Чаро Мирзоолимро зиндонӣ кардаанд?

Ба қалами Муҳаммадсаъид Ризоӣ

“Мулло Мирзоолим ба хотири истифода аз мансаб ё хиёнат ба кишвару мардум зиндонӣ нашудааст. Ӯ заминҳои кишварашро нафурӯхтааст. Молу сарвати мардум ва дороиҳои миллаташро ба фоидаи худ, оила ва наздикон дар ҳисобҳои офшорӣ ба берун аз кишвар набаровардааст… Вай як муслиҳ аст ва ба ин хотир, ки некандешу хайрхоҳ ба мардум ва накӯкору манфиатхоҳ ба ватану миллаташ аст, зиндонӣ шудааст…”

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Инсон аз як назар ба ду қисм аст: исони нек ва бад. Аввалиро солеҳ мегӯянду дуввумиро толеҳ ё фосид. Дар мавриди ин ки мегӯянд, фалонӣ марди солеҳе аст, зарараш ба мӯрча ҳам намерасад, пашшаро озор намедиҳад, ба неку бади касе кор надорад, ба таҳорату ибодати худ машғул аст ва ғайра, зиёд шунидаем. Аммо дар бораи фосид ё махсусан ин вожа “толеҳ”, шояд нашунида бошем. Фақат ҳамин миқдор шунидаем, ки масалан мегӯянд, фалонӣ масти майзада аст, арақхӯрии худро мекунаду ба касе кор надорад ва монанд ба инҳо. Ҳар ду — солеҳ ва фосид ё толеҳ дар ҷамъият, агар баробари ҳам набошанд, назаррас нестанд, зеро муассир нестанд, фоида ва зарари онҳо ба худашон бармегардад.

Ҳамчунин инсон ба накӯкору хайрхоҳ  ва фасодкору бадандеш тақсим мешавад. Аввалӣ муслеҳ аст, ки илова ба солеҳ будан, дар фикри накӯкорӣ ва ислоҳи ҷомеа низ мебошад. Дуввумӣ муфсид ва фасодкор, ки бадтинат аст, мудом дар пайи фасод ва бадӣ ба ҷомеа ва гирду атрофи худ мебошад, зеро таъмини зиндагии хушу гуворои худро (албатта ба гумони худ) танҳо дар манфиати шахсӣ мебинад ва барои он аз ҳеч бадие дастбардор намешавад. (Ин мавзӯъ хеле васеъ ва муфид ҳам аст, ки муфассал дар борааш дар ҷои худ гуфтугӯ мекунем.)

Вазифа ва уҳдадории дин

Ҳамаи динҳои осмонӣ ба фурӯтанӣ ва тақвои Худо даъват мекунанд. Тақво албатта ҳамон бим доштан, парво кардан аст. Тарсу бими аз Худо аз тарсу бими як ҳаюло ё золим фарқ мекунад. Ман инро борҳо дар суханрониҳоям гуфтаам, шумо ҳам аз дигар бузургони дин шунидаед.

Тарси аз Худо ва парво кардани аз Парвардгори Раҳмону Раҳим ва Азизу Қодиру Тавонманд маъно дорад ва бармегардад ба инсон. Аз ин рӯ мешавад хулоса кард, ки ҳамаи ҷараёнҳои мазҳабӣ ва эътиқодӣ решаи динӣ доранд ва ба тақво, парезкорӣ, корҳои нек ва дур будан аз корҳои бад мехонанд, бо вуҷуди таҳриф ва берун шудани бархе аз онҳо аз асли худ.

Худотарс накӯкор мешавад

Инҷо манзури ман сирф ба як шахсият рабт дорад, мӯҳтарам Мирзоолим Холов. Ӯ зодаи соли 1962 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд (Ленинобод дар давраи Шӯравӣ) аст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна, Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 35-и ноҳияи мазкурро дар соли 1979 ба итмом расонидааст. Ва ҳамзамон маълумоти зарурии диниро назди уламои машҳур ва маъруфи давру маҳали худ аз худ кардааст. Бинобар ин ӯро дар маҳалли зист, дар саросари вилоят ва ҳар ки ӯро мешиносад, Мулло Мирзоолимаш мехонанд.

Мулло Мирзоолим аз соли 1991 дар колхоз, зодгоҳи худ оғоз ба кор ва аз соли 1997 то соли 2010 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и ноҳияи номбурда ба унвони омӯзгор кор ва фаъолият намудааст.

Вай аз пешоҳангон ва фаъолони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба шумор меравад. Мирзоолим аз соли 2006 то соли 2010 ба унвони муовини раиси бахши ҲНИТ ва аз соли 2010 то замони боздошт (дар соли 2015), ба ҳайси раиси ин ҳизб дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ифои вазифа намудааст.

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо (КШНГЗС) зимни силсилабарномаҳое, ки ба зиндониёни сиёсӣ тахсис дода, дар бораи шахсияти зиндониёни сиёсӣ маълумотҳо нашр кардааст. Бинобар ин нисбати шахсияти ин марди некандеши накӯкор ба расонаҳо муроҷиат шавад, метавон маълумоти бештар ҳосил кард.

Бародари мо Мулло Мирзоолим оиладор ва соҳиби 6 фарзанд аст, марди солеҳ ва шахсияти муслиҳ аст. Барои дӯстон пӯшида нест, ки ӯро ба 16 сол зиндон маҳкум карданд. Додгоҳи ӯ низ мисли ҳамтоёни муслиҳи дигараш аз масъулони баландпояи ҲНИТ, бидуни вакил, пӯшида ва дар паси дарҳои баста баргузор шуд. Ҳамаи иттиҳомҳое, ки бародар Мулло Мирзоолимро бар асоси онҳо маҳкумаш карданд, сохтагӣ ва бепояанд.

Ҷурми зиндонӣ шудан

Мулло Мирзоолим ба хотири истифода аз мансаб ё хиёнат ба кишвару мардум зиндонӣ нашудааст. Ӯ заминҳои кишварашро нафурӯхтааст. Молу сарвати мардум ва дороиҳои миллаташро ба фоидаи худ, оила ва наздикон дар ҳисобҳои офшорӣ ба берун аз кишвар набаровардааст. Бар фарз агар вай танҳо солеҳ мешуду ба касе, ба ҷомеа ва гирду атрофаш коре намедошт, коре ба кораш надоштанд. Вай муслиҳ аст ва ба ин хотир, ки некандешу хайрхоҳ ба мардум ва накӯкору манфиатхоҳ ба ватану миллаташ аст, зиндонӣ шудааст. Чун дар баробари золимон истодагӣ кардаву монеъи зулму хиёнати мансабдорон шудааст, аз ин рӯ аз озодӣ маҳрумаш кардаанд.

Ҳукумати ғосиби Тоҷикистон аз қудрат, сарват ва ҳашамати Мулло Мирзоолим тарс надошт, зеро ӯ аз ин тоифаҳо ҳам набуд. Танҳо аз он хотир, ки ӯ як муслиҳ буд, ислоҳи ҷомеа, сарбаландии миллат ва сарафрозии ватанашро мехост, аз вай хавф кард ва зиндонияш намуд.

Мулло Мирзоолим намунаи садҳо зиндониёни ҲНИТ ва садҳои дигар аз уламо, донишмандону устодон, адибон, шоирон ва ҳуқуқшиносону мутахассисони соҳаҳои гуногун, ки ҳамагӣ муслиҳанд ва аз он хотир, ки ислоҳи ҷомеа ва аз байн бурдани зулму ноадолатиро барои миллату кишварашон хостанду зиндонӣ шуданд, мебошад.

#Ҳафтаи_Mirzoolim_Kholov

#Free_Mirzoolim_Kholov

#Free_Political_Prizoners

#Озодӣ_ба_Мирзоолим_Холов

#Озодӣ_ба_зиндониёни_сиёсӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: