Муллоидӣ Мирзоолимзода, писари Домулло Мирзоолим Холов, зиндонии сиёсӣ, бо баёни ин ки “дар давоми раисии падарам, барои аз раиси ҳизб даст кашиданашон, вазифаҳое аз тарафи ҳукумати ноҳия пешниҳод карда буданд”, гуфт: “Аз ҷумла ин ки раиси фарҳанги ноҳия шаванд ва дар як ҳафта як рӯз ба идораи фарҳанг раванд ва боқӣ ҳамаи корро худи мақомот мекунанд. Ҳамчунин пешниҳод шуд, имомхатибии ноҳияро ба дӯш гиранд. Ва низ раиси кумитаи динро гиранд. Ин пешниҳодҳо фақат ба шарти аз ҳизб хориҷ шудан буд, аммо падарам ҳеч яке аз ин вазифаҳоро напазируфтанд.”
Машрӯҳи гуфтугӯи Илҳомҷон Ёқубов бо Муллоидӣ Мирзоолимзода:
— Як каме аз шахсияти падари гиромиатон бигӯед. Гуфта мешавад, эшон ҳаргиз таслими ташвиқҳои мақомот нашуда, ҳамеша муқовим буда, як зарра ҳам аз аҳдофи хеш даст набардошта. Лутфан, инҳоро бароямон тавзеҳ диҳед.
— Падарам, Мирзоолим Холов, соли 1962 дар деҳаи Худгифи Соя таваллуд шудаанд. Соли 1970-1978 мактаби рақами 9 ноҳияро хатм карда, ба омӯзишгоҳи техникии шаҳраки Бӯстон (маркази маъмурии ноҳияи Мастчоҳи нав) дохил шудаанд. Баъд аз хатми омӯзишгоҳ, ба саффи қувваҳои масаллаҳи ИҶШС (СССР) мераванд ва 2-сол дар Муғулистон ҳамчун тонкчӣ адои хизмат намуда баргаштанд.
Таълимоти итидоии диниро дар назди муллоҳои деҳа дар синни 12-солагӣ оғоз намуда ва дар давоми 2-сол Қуръонро хатм намуда, баъдан ба омӯхтани дигар китобҳои динӣ аз ҷумла “Мухтасар” шурӯъ менамоянд. Ҳисси донишомӯзии падар, ки зиёд буд, дар даврони бозсозии горбачевӣ барои давом додани таълими динӣ ба Қурғонтеппа (Бохтари ҳозира) рафта, дар назди уламои маъруфи ҳамонвақта таълими динӣ мегиранд. Баъди бозгашт ба деҳа, ба таълими ҷавонони деҳа пардохтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шогирдони бисёре парвариш намуданд ва оҳиста-оҳиста аз деҳаҳои ҳамсоя низ барои омӯхтани улуми динӣ назди эшон меомаданд ва таълим мегирифтанд. Ғайр аз таълимоти динӣ, падарам дарсҳои сиёсӣ низ медоданд ва ҷавононро бедор менамуданд, ки мо бояд фарҳанги динӣ ва миллии худро ҳифз бинамоем. Оҳиста-оҳиста пояҳои Ҳукумати Шӯравӣ заъиф шуд ва ҳизбу ҳаракатҳо пайдо шуданд.
Соли 1991 раъйпурсие баргузор шуд барои мондан ва ё барҳам хурдани ИҶШС (СССР) ва дар ин маъракаи сиёсӣ падарам хеле фаъолона иштирок намуданд ва мардумро барои барҳам додани Шӯравӣ ташвиқ мекарданд. Хулоса, раъйпурсӣ гузашт, Шӯравӣ барҳам хурд. Як рӯз Домулло яъне падарам, барои гирифтани справка ё маълумотнома ба идораи Ҷамоат мераванд ва кормандони Ҷамоат ба Домулло маълумотнома намедиҳанд. Онҳо мегӯянд, шумо Ҳукумати Советиро барҳам додед, барои шумо “справка” нест.
Домулло дигар ба даъвати мардум пардохтанд ва ҳалқаҳои дарсӣ низ ташкил намуданд. Оҳиста-оҳиста мухлисони Домулло дар деҳоти гирду атроф низ зиёд мешуданд ва ҳалқаҳои дарсии Домулло васеътар мешуд.
Мутаассифона, нооромиҳо сар шуданду дигар иқтисоди мардум касод шудан гирифт ва аз ин бӯҳрони иқтисодӣ ҳеч хонаводае дар амон набуд ва Домулло низ мисли дигарон барои кор равонаи Русия шуданд. Дар Русия низ ҷавононро доимо насиҳат менамуданд.
Ва дигар кори Домулло ҳамин буд, 6-8 моҳ муҳоҷирати меҳнатӣ ва баъди бозгашт, ташкили ҳалқаҳои дарсӣ ва маҳфилҳои фарҳангӣ аз қабили “Иқболхонӣ”, “Маснавихонӣ” ва дарсҳо аз “Эҳёу улумид-дин”.
Азбаски Домулло аз ибтидо аъзои ҲНИТ буданд ва дар маъракаҳои сиёсӣ иштироки фаъолона доштанд ва барои гузаронидани интихоботи шаффофу озод талошҳои зиёд менамуданд, ин рафтори он кас ба ҳукуматдорон ва мақомот нописанд буд.
То соли 2008 ҳамчун аъзои қаторӣ фаъолият намуда, сипас ҷонишини раиси ҲНИТ дар ноҳия шуда, фаъолият намуданд ва соли 2011 раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ-ро ба дӯш гирифтанд. Дар замони протоколи маъруф ба “Протоколи 32-20”, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, дар ниҳодҳои ҳизбӣ тазалзул эҷод шуд, бо ин ҳама падарам корро идома доданд.
Гуфтан лозим аст, ки дар давоми раисии падарам, барои аз раиси ҳизб даст кашиданашон, вазифаҳое аз тарафи ҳукумати ноҳия пешниҳод карда буданд, аз ҷумла ин ки раиси фарҳанги ноҳия шаванд ва дар як ҳафта як рӯз ба идораи фарҳанг раванд ва боқӣ ҳамаи корро худи мақомот мекунанд. Ҳамчунин пешниҳод шуд, имомхатибии ноҳияро ба дӯш гиранд. Ва низ раиси кумитаи динро гиранд. Ин пешниҳодҳо фақат ба шарти аз ҳизб хориҷ шудан буд, аммо падарам ҳеч яке аз ин вазифаҳоро напазируфтанд.
Баъд аз ин пешниҳодҳо ва даст накашидан аз симати раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ, фишорҳо то рафт зиёд шудан гирифт. Қариб ҳама рӯз ба бахши ноҳивии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват мекарданд ва ҳатто боре аз тарафи ҷонишини КДАМ Умед ном шахс лату кӯб шуда буданд. Ва дар охир 23.09.2015 дар хонаашон тафтишот гузаронида, худи хамон рӯз дастгир карданд.
Моҳи феврал дар ноҳияи Айнӣ суд шуд. Суд танаффус эълон кард. Баъди 3 моҳ боз идомаи ҳамон суд дар худи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ду рӯзи дигар давом кард. Дар суди ноҳия фақат адвокат ва шоҳидон иштирок карда буданд, дар ҳамин суд наздик ба 400 имзо барои озодии эшон ҷамъоварӣ шуд. Берун аз толори суд, наздик ба 300 нафар ҷамъ шуда буданд.
Рӯзи охирон, суд танаффус эълон кард ва шоҳидонро аз толори судӣ берун карданд ва ҳукми судро дар ҳузури адвокат хонда адвокатро низ баъди қарори судро хондан нагузоштанд берун барояд. Яъне то судя ва мушовиронаш ва раиси КДАМ ба мошинҳояшон нишаста рафтанашон, нагузоштанд ҳукмро дар байни мардум эълон кунанд.
Баъди суд, яке аз мушовирони суд Замонов — раиси ноҳиявии Ҳизби Халқӣ-Демократӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гуфт: “Мо ҷуръати дар пеши шоҳидон ҳукмро эълон кардан надоштем, зеро издиҳоми мардум зиёд буд. Аз шунидани ҳукм даст ба ҳар кор заданашон мумкин буд”. Ва ҳатто ӯ иқрор шуд, ки барои ҳукмро хондан онҳо шароб нӯшида дар ҳолати мастӣ ҳукмро хондаанд.
— Оё ба эшон пешниҳод шуд, ки афв шавад?
— Дар ин маврид ба ман то ҳол ҳеч маълумоти дақиқ нарасидааст, ки баъди боздошташон ягон маротиба ваъдаи авф карданд ё на, вале гуфтаанд, агар маблағи калон диҳед, метавонед як соли охирро дар хонаатон гузаронед баъд ба озодӣ бароед.
— Шумо чӣ кор мекунед? Дар бораи худатон каме бигӯед.
— Ман ҳамчун паноҳанда дар кишвари Литвонӣ кор ва зиндагӣ мекунам ва ҳамчунин дар баробари кор, дар донишгоҳ машғул ба таҳсилам.
— Вазъи аҳли хонавода, аз модар, хоҳарон ва бародаронатон чӣ хабар? Онҳо алъон чӣ кор мекунанд?
— Ба хонавода занг мезанам, ҳамаашон хубанд, бародарам дар мактаби деҳаамон муаллим аст ва ҳамеша ӯ ҳаст, ба дидори падарам меравад ҳамроҳи дигар аъзои хонавода.
Мутаасифона, дар ин чанд соли охир чандин маротиба барои ман ӯро ба амният даъват мекунанд ва ҳамеша аз ӯ талаб мекунанд, ки манро водор кунад ба Тоҷикистон баргардам.
— Саломат бошед!
#Ҳафтаи_Mirzoolim_Kholov
#Free_Mirzoolim_Kholov
#Free_Political_Prizoners
#Озодӣ_ба_Мирзоолим_Холов
#Озодӣ_ба_зиндониёни_сиёсӣ
Добавить комментарий