Фарҳод Худоёров
Соли 2016 маро барои бозпурсӣ ба шаҳри Душанбе даъват карданд. Ман дар Ғарм будам, ба Душанбе рафтам. Дар роҳ ба Одинаев Маҳмурод занг задаму воқеъаро нақл кардам. Ва ӯ аз ман хост, ки аввал ӯро бубинам. Тибқи ваъдаи дидор, мо вохӯрдем, дар маҳаллаи 103-и пойтахт. Ба хона даромада, бо ҳам маслиҳати чӣ гуна аз вазъияти ба миён омадаи “подстава” шудани ман, машварат кардем. Тақрибан 10 дақиқа гузашт, ки садои занги дар шуд.
Аз дурбини дар бинам, ки 3 нафар аз кормандони мақомот пушти дар истодаанд. Оҳ бало занад, пеши худ гуфтам , ки кадоме хабара расонд, барои бурдани ман омаданд.
Хостам, дарро боз кунам ба рӯяшон, вале Маҳмурод барои кушодани дар монеъ шуд, нагузошт, ки дарро боз кунам. Онҳо ҳудуди 20 дақиқа занги дарро заданду дарро кӯбиданд. Ман тоқатам тоқ шуд, хостам дарро кушоям, боз Маҳмурод сабр кун гуфта монеъ шуд.
Билохира кормандони мақомот хаста шуда, рафтанд. Маҳмурод тасмим гирифт, ки мебароем. Дарро боз кардем, ки даъватнома барои ман навишта шудааст. Онро гирифтем, рафтем ва ба мошин савор шудем, қасди рафтан ба ноҳияи Ҷайҳунро кардем.
Дар роҳ, пурсидам, чаро дарро боз накардем? Чаро нарафтем барои посухдиҳӣ? Гуфт, сабр кун баъд аз як моҳ, ним моҳ ташкилкунандагони кор худ пайдо мешаванд, мо даҳҳо роҳ меёбем барои ҳалли масъала, ҳозир дарро боз мекардем, рост бурда, туро зиндонӣ мекарданд. Ман норозиëна сар ҷунонда, мавзӯъро иваз кардам. Ба ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангир) рафтем.
Тобистон буд, моҳи июл, ҳавои ҷануб барои одами аз салқинии Кӯҳистон омада хеле тасфону тоқатфарсо буд. Билохира расидем ба ноҳияи Ҷайҳун.
Назди бозор як зане бо мо вохӯрд, шикоят кард аз авҳолу мушкилиҳои худ. Ҳарфу садои он модарро шунидем. Хеле мушкилиҳоро ба сараш оварда буданд. Хонаашро як корманди бонк бо шиносбозӣ ва ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ аз дасташ гирифта будааст. Бо қарори суд ошно шудем. Маҳмурод гуфт: “Рафтем ба суд”. Ба суд рафтем.
Дар даромадгоҳи бинои суди ноҳияи Ҷайҳун бо судя рӯ ба рӯ шудем. Он модар гуфт, ин ҳамон судя аст. Одинаев Маҳмурод худро муаррифӣ кард ва аз судя пурсид: “Ҳамин қарорро хужи шумо баровардаед? Оё шумо инсофу имону виҷдон доред? Охир, хонаи ҳалолии ин модаро ба касе дигар ҳукм кардед, ин модар 3 тифли хурдсол дорад, шавҳараш мурдааст. Ин чӣ беадолатӣ аст, ин чӣ гуна инсоф аст? Магар Раисиҷумҳур шуморо барои ҳамин ҷинояткорӣ ба мансаб мондааст?”
Судя шах шуда монд. Лаҳзае фикр карду гуфт: “Ҳоло ин қарор қувваи қонунӣ нагирифтааст ва биё мо ивазаш мекунему ба фоидаи ин модар корро ҳал мекунам, мо иштибоҳ кардем, узри бисёр, гапро набаред Душанбе ва расонаӣ накунед.”
Хулоса ҳукмро иваз карду дар дастамон дод. Хонаи зани бечораи бенавову мазлумро бозпас гардонид. Ман бошам ба худ андеша кардам, гуфтам, ин гуна ҳам мешудааст, ҳалолат бодо Одинаев Маҳмурод! Зан бошад аз хурсандӣ ашки шодӣ мерехт.
Баъд мо хостем ба Душанбе бозпас бигардем, аммо он модар аз мо хоҳиш кард, ки ӯро то ба хонаи модараш барем. Зеро дар онҷо зиндагӣ мекардааст. Модарро ба онҷо бурдем ва он модар заминеро полези тарбуз ва харбуз доштааст аз мо хост, то чӣ меҳоҳем дар мошин бор кунем. Вале Маҳмурод розӣ нашуд. Худо ҳофизӣ кардем бо он модари мазлуму ба тарафи Душанбе омадем. Маҳмурод гуфт, ба Ҳисор, ба хонааш меҳмон мешавем.
Дар Ҳисор Маҳмуродро хеле мардум эҳтиромаш мекардаанд. Дар хонааш меҳмон шудем, хеле меҳмодориамон кард. Як зиндагии оддӣ ва фақирона дошт, танҳо кораш хидмат ба бечорагон ба сурати ройгон будааст.
Шаб садои занги дар шуд. 3 мард аз маркази нобиноёни шаҳри Ҳисор ба назадаш омаданд. Хеле дарди дил карданд. Оиди мушкилиҳои оби ошомиданиашон чанд ҳафта бе об будаанд. Субҳ ба дарди онҳо расид.
Занг зад. Оби нӯшокии мазлумони нобиноро ҳал кард.
Дар як шабонарӯз бо ҳам будем. Чанд мушкилоти бечорагонро расидагӣ кард. Ягон музде нагирифт ва аз пули кисаи худ хароҷот кард.
Аз байн тақрибан як моҳ гузашт. Ҳамаи он нафароне, ки барои ман дасиса эҷод карда буданд ошкор шуданд. Рафта мушкилиро ҳал кардему халос шудам.
Чаро ман ин қиссахоро кардам? Агар ҷои Маҳмурод дигаре мебуд, мегуфт, дӯстам ман дигар кор дорам ё нестам. Хуллас, баҳоне пеш меовард ва аз ин мушкилот мегурехт.
Ӯ ба ғайр аз мушкилии ман, ду мушкилии муҳимми мазлумонро низ бе ягон тамаъ ҳал кард.
Чӣ гуна ин гуна ҷавонмардонро эҳтиром намекунем ва аз онҳо ёдоварӣ накунем? Бегуноҳ зиндонӣ шуданашро бидонему хомӯш бошем? Аз инсоф берун аст.
Аз ҳукумат ва мақомоти марбута хоҳиш ва талаб дорам, ки Маҳмурод Одиневро озод кунед!
#Ҳафтаи_Маҳмурод_Одинаев
#Free_Mahmurod_Odinaev
#Free_Political_Prizoners
#Озодӣ_ба_Маҳмурод_Одинаев
#Озодӣ_ба_зиндониёни_сиёсӣ
Добавить комментарий