Амриддин Аловатшоев кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Нусратулло Саидов, Чоршанбе Чоршанбиев ва Амриддин Аловатшоев

Амриддин Аловатшоев 44-сола ва зодаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ӯ дар Русия мезист ва дар ширкатҳои хусусии муҳофизатӣ (амниятӣ) кор мекард ва ҷавононро тамрин медод.

Вай бештар мушкили муҳоҷиронро бо корфармоён дар Русия ҳал мекард. Пули онҳоро гирифта медод. Аз ин рӯ, дар байни муҳоҷирон аз Бадахшон маҳбубият дошт,” – гуфт яке аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ.

Аловатшоев дар миёнаҳои солҳои 2000-ум дар як даргирӣ бо зодагони Чеченистон сахт захмӣ шуд, аммо пизишкон тавонистанд ӯро наҷот диҳанд. Соли 2011 ба ВМКБ кӯчид ва оҳиста-оҳиста ба як шахси бонуфузи ғайрирасмии ноҳияи Роштқалъа табдил ёфт.

Дар низои моҳи октябри соли 2018 дар Бадахшон, номи Амриддин Аловатшоев дар қатори раҳбарони дигари минтақа – Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шанбиев ва Хурсанд Мазоров – гирифта шуд.

Соли 2019 ба Русия баргашт ва дар он ҷо ҳаракати ихтиёриёнро таъсис дод, ки ҳадафаш тарғиби ҳаёти солим, ҳифзи робитаи зич миёни ҷавонон ва ёрӣ ба ҳамдигар аст,» – гуфт яке аз афроди наздик ба Амриддин Аловатшоев ба Радиои Озодӣ.

Афроди наздик ба Аловатшоев, 13-уми январи 2022 ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ пас аз тазоҳуроти моҳи ноябри соли гузашта дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав таъқиб мешуд ва “эҳтимол ӯро ду рӯз пеш дастгир кардаанд”. Аловатшоев яке аз ширкаткунандагони гуфтушунид бо сафири Тоҷикистон буд.

Pamir Daily News, пойгоҳи хабарие, ки бештар ҳаводиси Бадахшонро бозтоб медиҳад, 12-уми январ бо такя ба манобеаш навишт, ки Амриддин Аловатшоев рабуда шудааст.

Пас аз 12 рӯзи ин воқеъа, наздиконаш гуфтанд, ӯро кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Душанбе овардаанд. Мақомоти Русия низ дар мавриди нопадид шудани ӯ вокунише накардаанд.

София Муминшоева, ҳамсари Амриддин Аловатшоев, рӯзи 21-yми январи 2022 дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бори охир бо шавҳари худ 11-уми январ тамос дошт, вале аз он рӯз дигар дастнорас аст. “Ҳамроҳони шавҳарам гуфтанд, онҳоро 11-уми январ дар Белгород боздошт карданд. Пас аз ду рӯз раҳо карданд, аммо ӯро дигар касе надидааст,” – гуфт, Муминшоева.

Ба гуфтаи ҳамсари Аловатшоев, онҳо ду фарзанди ноболиғ доранд ва Амриддин танҳо ноновари хонавода буд. Муминшоева афзуд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар мавриди нопадид шудани шавҳараш ариза навиштаанд, вале то ҳол ҳеч посух нагирифтанд.

Ораз Вазирбеков, яке аз роҳбарон ва фаъолони зодагони Бадахшон дар Маскав, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бино бар иттилои ӯ, Аловатшоевро рӯзи 13-уми январ ба Душанбе бурдаанд. Вай афзуд: “12-уми январ ба мо гуфтанд, ки ӯ дар боздошт аст, аммо ҳеч яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия инро тасдиқ накард. Мо баъдан хабар ёфтем, ки Амриддин дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташакили Душанбе қарор дорад.”

Шахсони наздик ба Амриддин Аловатшоев 13-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шахсони номаълум ӯро пас аз тазоҳуроти зодагони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар робита бо кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков таъқиб мекарданд. Аловатшоев узви гуруҳи музокиракунандаи муътаризон бо сафири Тоҷикистон дар Русия буд.

Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон, рӯзи 10-уми январ дар ҷаласаи ҳукумати Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ Амриддин Аловатшоевро ба таҳрики ҷавонони бадахшонӣ дар хориҷ аз кишвар алайҳи ҳукумати Тоҷикистон муттаҳам кард.

Бино ба гузориши 23 январи 2021, баъзе аз фаъолони зодаи Бадахшон дар Русия бо роҳандозии як маърака аз мақомот хостаанд, ки ба қазияи Амриддин Аловатшоев равшанӣ андозанд.

Пас аз нопадид шудани Амриддин, мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори зиёде бо унвони “Амриддинро ба мо нишон диҳед!” нашр карданд.

Дар муроҷиатҳо аз он нигаронӣ шудааст, ки ду ҳафта боз дар бораи Амриддин Аловатшоев ва макони будубоши ӯ касе хабар надорад. Онҳо гуфтаанд: “Амриддин на ҷинояткор аст, на сиёсатмадор.

То бародари моро озод накунед, хомӯш намеистем!” – гуфтааст яке аз муроҷиаткунандаҳо дар навори видеоии худ.

* * *

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёнии сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни шадидан маҳкум кардани рабоиши Амриддин Аловатшоев дар Русия ва истирдоди вай ба Душанбе ва ғайриқонунӣ шумурдани ин иқдом, аз мақомоти зирабти Тоҷикистон талаб мекунад, фавран ӯро озод кунанд.

КШНГЗС ҳамчунин аз тамоми созмонҳои ҳуқуқи башарии дохил ва хориҷи Тоҷикистон тақозо мекунад, нисбат ба қазияи Амриддин Аловатшоев бетараф набошанд ва бо маҳкум кардани ин иқдоми ғайраиқонунии режими Эмомалӣ Раҳмон, барои озодии ӯ талош намоянд.

#Ҳафтаи_Нусратулло_Саидов_Чоршанбе_Чоршанбиев_ва_Амриддин_Аловатшоев

#Fee_Nusratullo_Saidov

#Fee_Chorshanbe_Chorshanbiev

#Fee_Amriddin_Alovatshoev

#Free_Political_Prizoners

#Озодӣ_ба_Нусратулло_Саидов

#Озодӣ_ба_Чоршанбе_Чоршанбиев

#Озодӣ_ба_Амриддин_Аловатшоев

#Озодӣ_ба_зиндониёни_сиёсӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: