Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), бо баёни ин ки “ҳамаи фаъолияту заҳматҳои аъзоёни Кумита холис аз барои Худо буд ва касе ягон маротиба аз ягон ҷой ягон кӯмак ва маош нагирифтанд” гуфт: “Аз ҳамаи азизони Кумита эҳтиромона хоҳиш ва илтиҷо мекунам, ки ҳеч вақт нагузоранд, ки Кумита лаҳзае фаъолияти худро мутаваққиф кунад.”
Имрӯз (09.01.2022) нишасти солонаи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо ширкати ҳудуди 90 нафар аз аъзо ва меҳмонон баргузор гардид. Дар ин нишаст, ки шуморе ҳам аз тариқи шабакаи маҷозии ZOOM дар он ширкат карданд, дар ибтидо раиси КШНГЗС гузорише аз фаъолияти ин ниҳод дар соли 2021 барои ҳозирон ироа фармуда ва истеъфои худро эълом кард. Гуфтанист, тибқи низомномаи КШНГЗС, раиси ин ниҳод барои як сол ба сурати раъдиҳӣ аз сӯи аъзои он интихоб мешавад.
Пас аз матраҳ шудани назарҳо ва мулоҳизаҳо аз сӯи ширкаткунандаҳо, интихоби раиси ҷадид сурат гирифт ва аксарияти аъзои КШНГЗС Абдусаттор Бобоевро барои як соли дигар интихоб карданд.
Гузориши солонаи раиси КШНГЗС
Абдусаттор Бобоев, раиси КШНГЗС, дар суханронии худ, пас аз ҳамду санои илоҳӣ ва дуруд бар Паёмбари раҳмат ва Олу Асҳобаш ва салому хушомадгӯии ҳозирон ва меҳмонон, баён дошт: “Дар муддати соли сипаришуда, кумита 38 ҷаласа бо ҳузури аксари аъзоёни он баргузор кард, ки ҳама протоколҳо дар бойгони маҳфуз аст.”
Вай афзуд: “Ҳамчунин, кумита 107 нома ба созмонҳои ҳуқуқи башар, ба корпусҳои дипломатии мустақар дар кишвари Тоҷикистон ва ба кишварҳое, ки дар онҳо ҳуқуқ ва каромати инсон поймол намешавад, санадҳо барои дохил шудани муҳоҷирони сиёсӣ, барои қабули паноҳандагӣ дар кишварҳо, бахусус урупоӣ, барои фаъолони сиёсии боздоштшуда дар кишварҳо, бахусус дар кишварҳои пасошӯравӣ фиристод, ки аксари ин номаҳо натиҷаҳои мусбат доштанд.”
Бобоев бо ишора ба ин ки “дар аввали сол, кумита як низомномаи корӣ тартиб дод ва дар он, сохтори кумита ва барномаи яксолаи кории аъзоёни КШНГЗС-ро мушаххас кард”, сохтори ин ниҳодро ба шарҳи зерин тавзеҳ дод: “Сохтори КШНГЗС иборат аст аз:
1- сухангӯ ва нозири иҷрои қарорҳои қабулшуда;
2- дабирхона;
3- сойт ва расона;
4- ҳуқуқ ва равобит;
5- котибот;
6- тафтишот.”
Вай идома дод: “Дар аввали сол, дар моҳи январ корро шурӯъ кардем; аз қазияи боздошти узви ҲНИТ мӯйсафеди 82-сола Набиев Дониёл (машҳур ба Бобои Дона). Ба ҳамаи созмонҳои ҳуқуқи башар ва корпусҳои дипломатии фаъол дар Тоҷикистон ба забонҳои мухталиф нома навишта, барои озодии ин мӯйсафед кӯмак талаб кардем. Ролик, флешмоб, ҳештек ва мусоҳабаҳо анҷом дода, дар расонаҳо пахш кардем. Бо ташаббуси коршинос ва рӯзноманигори шинохта, Олег Панфилов, петитсия ба забонҳои мухталиф ба роҳ монда шуд ва аз ҷониби мардум дастгирӣ ёфт. Хулоса, то рӯзи озодии Бобои Дона КШНГЗС ором набуд ва ҳамаи аъзоён сидқан дар ин қазия фаъолият карданд ва билохара Бобои Дона озод шуд.”
Абдусаттор Бобоев дар идомаи суханони худ, бо баёни ин ки “дар қазияи муовини раиси ҲСДТ, Маҳмурод Одинаев, аъзои гурӯҳи-24, Раҳматҷони Маҳмадҷон, фаъоли сиёсӣ ва ҳомии муҳоҷирон дар ФР, Иззат Амон, модари фаъоли сиёсӣ, Фарҳод Худоёров ва чандин нафарони дигар талош кардем, ки ҳоҷат ба номи ҳамаро овардан нест”, афзуд: “Ин афрод аз тарафи режим боздошт ва бо дигар мушкилот мувоҷеҳ шуданд. Кумита ҳамаи чораҳоро андешид ва дунёро аз ҷиноёти режими Раҳмон ва зулми мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ҷараён гузошт.”
Бобоев дар идома бо ишора ба қазияи зиндониёни сиёсӣ, Зубайдуллоҳи Розиқ ва Раҳматуллоҳи Раҷаб, ки баъди номаи шикоятӣ ба раисиҷумҳур ба утоқи ҷаримавӣ интиқол шуда буданд, хотирнишон сохт: “Ин кор аз тарафи Кумита таҳқиқ шуда, нома ба ҳамаи созмонҳо фиристода шуд, дар расонаҳо паҳн ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб кардем, ки ба ҳар роҳу васила Раҳмонро аз чунин ваҳшоният боздоранд.”
Вай афзуд: “Замони сафари Раҳмон ба Фаронса, дарҳол ба роҳбари Иттиҳодияи Аврупо ва ба раисиҷумҳури Фаронса, Макрон нома ирсол карда, пазироӣ аз диктаторро маҳкум кардем. Ҳамчунин як хронология аз тариқи навор аз сафар то сафари Раҳмон тавассути М.Садриддин таҳия шуд, ки дар он, ҷиноятҳои содиркардаи Раҳмон дар муддати сафари қаблӣ то сафари баъдӣ оварда ва ба забонҳои фаронсавӣ, ингилисӣ, тоҷикӣ ва русӣ нашр шуданд.”
Раиси КШНГЗС дар идома бо ишора ба суханронии Раҳмон, ки гуфта буд, “ба сиёсат даст назанед, ки муҷозот мешавед”, баён дошт: “Ин суханронӣ ба забонҳои русӣ, инглисӣ, туркӣ, арабӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва поландӣ тарҷума шуда, ҳамаҷо паҳн шуд.”
Бобоев дар идома бо ишора ба хонаводаҳои паноҳгирифта гуфт: “Шаш оила, аниқтараш ҳамсар ва фарзандони фаъолони сиёсии дар кишварҳои Аврупо буда, ки аз тариқи қочоқ аз марзи Белорус ба кишвари Поланд ворид шуда буданд ва аз тарафи Хадамоти марзбонӣ дастгир ва зиндонӣ шуда буданд, бо вакилони дифоъ таъмин шуда ва то имрӯз чор нафарашон озод шуда, се нафарашон ба Олмон назди шавҳаронашон интиқол дода шуданд ва як нафари дигараш дар Поланд назди шавҳараш қарор гирифт, ки саҳми Кумита дар озодиашон назаррас буд.”
Раиси КШНГЗС дар идома гуфт: “Яке аз фаъолони сиёсӣ дар яке аз кишварҳои пасошӯравӣ бо дархости режими Душанбе боздошт ва зиндонӣ шуда буд, бино бар сабаби бехатарӣ исмашро инҷо намебарам, ки бо ташаббуси Устод Варқӣ ва Мавҷуда Бону бо ду вакили дифоъ таъмин шуда, ба озодӣ баромад, ки бо мо дар тамос аст ва ҳамеша аз дӯстон ташаккур мекунад.”
Абдусаттор Бобоев дар идома бо ишора ба маҷаллаи КШНГЗС хотирнишон кард: “Маҷаллаи солонаи Кумита дар сад саҳфа ва 18 матлаб, ки ҳамаи ҷиноятҳои режим бо факту санадҳои қавӣ ҷамъоварӣ шудааст, ба забони тоҷикӣ таҳия шуда, шакли электронии он ба нашр расид, ки ҳоло дар тарҷумаи русӣ ва ингилисӣ барои чоп шудан омода мешавад. Дар омода шудани ин маҷала аксари аъзоёни Кумита матлаб омода карданд, ки матлабҳо ба шакли тоқ ҳам дар сойти Кумита нашр шуданд.”
Абдусаттор Бобоев ҳамчунин ба қазияи Бадахшон ишора кард ва гуфт: “Дар қазияи охири Бадахшон, Кумита дар расонаҳо фаъол буд. Шахсан худам ба намояндагӣ аз Кумита аз тариқи канали Паймон барномаи сесоата доштам, ки ҳудуди 70 ҳазор бинанда дошт ва дар он аз ҷониби ҳамаи бинандагон ҷиноятҳои режим маҳкум шуданд.”
Вай дар идомаи суханронии худ, ба ташаббуси Кумита барои роҳандозии ҳафтаи зиндониёни сиёсӣ ишора кард ва гуфт: “Ҳар ҳафта барои як нафар ё ду нафар зиндонии сиёсӣ ихтисос дода мешавад ва дӯстон аз тариқи ҳештек, флешмоб ва ёддоштҳо дар расонаҳо матлаб нашр мекунанд.”
Вай афзуд: “Дар канали Зуҳр.ТВ, ки марбут ба худам аст, дар ҳар барнома ҳафтаи зиндонии сиёсӣ эълон мешавад ва ин иқдом аз тарафи зиндониён ва наздиконашон ба хушӣ пазируфта шуда ва ба мо ташаккури худро расонданд. Чанд сафаре доштам ба кишварҳои аврупоӣ; барои ширкат дар парвандаи паноҳҷӯёни сиёсӣ ва ҳимояи онҳо.”
Абдусаттор Бобоев дар идома бо баёни ин ки “як миқдор пул ҳам дар Кумита ҷамъоварӣ шуда буд, ки як миқдораш бо маслиҳати аъзоёни Кумита дар ҷойҳои лозима масраф шуда, боқӣ ҳамааш маҳфуз аст” гуфт: “Омодаам, дар ҷаласаи хусусии Кумита ҳузури дӯстон гузориши муфассал дар бораи он бидиҳам.”
Раиси КШНГЗС дар поёни суханони хеш баён дошт: “Кумита дар кучактарин қазияи ҳамдиёрон, ки аз тарафи режим мавриди таҳқир, тавҳин ва зиндону шиканҷа қарор мегиранд, бетаваҷҷӯҳӣ накарда, ҳамеша аз ҳуқуқи зиндониён ва гаравгонҳо ҳимоя мекунад.”
Вай ҳамчунин бо изҳори ташаккур аз ҳамкории ҳамаи аҳзоб ва ҳаракатҳои сиёсии дар хориҷбуда гуфт: “Аз ҳамаи аъзоёни Кумита, ки дар ин як сол заҳмати холисона кашиданд, ташаккур мекунам, ба хусус аз муовинон Мавҷуда Бону, Абдуллоҳ ака ва Салимҷон, ки дар ҳамаи ҳолат дар кори Кумита фаъол буданд ва дастгирӣ карданд.”
Вай афзуд: “Албатта, ҳарҷо, ки кор аст, онҷо каме ҷанҷолу хотирранҷонӣ ҳаст, агар касеро дар ин мудат ранҷонида бошам, ҳазорон бахшиш мепурсам.”
Абдусаттор Бобоев бо баёни ин ки муддати роҳбарии ӯ дар кумита ба охир мерасад, гуфт: “Ман ва муовинон дар инҷо истеъфои худро эълон медорем ва иншоаллоҳ, ки дар оянда бо роҳбарияти навинтихобшуда ҳамкории худро идома медиҳам ва барои озодии зиндониёни мазлуми бегуноҳ то охирин нафаси ҳаёт талошу мубориза хоҳам бурд.”
Вай афзуд: “Бо итминони комил гуфта метавонам, ки ҳамаи фаъолияту заҳматҳои аъзоёни Кумита холис аз барои Худо буд ва касе ягон маротиба аз ягон ҷой ягон кӯмак ва маош нагирифтанд ва ҳамеша холисона хидмат карданд ва борҳо нисбаташон сахтгирӣ шуд, вале бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, содиқона хидмат карданд ва иброз доштанд, ки дар Кумита будан ва хидмат карданро ифтихор медонанд. Хулоса, аз ҳама розиям ва умедворам, ки аз ман розӣ бошанд! Аз ҳамаи азизони Кумита эҳтиромона хоҳиш ва илтиҷо мекунам, ки ҳеч вақт нагузоранд, ки Кумита лаҳзае фаъолияти худро мутаваққиф кунад ва шояд як каме умеде, ки зиндониёни мазлум ба Кумита дошта бошанд. ноумед нашаванд.”
Добавить комментарий