Иззат Амон кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Иззат Амон

Иззатулло Холов маъруф ба Иззат Амон, 20 апрели соли 1973 дар ҷамоати деҳоти Чоряккорони деҳаи Зафар (Горбаня)-и ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон зода шудааст. Вай соли 1990 мактаби миёнаро хатм ва дар соли 1997 фориғуттаҳсили бахши иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Иззат Амон ҳамчунин фориғуттаҳсили Донишгоҳи Фирдавсии Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон буда ва низ дар соли 2009 Академияи дипломатии назди Вазорати умури хориҷаи Русия ва дар соли 2013 аспирантураи Академияи хидмати давлатии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Русияро хатм кардааст.

Вай аз солҳои 2000-ум дар шаҳри Маскави Русия кору зиндагӣ ва шаҳрвандии ин кишварро доро буд.

Иззат Амон солҳои ахир ҳамчун вакили мудофеъ ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав кор мекард. Ӯ раиси “Маркази тоҷикон” дар Русия ба шумор меравад. Иззат Амон дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирон ва мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқи инсонро ба баҳс мегирифт.

Вай дар сентябри 2018 ҳамчун намояндаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар нишасти солонаи ОБСЕ дар Варшаваи Лаҳистон (Полша) ширкат намудааст. Дар октябри 2018, Иззат Амон дар як номаи саркушода ба унвони вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, хабар дод, ки баъди ширкати ӯ дар нишасти ОБСЕ дар Варшава, аъзои хонаводаи ӯ аз ҷумла модари 80-солаашро ба Вазорати корҳои дохила даъват ва мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Дар аввалҳои 2019 дар Тоҷикистон алайҳи ӯ парванда ба иттиҳоми “экстремизм” ба хотири паёми видеоии ӯ дар маҳкумияти манъи сатр дар Тоҷикистон, ки ба сурати васеъ дар YouTube маъруф гардид, кушода шуд.

Маъмурони пулис дар Маскав Иззат Амонро дар 25-уми марти 2021 ба иттиҳоми “фаъолияти ғайриқонунӣ” боздошт карданд.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, Иззат Амон дар наворе, ки зоҳиран пештар сабт шудаву шоми 25-уми марти 2021 дар YouTube гузошта шуд, гуфтааст, аз соли 1996 шаҳрвандии Русияро дорад, вале чанд рӯз пеш шиносномаи ӯро бекор карданд.

Вай дар ин навор бо муроҷиат ба раисиҷумҳури Русия гуфтааст: “Вақте ин наворро мебинед, маънои онро дорад, ки аллакай дар ҳудуди Русия нестам. Маро ба Тоҷикистон мебаранд, то барои танқидҳоям аз кори мақомот зиндонӣ кунанд. Аз Шумо мехоҳам, ёрӣ кунед, то маро ба ҳудуди Русия баргардонанд ва шаҳрвандиямро барқарор кунанд.”

Ӯ гуфтааст, танқидҳояш аз беамалии сафорату консулгарии Тоҷикистон ва ташкили маркази кӯмак ба муҳоҷирон ба мақомот хуш наомадааст. “Ним сол боз маро таъқиб мекарданд, ки ба куҷо меравам, чӣ кор мекунам ва бо кӣ мулоқот дорам”, — афзудааст ӯ.

Иззат Амон дар ин кор мақомоти Тоҷикистон ва баъзе аз маъмурони хадамоти махсуси Русияро муттаҳам карда, аз муомила ва “пули калон” гуфтааст.

Аз он пеш, моҳи октябри соли 2020, мақомоти интизомии Маскав дафтари “Маркази тоҷикон”-ро ба баҳонаи “ҷустуҷӯи адабиёти ифротгароёна” тафтиш карда буданд. Иззат Амон он вақт гуфта буд, зоҳиран ин як ҳушдор ба ӯ дар бораи фаъолиятҳояш дар мавриди ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон аст, ки ба ҳукумати Русия ва Тоҷикистон хуш намеояд.

Дар октябри 2021 дар Тоҷикистон Иззат Амонро бо гуноҳи “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” ба 9 сол зиндон маҳкум карданд. Намояндаи додситонӣ барои ӯ 9 сол ҳабс талаб карда буд. Вакилони мудофеаш бовар доштанд, қонуни афв нисбат ба ӯ татбиқ мешавад. Пайвандонаш низ гуфта буданд, пули даъвогаронро супурдаанд.

Мо ҳайронем, ки чаро афв накарданд. Барои ҳамин, шикоят мекунем. Ҳукм ғайриқонунӣ аст ва ба ягон қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ рост намеояд. Мо шикоят мекунем. Аллакай ҳамин рӯз шикоятро бурда месупорам,” — афзуд вакили мудофеъ Саидбурҳон Шарифов ба Радиои Озодӣ.

Пайвандони Иззат Амон ҳукми додгоҳро “ноодилона” хонда, мегӯянд, додситон ва додрас қонуни афвро ба назар нагирифтанд. Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, рӯзи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, суоли асосии онҳо дар додгоҳ беҷавоб монд.

Суоли мо ин буд, ки чаро қонуни афв татбиқ нашуд? Ҳамаи зарарҳо барқарор шуда буд, ягон парвандаи дигар нест, барои чӣ қонуни афв татбиқ нашуд? Аз ин ноадаолатии суд дар ҳайрат мондем”, — гуфт писари Иззат Амон.

Холов ҳамчунин гуфт, падараш ҳангоми сухани охир дар додгоҳ гуфтааст, то ҳадди имкон ба муҳоҷирон кӯмак кардааст ва мехоҳад, ӯро озод кунанд. Ба нақли писари Иззат Амон, аҳволи падараш пеш аз эълони ҳукм хуб буд, “вале вақте додрас 9 сол ҷазо таъин кард, худашро гум кард ва ҳайратзада шуд.”

Гуфтанист, Иззат Амон бар асоси даъвои чанд нафар дастгиршуда, ба қаллобӣ гунаҳкор шудааст. Наздиконаш даъвоҳоро бепоя медонанд, вале гуфтанд, ба хотири раҳоии ӯ пули даъвогаронро супурданд. Ҷонибдоронаш бовар доранд, боздошту ҳукми Иззат Амон дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.

#Ҳафтаи_Иззат_Амон

#Озодӣ_барои_Иззат_Амон

#Свободу_Иззату_Амону

#Free_Izzat_Amon

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: