Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо андӯҳи амиқ даргузашти зиндонии сиёсӣ, узви фаъоли Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва собиқ раиси бахши ин ҳизб дар ноҳияи Ваҳдат, Табаров Мирзоумарро ба аъзоёни ҲНИТ, махсусан хонавода ва наздикони марҳум таслият арз медорад.
Бобои Мирзоумар 77 сол умри бобаракат дошта, дар ҳаводиси соли 2015 бо ҷурми “ҳамдастӣ” бо Ҳоҷӣ Ҳалим (генерал Абдуҳалим Назарзода), муовини Вазири мудофиъа тӯҳмат шуда, ҳамроҳ бо писараш ба муддати 23 сол ба ҳабс гирифта шуд.
Дар робита бо даргузашти марҳум Табаров Мирзоумар аз тарафи мақомоти марбутаи Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз ҳеч шарҳу тафсире нашудааст.
КШНГЗС ба марҳум аз даргоҳи Худо ҷаннати фирдавс ва ба хонавода ва бозмондагонашон сабри ҷамил хоҳон аст.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
20.01.2022
Добавить комментарий