Матни баёнияи ҳаводорон ва бастагони Нусратулло Саидов // Тазоҳурот дар назди сафорати Тоҷикистон дар Олмон – Аксҳо ва видео

Шуморе аз тоҷикони муқими Аврупо имрӯз (04.02.2022) дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин, пойтахти Олмон, дар эътироз ба боздошт ва дастгирии Нусратулло Саидов, бародарзодаи устод Саидабдуллоҳи Нурӣ, таҷаммӯи эътирозӣ баргузор карданд. Дар поёни ин тазоҳурот, баёнияе аз сӯи гирдиҳамомадагон ва бастагони Нусратулло Саидов хитоб ба мақомоти Тоҷикистон қироат шуд. Дар ин баёния таъкид шудааст, “таҷаммӯи эътирозии мо қадами аввалин аст. Агар фавран Нусратулло Саидовро раҳо насозед, мо иқдомҳои дигареро дар назар дорем ва то замоне, ки Нусратулло Саидов озод нашавад, лаҳзае ором наменишинем.”

Дар ин гирдиҳамоӣ ҳудуди 70-80 нафар ҷамъ омада, дар канори талаби озодии Нусратулло Саидов, ҳамчунин озодии соири зиндониёни сиёсиро дархост карданд.

Ба гузориши Аздо тв, дар ин тазоҳурот Абдусаттори Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониëни сиëсӣ дар Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни суханронияш гуфт, ки Нусратулло Саидов сеюмин нафар аз ин хонадон аст, ки бегуноҳ боздошт мешавад. Ӯ дар идомаи суханронияш ба мақомоти кишвар муроҷиат намуда гуфт, агар Саидов озод нашавад, маҷбуранд чунин тазоҳуротро дар тамоми кишварҳои аврупоӣ барпо кунанд ва ба ҳама созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар барои озодии ӯ муроҷиат кунанд.

Шехов Абдуқодир, раиси ҷамъияти “Нур” дар Олмон дар сӯҳбат бо Аздо тв гуфт: “Мутмаиннам, ки ин таҷаммӯъ фоида дорад ва мардуме, ки зери зулм қарор гирифтаанду садояшонро баланд карда наметавонанд, аз ин таҷаммӯъ ҷуръат, ғайрат ва таҷриба меомӯзанд.”

Ӯ ҳамчунин таъкид кард: “Ба хотири дур кардани зулму бедодгарӣ, ба зудӣ дар Тоҷикистон чунин гирдиҳамоиҳоеро хоҳем кард.”

Дар поёни ин таҷаммӯъ, баёнияе аз сӯи гирдиҳамомадагон ва бастагони Нусратулло Саидов қироат шуд, ки ба шарҳи зерин аст:

Мо, пайвандон ва наздикони Нусратулло Саидов, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон чанд рӯз аст ӯро бо баҳонаи бисёр пуч ва беасос боздошт ва нигаҳдорӣ мекунанд, дар назди сафорати кишварамон дар шаҳри Берлини Олмон ҷамъ омадаем, то эътирози худро нисбат ба ин рафтори ғайриинсонӣ иброз бидорем ва аз мақомоти дахлдор талаб намоем, ки фавран ӯро озод кунанд.

Нусратулло Саидов ҳеч гуноҳ ва айбе надорад, ки бо ӯ чунин рафтор бишавад. Танҳо “айби” ӯ ин аст, ки бародарзодаи устод Саид Абдуллоҳ Нурӣ, асосгузор ва яке аз сутунҳои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, дигар ҳеч айбе надорад. Ӯ метавонист дар ҳамон рӯзҳои аввали фишор бар мухолифон, Тоҷикистонро тарк кунад ва дар яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шавад. Вале ӯ чун ҳеч айбе надорад, боқӣ мондан дар Тоҷикистонро тарҷеҳ дод.

Ин ҳам, ки гуфта мешавад, ба хотири кӯмак ба маъюбон боздошт шудааст ва маблағҳое, ки барои онҳо сарф мекунад, гӯё аз як кишвар дарёфт кардааст, як ҳарфи беасос ва тӯҳмат аст. Бале, ӯ ба маъюбон кӯмак мекунад, инро на ӯ инкор мекунад ва на мо ва ҳеч инсони бовиҷдоне низ кӯмак ба маъюбонро кори нописанд намешуморад, вале дарёфти маблағ аз як кишвари дигар барои ин кор, як тӯҳмати бисёр бепоя аст.

Нусратулло Саидов риёсати як хоҷагиро бар ӯҳда дорад ва аз назари иқтисодӣ инсони дорое аст, ӯ барои кӯмак ба ин ё он, ниёз надорад, ки аз ҷое пул дарёфт кунад. Балки виҷдони инсониаш ӯро водор мекунад, нонашро ним кунад ва ба мӯҳтоҷон ёрӣ расонад. Бинобар ин, мақомоти Тоҷикистон бояд хушҳол шаванд, ки ба ҷои онҳо – ки вазифаашон аст, ба мӯҳтоҷони кишвар кӯмак кунанд – як шаҳрванд бо пулу моли худаш барои онҳо кӯмак мекунад. На ин ки инсони хайрхоҳеро боздошт кунанд ва бар ӯ фишор оваранд. Амали шумо дар воқеъ ин паёмро мерасонад, ки ҳеч кас ҳақ надорад, ба мӯҳтоҷе кӯмак расонад ва ниёзмандон аз гуруснагӣ ва надорӣ бимиранд. Шумо бо ин амалатон боис мешавед, боби кӯмак ба мӯҳтоҷон дар кишварро бибандед.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ба назари мо, сабаби асосии боздошт ва нигаҳдории Нусратулло Саидов аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон, таъйин шудани Муҳаммадҷон Нурӣ, фарзанди устоди марҳум Саидабдуллоҳи Нурӣ, дар ду ҳафта пеш ба унвони муовини раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аст. Мақомоти кишвар бидонанд, ки фаъолияти Муҳаммадҷон Нурӣ ҳеч рабте ба бастагону наздикони ӯ дар Тоҷикистон ва ба хусус Нусратулло Саидов надорад. Асосан, ин айб аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири фаъолияти яке аз бастагонашон боздошт ва мавриди фишор қарор бигиранд.

Бинобар ин, мо аз тамоми созмонҳо ва ниҳодҳои дифоъ аз ҳуқуқи башарии дохил ва хориҷи Тоҷикистон талаб мекунем, хомӯш набошанд, барои озодии Нусратулло Саидов ва садҳо зиндонии сиёсӣ ва бегуноҳи дигар дар Тоҷикистон садо баланд кунанд ва коре кунанд, ки ҳукумати Тоҷикистон даст аз ин гуна рафторҳои ғайриинсонии худ бардорад.

Мо, пайвандон ва бастагони Нусратулло Саидов, инчунин аз ҳамаи гурӯҳҳо ва аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, шахсиятҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқӣ, ки ҳамдардии худро баён карданд ва моро танҳо нагузоштанд, камоли ташаккурро менамоем.

Дар охир, паёми мо ба мақомоти Тоҷикистон ин аст, ки таҷаммӯи эътирозии мо қадами аввалин аст. Агар фавран Нусратулло Саидовро раҳо насозед, мо иқдомҳои дигареро дар назар дорем ва то замоне, ки Нусратулло Саидов озод нашавад, лаҳзае ором наменишинем.

Бо ташаккур, пайвандони Нусратулло Саидов

Берлин, Олмон

4 феврали 2022

Аксҳо ва видео аз ин тазоҳурот:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: