаи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари дохил ва хориҷи Тоҷикистон тақозо мекунад, барои озодии ин вазишкори тоҷик ва низ такрор нашудани ин иқдомҳои ғайриқонунӣ тамоми талоши худро ба харҷ диҳанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёнии сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

4 январи 2022

Варшава, Поланд

Баёнияи КШНГЗС оид ба боздошт, истирдод ва маҳкум кардани Чоршанбиев: Один комментарий

Добавьте свой

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: