Муроҷиати хонавода ва пайвандони Сайид Абдуллоҳ Нурӣ, собиқ роҳбари Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик ва Комиссияи Оштии Миллӣ бобати боздошти Нусратулло Саидов

Мо инҷо ҷамъ омадагон аз наздикон ва бастагони Нусратулло Саидов мебошем. Нусратулло бародарзодаӣ устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, яке аз ҷиноҳҳои барқарории сулҳ ва оштии миллӣ дар кишварамон мебошанд.

Сабаби ин ҷамъ омадан нигаронии амиқи худ нисбати боздошти бародарамон мебошад. Чуноне, ки аз шабақаҳои иҷтимоъи алакай хабар доред, рӯзи 24 уми январ бародари мо Нусратуллоро ба Раёсати Корҳои Дохилии Вилояти Хатлон даъват намуда ва боздошт мекунанд. То имрӯз мақомот далели ин боздоштро эълом накардаанд. Баъди боздошт, ҳатто иҷозати ба хонаводааш хабар доданро барояш надодаанд.

Субҳи 25 уми январ чор нафари дигар аз наздикон ва бошандагони деҳаро ба бозпурсӣ даъват намуда, бегоҳии ҳамон рӯз раҳояшон мекунанд. Ва ҳамин тавр аз мақомот ба хонаи Сайдулло Нуриддинов, ки ӯ ҳам аз фарзандон ва бастагони мо мебошад ва феълан дар зиндон қарор дорад, омада модари ӯро низ мавриди бозпурсӣ қарор медиҳанд.

Қабл аз ин ҳам борҳо наздикону бастагони мо махсусан Нусратулло, ба ниҳодҳои қудратӣ даъват мешуданд ва ҳатто ду нафар аз онҳо, ки ҳоло ҳамин ҷо ҳузур доранд, панҷ шабонарӯз дар зербинои раёсати корҳои дохилӣ мавриди шиканҷа ва озору азият қарор гирифта буданд, ки маҷбур ба ҳиҷрат ва тарки кишвар шуданд.

Ин ва хеле аз намунаҳои дигар, ки наметавон ҳамаи онро инҷо ғунҷонд, вуҷуд доранд, ки мо хонаводаву наздикони мо ва ояндаи фарзандони моро хеле таҳти нигаронии шадид қарор додааст.

Мо аз ҳама ниҳодҳои қудратӣ қотеъона талаб менамоем, ки даст бардоред аз ҳама гуна таъқибу фишору озори мардум ва наздикону бастагони мо ва махсусан Нусратулло Саидов.

Мо аз мақомот талаб менамоем, ки аз эҷоди ҳар навъ тарсу руъбу ваҳшат дар байни мардум даст бардоранд.

Мо аз мақомоти кишвар озодии ҳарчи зудтари Нусратулло Саидовро талаб дорем ва омодагии худро барои иқдомҳои баъди то озодии Нусратулло Саидов эълом медорем.

Мо ҳамчунин аз тамоми ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ ва созмонҳову ташкилотҳои байналмиллалӣ, шахсиятҳо ва афроди муассир дар умур дархост мекунем, то ба ин қазия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Бо эҳтиром

Хонавода ва пайвандони Сайид Абдуллоҳ Нурӣ.

26.02.2022

Муроҷиати хонавода ва пайвандони Сайид Абдуллоҳ Нурӣ, собиқ роҳбари Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик ва Комиссияи Оштии Миллӣ бобати боздошти Нусратулло Саидов: 2 комментария

Добавьте свой

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: