Дар таърихи 16 январи соли 2022 Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШГЗСТ), ки бо номи «Кумитаи наҷот» машҳур аст, ҷаласаи навбатии худро баргузор кард.
Яке аз масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа мувофиқи оинномаи ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон алалхусус зиндониён ва гаравгонҳои сиёсии Тоҷикистон, интихоби муовини якуми раиси кумита ва ду муовини дигари раиси кумита буд. Тибқи иттилоъи Комиссияи интихоботии ин кумита номзадии ҳафт нафар аъзоён ба мақоми муовинатӣ пешниҳод шуда буд.
Баъд аз баҳсу баррасиҳои аъзоёни кумита ва райъпурсии пинҳонӣ, хонум Мавҷуда Соҳибназарова муовини аввал ва бародарон Муҳаммадҷон Нурӣ ва Абдуллоҳ Амониён муовинони раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Чи хеле, ки пештар маълумот дода будем, санаи 9 январи соли ҷорӣ ин созмон ҷаласаи солонаи худро баргузор кард ва Бобоев Абдусаттор раиси ин кумита интихоб шуда буд.
Бояд қайд кард, ки КШНГЗС ягона созмони ҳомии ҳуқуқи зиндониёни сиёсии Тоҷикистон мебошад, ки дар хориҷи кишвар аниқтараш дар ҳудуди иттиҳоди Аврупо фаъолият бурда, маконаш дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) қарор дорад.
Добавить комментарий