Профессор Олег Панфилов, рӯзноманигор, нависанда ва ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсон, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Салим Султонзода, узви фаъоли Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), бо таъкид бар ин ки “ҷомеаи мадании шоиста он ҷомеаи мадание аст, ки қонунро бишиносад ва мақомоти худро водор ба риояи он кунад”, баён дошт: “Ҳадафи аслии КШНГЗС на танҳо интишори иттилоот, балки маърифатнок кардани мардум аст. Мардум вақте қонунро омӯхт, маърифати ҳуқуқияш боло меравад. Ин нукта дар Қонуни Асосӣ навишта шудааст. Қудрати аслӣ ҳам дар давлат мардум аст. Бинобар ин, мардум бояд ин қудратро бишиносанд ва битавонанд аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд.
Дар зер машрӯҳи ин гуфтугӯ оварда мешавад:
— Ҷаноби Панфилов, шумо фаъолияти КШНГЗС-ро дар маҷмӯъ чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Албатта, мо дар канори натиҷаҳои мусбати фаъолият натиҷаҳои манфӣ ҳам доштем. Ба назари шумо, барои хубтар ба роҳ мондани фаъолият чӣ бояд кард?
— Ин орзуи 29 сол пеши ман буд. Вақте ки дар Лаҳистон донишгоҳи байналмилалии хуқуқи инсонро хатм намудам, ба Тоҷикистон баргаштам ва нияти дар Тоҷикистон таъсис додани созмони ҳукуқӣ, чизе монанд ба Кумитаи Хелсинкиро доштам. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ ба ин халал расонд. Ман ва дӯстони бисёрам он вақт маҷбур шуда будем, ки Тоҷикистонро тарк кунем.

Он чизе, ки имрӯз кумитаи шумо берун аз Тоҷикистон мекунад, хеле муҳим ва зарурӣ аст. Хеле мутаассифам, ки тамоми созмонҳои ҳуқуқии Тоҷикистон зери контроли сахт қарор доранд ва фаъолияташон таъсиргузор нест. Албатта, ин нигоҳи банда аст. Бибинед, онҳо аз гирифтани кӯмаки молӣ (грантҳо) хушҳол ҳастанд. Ҳукумат онҳоро эҳсос намекунад, онҳо вонамуд мекунанд, ки кор мекунанд. Ҳукумат ҳам ба онҳо барои он кордор намешавад, ки чунин раванди кор барои тасвири як диктотурӣ муфидтар аст. Дар воқеъ, онҳо коре барои тағйири вазъият анҷом намедиҳанд.
Дар бораи худи фаъолияти КШНГЗС бошад, назарам ин аст, ки шумо ниёз ба таҷриба, омӯхтан ва корҳои ҳифозат аз қонун доред. Бояд бештар омӯзед, таҷриба андӯзед. Аммо муҳимтарин кореро, ки КШНГЗС дар ҳоли ҳозир анҷом медиҳад ва шоистагии анҷоми онро дорад, ин ҷамъоварии иттилоот дар бораи афроде аст, ки таҳти таъқиб қарор доранд ё боздошт шудаву равонаи зиндон шудаанд.

— Ба назари шумо вазъияти кунунии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон чӣ гуна аст? Чуноне ки маълум аст, чанде пеш сафари Раҳмон ба Аврупо; ба Брюсселу Порис ва сафари мақомоти баландпояи Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон сурат гирифт. Аммо ҳамон тавр ки дар ин боздидҳо мушаххас шуд, мушкили ҳуқуқи инсон мавриди баҳс қарор нагирифт. Ба назари шумо, чаро чунин иттифоқ афтод? Пештар Иттиҳодияи Аврупо ба ин масъала то ҳадде таваҷҷӯҳ дошт, аммо ин охирҳо ҳама чашмҳои худро гӯё баста буданд ва ин мавзӯъ дар болотарин сатҳ мавриди баҳс қарор нагирифт?
— Як нуктаи бисёр муҳимро бояд аз мадди назар дур насохт. Созмонҳои байналмилалӣ ё мақомоти дигар кишварҳо, дар умури дохилии дигар давлат, агар он диктотурӣ ҳам бошад, дахолат намекунанд, то модоме ки ҷомеаи мадании он кишвар худ шакл нагирад ва фаъолияти худро ба роҳ намонад. Ин ки созмонҳои байналмилалӣ дар қазияи Тоҷикистон хомӯширо ихтиёр кардаанд, нахуст аз фаъолияти бади созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дарак медиҳад. Маълум аст, ки созмонҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон таҳти контроли шадиди мақомоти тоҷик қарор доранд. Аммо ва баъд фаъолияти на он қадар назарраси иттилоотрасонии КШНГЗС барои ҳимоя аз зиндониёни сиёсӣ ба ин мисол шуда метавонад, зеро аслитарин чиз дар фаъолияти як созмони ҳуқуқи башарӣ интишор ва паҳн кардани ҳаррӯзаи ахбор аст. КШНГЗС бояд ҳар рӯз иттилоотеро дар қолаби баёния, дархост, пресс-релиз мунташир бикунад. Агар ҳар рӯз мушкилеро ба гӯши ҷомеаи ҷаҳонӣ расондед, дар ин сурат созмонҳо ва кишварҳо шояд ба он таваҷҷӯҳ бикунанд.
Ва як нуктаи муҳимми дигар, ки ба назари ман бояд ба инобат гирифта шавад, интишори иттилоот ба забонҳои мавриди истифодаи ҷаҳонӣ, яъне байналмилалӣ аст. Ин вақт ки КШНГЗС иттилоотро ба забони русӣ мунташир мекунад, хеле ҳам кори бемаънӣ аст, зеро мақомоти Русия ва соири кишварҳое, ки аз забони русӣ истифода мекунанд, аз диктотурӣ ҳимоят мекунанд ва ба кори шумо таваҷҷӯҳ намекунанд.
— Ба назар мерасад, ҷомеаи Тоҷикистон ба поймол шудани ҳуқуқи худ ва хуқуқи дигарон ва мушкили зиндониёни сиёсӣ чандон таваҷҷӯҳ намекунад. Ба назари шумо, чӣ коре ва чӣ гуна бояд анҷом диҳем, то худи ҷомеа шурӯъ ба талаби риояи ҳуқуқи худ кунад?
— Мутаассифона, ин вазъият дар ҳамаи кишварҳои тоталитарӣ, диктотурӣ аст. Ҷое, ки давлат комилан ҳама чизро назорат мекунад ва ҳатто бештар аз он ки Тоҷикистон ҷанги ваҳшатнокеро пушти сар гузоштааст, мардум метарсанд, ки барои дифоъ аз касе садо баланд кунанд. Бояд бигӯям, ки барои ислоҳи вазъият фақат як роҳ вуҷуд дорад. Ин омӯхтан ва дониш андӯхтан аст. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрванд. Яъне муҳимтарин чизе, ки бояд барои мардум тавзеҳ дода шавад ин аст, ки қонун чист? Чӣ гуна кор мекунад ва чӣ гуна бояд риояи ин қонунро талаб кард? Ин танҳо роҳи хуб аст. Ҳар чизи дигаре ба монанди инқилоб ё даргирӣ ифротгароӣ аст.

Ҷомеаи мадании шоиста он ҷомеаи мадание аст, ки қонунро бишиносад ва мақомоти худро водор ба риояи он кунад. Аз он ҷое, ки мардум ё саводи хуқуқӣ надоранд ё маърифаташон нисбат ба он кам аст, масъулон аз ин суистифода мекунанд ва ба ҳамин далел чунин вазъият эъҷод шудааст. Бинобар ин, ҳадафи аслии КШНГЗС на танҳо интишори иттилоот, балки маърифатнок кардани мардум аст. Мардум вақте қонунро омӯхт, маърифати ҳуқуқияш боло меравад. Ин нукта дар Қонуни асосии давлат навишта шудааст. Қудрати аслӣ ҳам дар давлат мардум аст. Бинобар ин, мардум бояд ин қудратро бишиносанд ва битавонанд аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд.
— Саломат бошед!
Добавить комментарий