Чоршанбе Чоршанбиев кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Нусратулло Саидов, Чоршанбе Чоршанбиев ва Амриддин Аловатшоев

Чоршанбе Чоршанбиев зодаи 15 майи соли 1995 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ӯ мактаи миёнаро дар шаҳри Хоруғ хонда ва дар ҳамин шаҳр бузург шудааст.

Чоршанбе аз хурдсолӣ ба варзиш алоқа дошт. Дар хурдсолӣ ба варзиши сабук (лёгкая атлетика) машғул шуд. Сипас ба ҳунарҳои размӣ (боевое искусство) алоқаманд гардид. Бинобар ин, ба гурӯҳи “Помир” сабти ном кард ва дар онҷо тамриноти хешро идома дод. Мурабии ӯ Амран Мусишфоев буд.

Ӯ дорои як хоҳар ва як додар мебошад. Хоҳари ӯ, Фара зодаи 29.09.1996 ва додараш, Азизхон мутаваллиди 12.03.1998 аст. Азизхон низ мисли Чоршанбе варзишкори ҳунарҳои размӣ мебошад.

Чоршанбе бозиҳои ҳирфаии худ дар ҳунарҳои размиро аз соли 2015 шурӯъ намудааст. Ӯ дар ин сол Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷоми ҷаҳонии шаҳри Кисловодски Русия намояндагӣ кард. Дар ин мусобиқа, 85 варзишкори ҳунарҳои размӣ аз кишварҳои гуногун ширкат доштанд. Чоршанбе дар ин мусобиқа, дорои 5 ҷоми ҷаҳонӣ дар ҳунарҳои размӣ гардид.

Дар маҷмӯъ, Чоршанбе 6 пирӯзӣ, 2 шикаст ва 1 тасовӣ дорад. Мусобиқаи аввали ӯ дар соли 2016 бо Алӣ Бойматов, шаҳрванди Қирғизистон буд. Чоршанбе дар ин бозӣ дар дақиқаи 2:34 дар раунди 2 пирӯзи майдон шуд. Ӯ ҳамчунин то соли 2020, бо варзишкороне чун: Аким Сергей, Фурқат Комилов, Ӯткирбек Ҳотамов, Абдусалом Абакаров, Расул Магомедов, Виктор Боронин, Радомир Филипов ва ғайра ҷангида ва дар аксари ин бозиҳо пирӯзи майдон гардидааст.

* * *

Чоршанбе дар Русия мезист. Ӯро рӯзи 3-юми декабри 2021 ба иттиҳоми “ҳаракати хатарнок бо мошин” дар дохили нақб ё туннели Лефортово дар Маскав дастгир ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд. Додгоҳ ӯро ҷарима баст ва аз Русия ронд. Падараш, Авазхон Паҳлавонов бар ин бовар аст, ки ин қазия тарҳрезишуда аст. Чоршанбиев дар бозпурсиҳо “ҳаракат бо суръати баланд”-ро эътироф кард, аммо гуфт, ки навори видеоии саҳнаи ронандагиашро шояд бародаронаш дар Интернет гузоштаанд. Ӯ ба тафтишот гуфтааст, навор нав нест ва тобистон сабт шудааст.

Чоршанбе Чоршанбиев дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ машҳур буд, ба хусус замоне маъруф гардид, ки дар бораи тоҷикону тоҷикистониён ҳарфҳои зидду нақизе ба забон овард, аммо баъдан барои ин амалҳои ҷанҷолбарангезаш узр хост.

Бастагони ӯ ва низ баъзе коршиносон мӯътақиданд, ки ихроҷи Чоршанбе аз Маскав ва истирдодаш ба Тоҷикистон, бо дархости ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст. Зеро Чоршанбе Чоршанбиев яке аз мунтақидони сарсахти ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мерафт. Бино бар гузориши 30.12.2021, ӯ ҳангоми истирдод субҳи 30-юми декабри 2021 дар фурудгоҳи Душанбе аз тарафи шахсони низомипӯш бурда шуд. Ба навиштаи сомонаи PamirDailyNews, Чоршанбиев дар бинои Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ нигаҳдорӣ шуд.

Сипас Додситонии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ӯро ба моддаи 189 (Барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ) ва моддаи 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ) муттаҳам кард.

Падари Чоршанбе Чоршанбиев мӯътақид аст, ки боздошту ронда шудани ӯ аз Русия ба Тоҷикистон аз қабл тарҳрезишуда аст. Авазхон Чоршанбиев, падари Чоршанбе Чоршанбиев, рӯзи 5-уми январи 2022 дар сӯҳбати катбӣ (хаттӣ) тавассути Фейсбук ба Радиои Озодӣ гуфт: “Фикр мекунам, ҳамаи ин аз қабл барномарезишуда буд. Барои ҳамин, ҳамааш ногаҳонӣ ба вуқӯъ пайваст. Тааҷҷубангез аст. Ба фикри ман, вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ танҳо як баҳона буд.”

Вай афзуд: “Писари ман чӣ гуноҳ дорад, ҳеч намефаҳмам. Ӯ ҳамеша машқ мекард ва зери парчами Тоҷикистон ба саҳна мебаромад. Вай қаҳрамони ҷоми ҷаҳон шуд, парчами Тоҷикистонро бардошт. Касе ба ин таваҷҷӯҳ зоҳир накард…”

Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон гуфт, барои ҳимоят аз ҳуқуқи Чоршанбе Чоршанбиев се вакили мудофеъ ҷудо кардааст. Дар изҳороти Эътилоф аз 11-уми январи 2022 гуфтаанд, Чоршанбе чанд дафъа хаттӣ ва даҳонӣ иттиҳоми эълоншударо рад кардааст. “Мақсади ман ҳеч гоҳ даъват ба зӯран гирифтани ҳокимият набуд. Ман ин ҷиноятро содир накардаам. Намедонистам, ки баромадҳои ман, мумкин аст, ҷиноят ҳисоб шавад. Ман бо талаби ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор муроҷиат кардам”, – гуфтааст Чоршанбиев.

Дар изҳороти Эътилоф омадааст: “Чоршанбе бо тафтишот ҳамкорӣ мекунад, дар додани баёнот самимӣ аст ва ҳама чизро тавре, ки ҳаст, мегӯяд. Сарфи назар аз иттиҳомҳои сангин, муносибати вай дӯстона аст, бодиққат ба суолҳое, ки ба вай медиҳанд, гӯш мекунад ва фаҳмо посух медиҳад. Вай мехоҳад, онҳоро мутақоид кунад, ки зидди ҳокимият намерафт, варзишгар аст ва баъзан эҳсосотӣ мешуд, вале талош мекард, зуд ин ҳолатро ислоҳ кунад. Ҳамеша дар ғалабаҳои худ бо парчами Тоҷикистон баромад мекард.”

Дар гузориши 24 январи 2022 омадааст, ки вакилони мудофеъ аз даъват шудани коршиносону сиёсатшиносон барои баҳо додан ба наворҳои Чоршанбе Чоршанбиев норозигӣ кардаанд. Онҳо талаб доранд, ки барои ташхиси наворҳои Чоршанбиев равоншиносону мутахассисони забони русӣ даъват гарданд.

Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки аз ҳуқуқи варзишгар ҳимоя мекунад, 24-уми январи 2022 бо нашри иттилоияе гуфт: “10-уми январ ташхиси ҳамаҷонибаи техникӣ, компютерӣ, сиёсӣ ва лингвистии навор бо ҳузури Чоршанбе Чоршанбиев таъин карда шуд.”

Дар хабарномаи Эътилофи зидди шиканҷа омадааст: ”Вакилони мудофеъ аз болои ташхис норозигӣ баён карданд, аз ҷумла ҷалби ташхисгар ва сиёсатшинос аз Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон. Вакилон гуфтанд, муайян кардани маъно, шакл ва ҳадафи изҳори назар — танҳо вазифаи забоншиносон ва равоншиносон аст. Дар асоси ҳамин вакилони мудофеъ талаб карданд, ки равоншинос ва мутахассиси забони русӣ ҷалб шавад.”

* * *

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёнии сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни шадидан маҳкум кардани боздошти варзишкори ҳунарҳои размӣ (ММА), Чоршанбе Чоршанбиев дар шаҳри Маскави Русия ва сипас истирдоди ӯ ба Тоҷикистон ва маҳкум кардани вай ба иттиҳомҳои беасос, ин иқдомро хилофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки ҳам дар қонунҳои мавҷуд дар Русия ба он ишора шуда ва ҳам қонунҳои ҷории Тоҷикистон ба онҳо тасреҳ кардааст дониста, аз мақомоти Тоҷикистон дархост кард, фавран ӯро озод ва ба хотири ин амали ғайриқонунӣ аз вай узр бихоҳанд.

КШНГЗС боздошт ва истирдоди Чоршанбиев ба Тоҷикистон ва маҳкум кардани ӯро сиёсӣ шумурдааст. Дар баёнияи ин созмон омада: “КШНГЗС бар ин бовар аст, ки Чоршанбе Чоршанбиев ҳаргиз амале, ки таҳти ин ду моддаи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шавандро муртакиб нашудааст. Бале, ӯ алайҳи сиёсатҳои ҳукумати феълии Тоҷикистон интиқодҳое дошта ва ошкорашон сохтааст. Вале интиқодҳои Чоршанбиев ҳаргиз “барагехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ” ва фаъолияташ “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ” шумурда намешаванд.

КШНГЗС ҳамчунин аз мақомоти баландпояи Федератсияи Русия хост, “иқдомҳои ғайриқонунии мақомоти интизомии ин кишвар ва ҳамкориашон бо мақомоти амниятӣ ва интизомии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мабнӣ бар боздошт ва истирдоди мунтақидони тоҷик амиқан арзёбӣ кунанд ва бибинанд, оё ин иқдомҳо ба суди ҳамкориҳои миллатҳои ду кишвари бародар ва шарикони стратегӣ ҳастанд ё нестанд?

КШНГЗС инчунин аз ҳамаи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари дохил ва хориҷи Тоҷикистон тақозо кардааст, барои озодии ин вазишкори тоҷик ва низ такрор нашудани ин иқдомҳои ғайриқонунӣ тамоми талоши худро ба харҷ диҳанд.

#Ҳафтаи_Нусратулло_Саидов_Чоршанбе_Чоршанбиев_ва_Амриддин_Аловатшоев

#Fee_Nusratullo_Saidov

#Fee_Chorshanbe_Chorshanbiev

#Fee_Amriddin_Alovatshoev

#Free_Political_Prizoners

#Озодӣ_ба_Нусратулло_Саидов

#Озодӣ_ба_Чоршанбе_Чоршанбиев

#Озодӣ_ба_Амриддин_Аловатшоев

#Озодӣ_ба_зиндониёни_сиёсӣ

Чоршанбе Чоршанбиев кист?: 7 комментариев

Добавьте свой

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: