Изҳороти КШНГЗС оид ба боздошти Нусратулло Саидов

25 январи соли 2022 ба Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) хабари боздошти Нусратулло Саидов, яке аз пайвандони зиндаёд Сайидабдуллои Нурӣ расид.

Бино ба гуфти Муҳамадҷон Нурӣ, муовини раиси КШНГЗС, Нусратулло Саидовро 24 январ баъд аз зуҳр ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон даъват карда, баъд онҷо боздошт карданд.

КШНГЗС ин боздоштро идомаи амали нангини ҳукумати Тоҷикистон оид ба фишор ва таъқиби хонаводаҳои мухолифин медонад.

Нусратулло Саидов солҳо дар ноҳияи Вахш ба деҳқонӣ машғул буда, асосан ба сиёсат коре надошт ва аз пешаи деҳқонӣ зиндагии худро пеш мебурд.

Бояд зикр кард, ки боздошти Нусратулло Саидов баъди ду ҳафтаи ба вазифаи муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ таъин шудани Муҳаммадҷон Нурӣ сурат гирифтааст.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

25 январи соли 2022

Варшава, Лаҳистон

Изҳороти КШНГЗС оид ба боздошти Нусратулло Саидов: 2 комментария

Добавьте свой

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: