Баёнияи КШНГЗС роҷеъ ба боздошти фаъоли “Гурӯҳи-24”, Насим Шарипов

Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) огоҳ гардид, ки яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон, узви фаъоли “Гурӯҳи-24”, Насим Шарипов, ки айни замон дар Туркия ба ҳайси паноҳанда зиндагӣ мекунад, аз ҷониби пулиси Туркия боздошт шудааст.

Номбурда аз соли 2015 дар Туркия кору фаъолият мекунад. Ӯро соли 2018 ва соли 2020 низ дар Туркия боздошт намуда буданд, аммо чун далели гунаҳкор буданашро пайдо накарда буданд, ӯро озод намуданд.

Инак, Насим Шарипов 30-уми декабри соли 2021 бори сеюм аз тарафи мақомоти интизомии кишвари Туркия боздошт мешавад.

Дар ду боздошти қаблӣ, бегуноҳии Насим Шарипов ва ба фаъолияти сиёсӣ рабт доштани боздошташро вакили дифоъаш собит намуда буд. Ба гуфтаи вакили дифоъ, боздошти Насим ба талаби мақомоти Тоҷикистон сурат гирифта, ки дар сурати бозгардондани вай – ва куллан мухолифон — ба Тоҷикистон, ӯро ба мӯҳлатҳои зиёд зиндонӣ ва мавриди шиканҷа қарор мегирифт.

Ин бор низ мисли гузашта, бо гузашти чанд рӯз аз боздошти вай, мақомоти интизомии туркӣ далели мушаххасе оид ба боздошти Насим Шарипов дар даст надоранд.

Мақомоти Туркия бояд дар назар бигиранд, ки иттиҳоме, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба мухолифон часпонда мешавад, сохтаву бофтаи ҳукумати хонаводагӣ мебошад, ки тавассути домоди президент Раҳмон, ки дар кишвари Туркия сафир мебошад, пиёда мешавад.

Аз ин рӯ, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), ки қатли бераҳмонаи раҳбар ва поягузори “Гурӯҳи-24”, Умаралӣ Қувватов дар Туркияро кори дасти ҳукумати Раҳмон медонад, мӯътақид аст, Туркия шахсеро, ки мақоми паноҳандагии ин кишварро дошт ва фаъоли сиёсӣ буданаш маълум буд, бо талабу дархости Тоҷикистон боздошт кардааст.

Вақте, ки дасти мақомоти Тоҷикистон ба Туркия расиду мухолифашро ба қатл расонд, дар сурати истирдоди Насим Шарипов ба Тоҷикистон низ ӯро сарнавиште бадтар аз он интизор аст.

Ҳукумате, ки тавонист Умаралӣ Қувватовро дар пеши назари фарзандони кӯчакаш ба қатл расонад, баъид нест нисбат ба Насим Шарипов низ ҷинояте аз он ҳам сангинтар раво бибинад.

Ва ин дар ҳолест, ки тибқи конвенсияи Женева, шахсе, ки дархости паноҳандагии сиёсӣ аз кишвареро менамояд, комилан зери ҳимояи он кишвар бояд қарор бигирад.

Боиси нигаронист, мақомоти Туркия, ки бо парвандаи Насим Шарипов хеле хуб ошно ҳастанд, боз ҳам ба дархости тарафи Тоҷикистон ин боздоштро анҷом медиҳанд.

Оё ин амал Туркияро аз он ҷо, ки ин кишвар узви Конвенсияи Женева аст, назди дигар кишварҳо сархам намекунад?

Аз ин рӯ, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз тамоми созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, бахусус Авфи Байналмилал (Amnesty International) ва корпусҳои дипломатии муқими Туркия, Саридораи Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон (UNHCR) ва низ Парлумони Аврупо тақозо менамояд, ки бо дахолат дар ин масъала, нагузоранд Насим Шарипов ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

4 январи 2022

Варшава, Поланд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: