Ба муносибати Ҳафтаи Мирзоолим Холов
Мирзоолим Одинаевич Холов мутаваллиди 1-уми январи соли 1962 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Ленинобод (Суғди кунунӣ) аст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна, дар соли 1976 дар Омӯзишгоҳи миёнаи касбӣ-техникии рақами 35-и ноҳияи мазкур ворид ва дар соли 1979 аз он фориғуттаҳсил шудааст.
Мирзоолим аз соли 1991 дар колхози Сангинови деҳаи Худгифи Сояи Кӯҳистони Мастчоҳ машғул ва дар соли 1997 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и ноҳияи номбурда ба унвони омӯзгор шурӯъ ба кор намуд. Ӯ то соли 2010 дар ҳамин симат фаъолият кардааст.
Вай аз пешоҳангон ва фаъолони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон шумурда мешавад. Мирзоолим аз соли 2006 то соли 2010 ба унвони муовини раиси бахши ҲНИТ ва аз соли 2010 то замони боздошт (дар соли 2015), ба ҳайси раиси ин ҳизб дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифои вазифа намудааст.

Мирзоолим Холов дар ноҳияи Мастчоҳ фарди шинохтае аст. Ӯ на танҳо ба унвони раис дар ҲНИТ, балки ба ҳайси як омӯзгор, дорои эътибори хоссе дар ҷомеа буд. Ҳамин аст, ки навкарони режим ба ӯ чанд дафъа гуфтанд, ки агар ҲНИТ-ро тарк бикунад, метавонад дорои вазифаҳои баланде дар ҷомеа гардад. Боре барояш пешниҳод шуд, риёсати корҳои фарҳангӣ дар ноҳияро ба ӯҳда бигирад ва боре ҳам Сӯҳроб Охунов, раиси ноҳия, кор дар дастгоҳи иҷроияи ҳукумат дар ноҳияро барояш пешниҳод намуд. Аммо ӯ фаъолият дар ҳизбро вазифаи миҳанӣ ва динии худ ва ба суди мардум ва кишвар медонист ва ҳар бор он пешниҳодҳоро рад мекард.
Мирзоолим ба ҳадде фаъолият дар ҲНИТ-ро муҳим медонист, ки вақте миёни бақо дар муассисаи таҳсилотӣ ба унвони омӯзгор ва миёни идомаи фаъолият дар ҲНИТ дар ихтиёр гузошта шуд, ӯ идомаи фаъолият дар ҳизбро тарҷеҳ дод ва таркаш накард.
Рӯзи 23 сентябри соли 2015 ӯро дар манзилаш боздошт карданд. Ҳангоми боздошт, дар канори муфаттишҳо раиси ноҳиявии КДАМ, раиси ноҳиявии милиса ва додситон (прокрор) низ ҳузур доштанд. Ба ҷустуҷӯи манзили Мирзоолим пардохтанд. Аз пеш чанд шайъро ба унвони чизҳое, ки гӯё аз хонаи Мирзоолим пайдо кардаанд, таҳия карда буданд. Чанд варақа ва чанд диск, ки дар бораи Афғонистон ва ҷанг дар Сурия будааст, ба Мирзоолим нишон доданд, ки аз хонаат пайдо кардаем ва бар асоси ин ашё, ту муттаҳам ва бояд додгоҳӣ шавӣ. Мирзоолим, ки ҳатто дар хобаш намеомад чунин чизҳоеро дошта бошад, ҳайратзада монд ва фаҳмид, ки боздошташ мекунанд.
Тақрибан соатҳои 14:00 ӯро ба унвони муттаҳам бурданд. Дар ҳоле, ки субҳи ҳамон рӯз соати 07:30 ба хонаи ӯ омада ва то зуҳр ба ҷустуҷӯ пардохта буданд.
Баъди се рӯз Мирзоолимро ба СИЗО-и Хуҷанд мунтақил намуданд. Ва бо ин ки ба хонаводаи ӯ ваъда дода буданд, ки пас аз 3 рӯз раҳояш хоҳанд кард, вале маълум буд, мехоҳанд ӯро зиндонӣ кунанд.
Пас аз 6 моҳӣ боздошт, билохира ӯро ба 16 сол зиндон маҳкум карданд. Додгоҳи ӯ низ мисли ҳамтоёни дигараш аз масъулони баландпояи ҲНИТ, бидуни вакил ва пӯшида баргузор шуд. Ҳамаи иттиҳомҳое, ки бар асоси онҳо маҳкумаш карданд, ҷаълӣ ва сохтагӣ ва бепоя буданд.
Ба гуфтаи писари Мирзоолим Холов, қозӣ (судя) пас аз зиндонӣ шудани Холов, ба писараш гуфтааст: “Ман медонам, ин одам бегуноҳ аст, вале агар ин касро ман озод намоям, худам дар ҷойи ин мард бояд зиндонӣ шавам, ҳама фармон аз болост, аз дастам ҳеч кор намеояд”.
Мирзоолим Одинаевич Холов дар ҳоли ҳозир дар Муассисаи ислоҳии низомаш сахти рақами 3-и шаҳри Хуҷанд маҳбус мебошад.
Ӯ оиладор ва дорои 6 фарзанд аст.
Гуфтанист, ки писари вай, Муллоидӣ Мирзоолимзода бо нашри муроҷиате дар саҳифаи фейсбукиаш дар моҳи майи 2019, аз фишору таҳдиди мақомоти Тоҷикистон ба хонаводааш хабар дод. Ӯ навишта: “Муддати 5 ё 6 сол аст, ки хонаводаи мо ва наздиконамон таҳти фишору таҳдиди мақомот, ба хусус КДАМ қарор дорем.”
Мирзоолимзода навиштааст, мақомот пайваста ба хонаводаи онҳо ваъда медоданд, ки сокит бошанд, то падараш озод гардад, аммо фишору таҳдиду таъқибро кам намекарданд. Ӯ аз ҳолатҳои шиканҷа ва ришваситонӣ аз наздиконаш низ хабар додааст.

Ин фарзанди маҳбуси сиёсӣ гуфтааст, дигар замони сукут гузашт ва ӯ барои озодии падараш ва дигар зиндониёни сиёсӣ ба пой хоҳад хест. Ӯ навиштааст: “Ман ба хотири зулми шумо шурӯъ кардам пас то поёни зулматон мубориза хоҳам бурд.”
Ба гузориши сойти Паём, Муллоидӣ дар гуфтугӯ бо ин сойт гуфтааст, хонаводаи онҳо ҳамеша зери фишор қарор дорад. “Гоҳе амакамро мебаранд, гоҳе додарамро ва гоҳе писари амакамро. Ҳатто писари амакамро, ки дар донишгоҳ дарс мегӯяд, мехостанд аз кор озод кунанд.”
Ба гуфтаи Муллоидӣ, боре хостаанд додарашро ба ҳабс гиранд. Сабабаш ҳам ин будааст, ки дар телефони дастиаш амр ба маъруфи Эшони Нуриддинро пайдо кардаанд. Танҳо баъди дахолати мӯйсафедони деҳа, додарашро озод кардаанд.
Дар посух ба ин суол, ки оё падараш шиканҷа намешавад, Муллоиддӣ гуфт, чизе, ки медонад ин аст, ки падари ӯ баъди боздошташ 8 моҳ аз дарди шадиди дандон ранҷ бурда, ваде ба наздаш духтуронро роҳ надодаанд. Ҳамчунин ӯ аз эътирофи як корманди КДАМ аз истидогарии падараш алайҳи фишорҳо қисса кард.
Матни муроҷиати Муллоидӣ Мирзоолимзода ба шакли зер аст:
“Мақомоти Мастчоҳ ба ҷои салла калла мебаранд ё “дастури боло” воқеан зидди инсонист?
Муддати 5 ё 6 сол аст, ки хонаводаи мо ва наздиконамон таҳти фишору таҳдиди мақомот, ба хусус КДАМ қарор дорем. Бо ин иктифо накарда 23.09. 2015 падарам Холов Мирзоолимро бидуни ҳеҷ гуноҳе ба муддати 16 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Пас аз он ҳамаи хонавода ва ман ҳам сукут кардем ва ҳеҷ эътирозе накардем. Аммо мисле, ки мақомоти Мастчоҳ аз сукути мо нороҳатанд ва мехоҳанд мо ҳам эътироз кунем. Зеро фишору таҳдидашонро на танҳо кам накарданд, балки болои хешовандонам бештар ҳам карданд.

Аз ҷумла даъват ва бозпурсӣ аз бародарам, амакам ва ҳатто падарарӯсам ва дар мавридҳое шиканҷа кардан ва ришва ситондан аз онҳо ҳам дар корномаи ин мақомот ҳаст, ки дар оянда дар бораашон бештар хоҳам гуфт ва агар лозим бошад ба додгоҳҳои байналмилалӣ ҳам шикоят хоҳам кард.
Аммо худи ман бо вуҷуди он ки падарам дар зиндон буданд, то ҳол ба хотири ваъдаҳои мақомот, ки ҳамеша мегуфтанд, ба зудӣ падарат озод мешавад, даст ба ҳеҷ коре назадам, сукут кардам ва ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам фаъол набудам. Вале чанд вақт пештар хонаводаву хешовандони ман ба хотири он ки дар листи дӯстони ман мухолифон қарор доранд ва ман навиштаи онҳоро писандидаам (лайк мондаам), мавриди бозпурсӣ ва фишору таҳдид қарор гирифтаанд.
Ман ҳамчун инсони озод ва фарзанди як зиндонии сиёсии бегуноҳ оё ҳуқуқ надорам акси падарамро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунам?
Оё ман ҳуқуқ надорам ба ин кори ҳукумат ҳамчун фарзанд эътироз кунам?
Магар эътироз ба ҳукми золимонаи суди шумо ҳам ҷурму ҷиноят аст?..
Пас огоҳ бошед, ки аз ин пас ман аз ҳуқуқи падарам дифоъ мекунам ва ба хотири озодии ӯ тамоми талошамро хоҳам кард. Ман агар то имрӯз зери фишори хонавода ва хешовандонам сукут кардам ва ба хотири риояти ҳоли онҳо чизе нагуфтам, азоби виҷдон доштаму дорам, ки дар муқобили падарам кутоҳӣ кардам. Аммо ҳол мебинам, ки мақомот дигар ягон ҷинояте намондааст, ки дар муқобили хонавода ва хешовандонам анҷом надода бошанд. Пас сукути ман ҳам фоида накардааст. Аз ин пас дигар сукут нахоҳам кард. Ман, ки худам ҳам дарси ҳуқуқ хондаам аз ин пас барои озодии падари бегуноҳам тамоми талошамро хоҳам кард. Дигар таҳдиди хонаводаву хешовандонам ҳам наметавонад маро боздорад, зеро шумо аз ҳад гузаштед ва ҳатто ҷиноят кардед.
Бояд инро ҳам зикр кунам, ки раисони КДАМ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамеша аз ҷануби кишвар оварда мешаванд. Раиси пешини КДАМ Илҳом Нусратшоев аз Хатлон буд. Салимзода Аҳрор бошад мисли аксарияти кормандони ин ниҳод ва раисаш аз ноҳияи Фархор мебошад.
Намедонам шояд ин мақомоти ноҳияи Мастчоҳ буданд, ки ба ҷои салла калла мебурданд ва ё дастур аз боло будааст ба гуфтаи худашон, аммо дигар сабрам лабрез шуд.
Бидонед, ки зулми шумо маро маҷбур кард то дигар сокит набошам ва барои озодии падарам ва дигар бегуноҳон бархезам ва талош кунам. Ман ба хотири зулми шумо шурӯъ кардам пас то поёни зулматон мубориза хоҳам бурд!” (Поёни иқтибос)
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) тамоми талоши худро ҷиҳати озодии ин марди Худо ва ҳамроҳони бегуноҳаш харҷ хоҳад намуд ва умедвор аст, ӯ ва соири зиндониёни сиёсӣ озод хоҳанд шуд.
#Ҳафтаи_Mirzoolim_Kholov
#Free_Mirzoolim_Kholov
#Free_Political_Prizoners
#Озодӣ_ба_Мирзоолим_Холов
#Озодӣ_ба_зиндониёни_сиёсӣ