Аз бадхоҳ некӣ намеояд

Муҳаммадсаид Ризоӣ

Ба муносибати Ҳафтаи Воҳидхон Қосиддинов

Бисмиллоҳир раҳманир раҳим

“Диёри ёрони Худо”. Ин тавсифро Устод Нурӣ (р) дар дидор аз деҳаи Чоркӯҳ ва аз мардуми шарофатманди он, дар даврони фаъолияти Комиссиюни Оштии Миллӣ кардааст. Чоркӯҳ дар ноҳияи Исфара ҷой дорад. Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, дар диндорӣ ва шариатдӯстӣ, инсоннавозиву мусулмондустдорӣ пешқадам буд.

Албатта, ҳамаи минтақаҳои кишвари мо дар пойбандӣ ба Ислом ва иҷрои аҳкоми илоҳӣ, мақоми хоссеро доранд. Деҳаи Чоркӯҳ бо мардуми шариф ва ороста бо ахлоқи исломӣ ва инсонӣ, дар ин росто пешсаф ва камназир аст.

Дар ин диёр марду зан, пиру ҷавон ҳама ва ҳама бидуни истисно дар эҳтирому хидмат ба дин, аҳли илм, шариату тариқат, фарҳанг ва таблиғи маорифи олии Ислом пешсафанд. Ин деҳа дар кул намунаи олии ахлоқӣ, инсонӣ ва диндорӣ ва одамгариро мемонад.

Воҳидхон Қосиддинов аз ин диёр — диёри ёрони Худост. Ӯ аз Ислом ва маорифи фиқҳӣ, таърих, сират ва ахлоқиву адабии он хуб огоҳӣ дорад ва ба забони арабӣ ҳам ошност. Ӯ забонҳои англисӣ, русӣ ва форсиро низ хуб медонад. Болотар аз он, ӯ тақводор, хоксор, инсондӯст ва шахсест, ки миллат ва кишвари худро дӯст дорад ва азизашон медонад.

Вақте бори аввал ба ин диёр меҳмон шудаму шабро дар манзилашон гузарондам, аз ҳадди таваққӯъ бештар шефтаи тавозӯъ, ахлоқ, меҳмоннавозӣ ва хидматгузории аҳли илму дин ва шахсиятҳои мазҳабӣ аз тарафи ин хонадон ва ҳамдеҳагони шарифашон шудам.

Ин марди шариф ба хотири хидматҳои шоёнаш ба маркази ҳизб ба пойтахт даъват шуда, ба ҳайси раиси дастгоҳи роҳбари ҳизб, ҳамчунин муовини раис ва ба ҳайси роҳбари чандин шӯъбаҳо фаъолият кард, ки дар якҷоягӣ кору фаъолият намудем. Ва ин буд, ки бо ӯ ва шахсияти олияш бештар ошноӣ ҳосил кардам. Ва бе муболиға мегӯям, ки банда аз доштани чунин бародар ифтихор мекунам.

Воҳидхон бо ин ҳама бузургиворияш, имрӯз мазлумона ва бо тӯҳматҳои боварнакарданӣ пушти паҷараи зиндон қарор дорад.

Иштибоҳ нест вақте бигӯям, аз ин диёр — диёри ёрони Худо, шахсиятҳои хайрандеш ва некхоҳ ба Миллату Ватан аз аъзоёни ҲНИТ бештар ба ҳабс гирифта шудаанд. Барои як ҳаракати исломӣ ва созмони озодандешу адолатхоҳ, аз даст додани шахсиятҳои фидокораш ба зоҳир шикаст менамояд, вале дар асл сарфарозӣ аст. Ин гувоҳи озодихоҳӣ ва талошу аз худгузарии он аст дар роҳи ба даст овардани ҳадафи олӣ, волоияти қонун ва татбиқи адолат.

Паси панҷара қарор додани Воҳидхон Қосиддинов ва афроде монанди ӯ — мутадайин, озодандеш, адолатхоҳ, боинсоф, ватандӯсту миллатпарвар ва хайрхоҳу накӯкор, ғамхор барои кишвару мардуми худ гувоҳ бар он аст, ки Президент, Ҳукумат ва мақомоти бесалоҳияти он, гурӯҳи муташаккил аз ҷинояткоронанд; динзудо, диктотур, золим, дур аз инсофу одамгарӣ, дузду ғоратгар, ватанвайронкун ва бераҳм нисбат ба кишвар ва мардум.

Вақте беҳтаринҳо ва донишмандонро аз байн мебаранд ё дар зиндон нигоҳ медоранд; озодандешону манфиатхоҳони ватану миллатро аз Ватан берун меронанд, онҳо аз ин ашхос нестанд, балки душман ва бадбин ба онҳоянд. Онҳо бадхоҳонеанд, ки некӣ аз онҳо дида намешавад.

Аллоҳи Тавоно барои бародарам сабру субот ва истиқомати бар ҳақро насиб ва ҳар чӣ сареътар раҳоиро ба ӯ ва дигар маҳбусин рӯзӣ кунад!

Аз тавонмандии Худои Тавоно ва ҳиммати мардуми шарифу боғайрати худ умед дорам ба зулми золимон хотима диҳанд ва золимонро ба сазои аъмоли худ расонанд. Ватанро озод, мардумро хушбахт ва саодатманд гардонанд!

Фейсбук

#Ҳафтаи_Воҳидхон_Қосиддинов

#Озодӣ_барои_Воҳидхон_Қосиддинов

#Свободу_Вохидхону_Косиддинову

#Free_Vohidkhon_Kosidinov

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: