Маҳмурод Одинаев кист?

Маҳмурод Одинаев зодаи 1 марти соли 1962-и шаҳри Ҳисор ва сокини ҷамоати деҳоти Ҳисори ҳамин шаҳр аст. Вай пас аз хатми мактаби миёна, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети ҳуқуқ (юридический факультет) таҳсил ва аз он фориғуттаҳсил шудааст.

Одинаев ҳуқуқшинос (юрист) аст. Ӯ яке аз фаъолони барҷастаи ҷомеаи шаҳрвандӣ шумурда мешавад. Одинаев пеш аз зиндонӣ шуданаш, раиси Комиссияи дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон ва аз раҳбарони Эътилофи зидди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон ба шумор рафта, ба ҳимояи ҳуқуқи маҳбусон ва ифшои мавридҳои бадрафторӣ нисбат ба маҳбусон машғул буд.

Маҳмурод Одинаев ҳамчунин аз фаъолони боризи сиёсӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ӯ муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон буд; ҳизбе, ки расмӣ буда ва як ҳизби опозитсионӣ дар дохили кишвар ба шумор меравад.

Маҳмурод Одинаев яке аз мунтақидони барҷастаи сиёсатҳои ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст. Ӯ дар моҳи ноябри соли 2020 аз шаҳрдории Душанбе катбан дархост кард, ки дар дифоъ аз маҳбусон ва вуҷуди мавориди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон, дар пойтахт гирдиҳамоӣ баргузор намояд. 20-уми ноябри ҳамон сол ва баъди ин дархост, нопадид шуд. Ӯро баъд аз ду ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир ва дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) нигаҳ доштанд.

Тибқи гузориши 4 майи 2021, ӯро аз боздоштгоҳ ба маҳбас бурданд. Одинаев ба иттиҳоми “авбошӣ” ва “даъват ба сарнагунии ҳокимият” дар рӯзи 28-уми январи ҳамон сол бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Рӯдакии пойтахт ба 14 сол зиндон маҳкум шуд. Одинаев ҳукми додгоҳро “беадолатӣ” хонд. Ӯ ва бастагонаш иттиҳомҳои номбурдаро рад карда, гуфтанд, қазияи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.

Маҳмурод Одинаев рӯзи 1-уми майи 2021 ба зиндони шаҳри Ваҳдат маъруф ба “Кирпичний” интиқол дода шуд. Писари ӯ, Шайх Ризоевро низ боздошт намуданд. 1-уми майи ҳамон сол, Ризоев аз боздоштгоҳ ба маҳбаси маъруф ба “Якум Советский” интиқол дода шуд. Шайх Ризоевро ба “авбошӣ” ва “талоши таҷовуз ба номус” муттаҳам намуда, ба 6 сол зиндон маҳкум карданд. Бастагонаш ин иттиҳомҳоро бепоя хонда, гуфтанд, ӯро ба хотири фаъолиятҳои сиёсии падараш зиндонӣ намудаанд.

Маҳмурод Одинаев дар шароите ба зиндон интиқол дода шуд, ки бастагони ӯ ва низ масъулони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз вазъи саломати ӯ нигарон буданд. Масъулони ҲСДТ гуфтанд, вазъи саломати Маҳмурод Одинаев дар боздоштгоҳ бад шудааст ва ӯ бо аробаи маъюбӣ мегардад. Як намояндаи боздоштгоҳ низ зимни таъйиди бемории Одинаев, гуфт, ӯ “зери назорати пизишкон аст.”

Дар аввали боздошти Одинаев наздиконаш дар сӯҳбат ба Аздо.тв гуфта буданд, ки ӯ бемор аст ва роҳ рафта наметавонад ва ҳамчунин биноияш низ заиф шудааст, то ҳадде, ки одамро хуб намешиносад. Наздиконаш шиканҷа шудани ӯро аз эҳтимол дур надонистанд.

Бар асоси гузориши 18 октябри 2021, ба Маҳмурод Одинаев дар муқобили изҳори пушаймонӣ, афв пешниҳод шуд, вале ӯ зимни “беадолатӣ” хондани зиндонӣ шуданаш, ин пешниҳодро напазируфта, озодияшро аз маҳбас талаб кард.

Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, дар 17-уми октябри ҳамон сол ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш ба онҳо расонд, ки зери санади афваш имзо нагузоштааст. “Падарам гуфт, худро гунаҳкор намеҳисобад ва чаро барои коре, ки накардааст, шомили афв шавад? Яъне, беасос эътироф кунад, ки даст ба ҷиноят задааст? Падарам гуфт, ин гуноҳҳоро ҳеч гоҳ қабул надорад«, — нақл кард Ҳабибулло Ризоев.

Гуфтанист, Маҳмурод Одинаев дар гузашта низ аз поймол шудани ҳуқуқи писараш, Суннатулло Ризоев, дар маҳбаси Хуҷанд шикоят карда буд. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 18-уми октябри соли 2014 Суннатулло Ризоевро барои 9 сол ва ҳамроҳаш, Садридин Тошевро барои 7 сол ба иттиҳоми “пахши ахбори бардурӯғ ва таҳрикомез” зиндонӣ карда карда буд.

* * *

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар 7 декабри 2020 бо нашри баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон талаб кард, ки Маҳмурод Одинаевро билофосила озод кунанд. Дар он баёния омадааст:

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) эътирози шадиди худро бобати дастгирӣ ва боздошти ғайриқонунии Маҳмурод Одинаев — муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), иброз медорад.

Дар 7 декабри соли ҷорӣ (2020) Додгоҳи шаҳри Ҳисор бо дастгирӣ ва ҳабси пешакии ин сиёсатмадори мухолиф барои ду моҳ бидуни риояти қонун ва меъёрҳои мурофиавӣ, худро ба унвони “тройкаи сталинӣ” ва иҷрокунандаи хости Додситонии кулл нишон дод. Тибқи гуфтаи Раҳматилло Зоиров — раҳбари ҲСДТ, “Одинаев то ҳанӯз вакили дифоъ надорад.” Ба ин тартиб, мақомоти Тоҷикистон камокон таҷрибаи мурофиаи махфии дигарандешонро идома медиҳанд.

Қарори Додгоҳи шаҳри Ҳисор сеюмин бори поймолкунии пай дар пайи дағалонаи қонун нисбат ба Маҳмурод Одинаев, яке аз раҳбарони опозитсияи қонунӣ ба шумор меравад. Қаблан, дар рӯзи 5 декабри соли ҷорӣ, Додситонии кулл мутобиқи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандае бар зидди ӯ ба иттиҳоми “авбошӣ” ташкил карда буд. Ин иттиҳом, ки Додситонии кулли Тоҷикистон аз пеши худ бофтааст, ба хотири эътирози Маҳмурод Одинаев алайҳи қонунвайронкуниҳое буд, ки аз тарафи мақомот сурат мегиранд.

Тавре, ки адвокатҳои мустақил қайд карданд, дар эътирози Маҳмурод Одинаев дар назди бинои Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор дар 29 октябри соли ҷорӣ бобати рабуда шудани писари маълули вай, на ягон ҷинояте дида мешавад ва на ҳеч қонунвайронкунии маъмурӣ.

Саранҷом, яке дигар аз иқдомҳои дағалонаи ғайриқонунӣ нисбат ба Маҳмурод Одинаев, боздошти маҷбурии ӯ аз сӯи гурӯҳи мусаллаҳи дастгиркунӣ аст, ки дар натиҷа ӯ шиканҷа ва захмӣ гардид.

Мо мӯътақидем, ки сабаби аслии таъқиби Маҳмурод Одинаев эътирози ӯ дар назди бинои Комиссариати ҳарбӣ дар рӯзи 29 октябр нест, балки огоҳ сохтани ӯ ба мири Душанбе дар таърихи 16 ноябри соли ҷорӣ аз тариқи Фейсбук дар хусуси тасмим барои баргузории гирдиҳамоӣ алайҳи рафторҳои худсаронаи полис, болоравии нархҳо ва қашшоқии аҳолии Тоҷикистон аст.

Сиёсӣ будани иттиҳом ба Маҳмурод Одинаев ва боздошти ғайриқонунии ӯро мушорикати фаъоли Додситонии кулл дар як парвандаи оддӣ таҳти моддаи марбут ба “авбошӣ” тасдиқ мекунад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аз мақомоти Тоҷикистон талаб мекунад, ки фавран Маҳмурод Одинаевро, ки яке дигар аз қурбониҳои саркӯбҳои сиёсӣ ба шумор меравад, озод кунанд.

Мо талаб мекунем, шахси ғайриқонунӣ ҳабсшуда фавран бояд бо адвокат таъмин карда шавад. Мо талаб мекунем, Одинаеви маҷрӯҳ фавран ба беморхонаи шаҳрвандӣ интиқол дода шавад.

Мо аз ҳамаи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва низ шаҳрвандон даъват менамоем, ки талабҳои моро фаъолона дастгирӣ кунанд ва ҳамбастагии худро бо Маҳмурод Одинаев эълон кунанд.”

* * *

Паймони Миллии Тоҷикистон, иттиҳоди мухолифини тоҷик низ дар 29 январи 2021 бо пахши изҳороте, ҳукми зиндони Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ-ро сиёсӣ хонд ва интиқомҷӯиву муҷозоти мухолифин номид.

Иттиҳоди мухолифин талаб кард, ки аз ҳукумат озодии ҳарчи зудтари Маҳмурод Одинаевро талаб карда аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дархост кард “ҳукумати Тоҷикистонро ба риояи бечунучарои уҳдадориҳои байналмилалиаш оиди риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар водор карда, барои рушди озодӣ, демократия ва волоияти қонун мусоидат намоянд.”

Матни изҳороти ПМТ дар бораи ҳукми зиндони Маҳмурод Одинаев ба шакли зер аст:

Паймони Миллии Тоҷикистон аз тақдири Маҳмурод Одинаев муовини раиси ҲСДТ, ягона ҳизби мухолифи расмии кишвар, сахт нигарон буда, ҳукми 14 соли зиндон нисбати ӯро интиқомҷӯӣ ва муҷозоти мухолифин аз тарафи мақомот медонад. Ин ҳукм бори дигар нишон дод, ки ҳукумат таҳаммули камтарин эътироз ва мухолифатро надорад ва бо демократия ва озодӣ мухолифати усулӣ дорад.

Паймони Миллии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки ин ҳукм сиёсӣ буда, маҳз ба хотири эҷоди тарсу ваҳшат дар миёни мардум ва саркуби мухолифатҳои мусолиматомези онҳо содир шудааст.

Маҳмурод Одинаев танҳо бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дархости иҷозаи гирдиҳамоиро матраҳ кард ва бо иттиҳоми авбошӣ боздошт шуд, аммо дар боздоштгоҳ бидуни далел ба “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон” муттаҳам шуд.

ПМТ ин ҳукми мақомотро муҷозот ба хотири истифода аз ҳуқуқи конститутсионии як шаҳрванд дониста, талаб мекунад, ки Маҳмурод Одинаев ҳарчи зудтар озод карда шавад. Ҳамчунин, ПМТ аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дархост мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистонро ба риояи бечунучарои уҳдадориҳои байналмилалиаш оиди риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар водор карда, барои рушди озодӣ, демократия ва волоияти қонун мусоидат намоянд.

Хабарҳои зидду нақиз аз шиканҷаи Маҳмурод Одинаев ва адами шаффофият ва дастрасии хабарнигорон ба зиндонҳои кишвар ҳам Шӯрои ПМТ ва мардуми кишварро нигарон кардааст. Бинобар ин, ПМТ аз Омбудсмен, Салиби Сурх ва созмонҳои зидди шиканҷа талаб менамояд, ки дар зудтарин фурсат аз аҳволи Одинаев хабар гирифта, ҷомеаи кишварро аз вазъияти ӯ огоҳ намоянд.

Аз ҳамаи мардуми азиз ҳам хоҳишмандем, ки дар ин қазия бетараф набошанд ва барои озодии як инсони озодихоҳ, барои такрор нашудани чунин ноадолатиҳо дар оянда нисбати ҳеҷ як шаҳрванди кишвар ва барои барқарории адолат ва каромати инсонӣ дар ҷомеа бетараф набошанд.”

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ бо роҳандозии як фарохон (петитсия), хостори озодии фаврии Маҳмурод Одинаев шудааст.

#Ҳафтаи_Маҳмурод_Одинаев

#Free_Mahmurod_Odinaev

#Free_Political_Prizoners

#Озодӣ_ба_Маҳмурод_Одинаев

#Озодӣ_ба_зиндониёни_сиёсӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: