Раиси Созмони ҳуқуқи башари “Озодии Авруосиё”: “Хунрезӣ дар Бадахшон мамнӯъ аст!”

Лейла Сейитбек, Раиси Созмони ҳуқуқи башари “Озодии Авруосиё” таъкид кард, ки мақомоти Тоҷикистон бояд аз амалиёти низомӣ алайҳи мардуми осоиштаи Бадахшон парҳез кунанд.

Вай дар паёме дар Твиттер навишт:

Мақомоти тоҷик аз таъқиби рақиби сиёсии худ ва ҷонибдорони ӯ бояд аз амалиёти низомӣ ва истифодаи аз ҳад зиёди нерӯи марговар худдорӣ кунанд. Дар миёни мардуми осоиштаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хунрезӣ мамнӯъ аст!

Гуфтанист, 2 феврали соли ҷорӣ (2022) гузориш шуд, ки Додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон кардааст, нисбати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушодаанд.

Бар асоси ин гузориш, ин парванда дар пайи шикояти сардори Идораи маорифи ВМКБ, Лутфулло Наврӯзов боз шудааст. Наврӯзов дар наворе, ки маълум нест, дар чӣ шароит сабт шудааст, шикоят карда, ки гӯё аз тарафи Маҳмабоқиров латукӯб ва шиканҷа шудааст.

Ва ин дар ҳолест, ки Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, иддаои сардори Идораи морифро рад кард ва гуфт, бо ӯ танҳо як “сӯҳбати падарона” анҷом додааст. Вай гуфт: “Ман ӯро назадам. Бо вай як сӯҳбати падарона кардам. Маҳалгароӣ ҳам набуд. Муаллим бояд дурӯғ нагӯяд. Вай дар навор дурӯғ мегӯяд, маро бадном кард. Гуё ман террорист ҳастам. Не. Ман омӯзгоронро эҳтиром мекунам.”

Дар як гузориши 9-дақиқаӣ дар бораи ин ҳодиса, ки рӯзи 2-юми феврал тавассути телевизиони Бадахшон намоиш дода шуд, Парвиз Орифзода, додситони вилоят, гуфт, нисбати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо гумони “истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият”, “таҳқири намояндаи ҳокимият”, “вайрон кардани дахлнопазирии мардум”, “барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ” парвандаи ҷинояӣ оғоз гардид. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ин иддаоро “пурра тӯҳмат ва дурӯғ” номид.

Ба гузориши сомонаи Паём дар 4 феврали соли ҷорӣ (2022), Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров то соати 5-и субҳ вақт додааст, то худро таслими мақомот кунад. Дар сурати таслим нашудани Маҳмадбоқир, КДАМ таҳдид ба амалиёти низомӣ кардааст.

Тибқи иттилои манбаи мӯътамади Паём, ҳоло садҳо ҷавон дар маҳаллаи зисти Маҳмадбоқир ҷамъ омадаанд ва мегӯянд, ба ҳеч ваҷҳ ӯро таслими мақомот нахоҳанд кард. Ҳамчунин ҷавонони зиёде аз деҳаҳои атрофи Хоруғ худро барои ҳимояти Маҳмадбоқир ба Хоруғ расонидаанд ё дар ҳоли расидан ҳастанд. Манбаъ мегӯяд, худи Маҳмадбоқир низ зинда таслим шуданӣ нест. 

Бар асоси сомонаи Pamir Daily News дар санаи 3 феврали соли ҷорӣ (2022) бо истинод ба манбаъаш аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон, рӯзи 3 феврал “гурӯҳи махсуси қотилон” аз “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз Душанбе ба Хоруғ фиристода шудаааст. Манбаъ тасреҳ кардааст, ки тахассуси аслии ин гурӯҳ гузаронидани амалиёти вижа барои нобудсозии ҷисмонии афроди муайян мебошад.

#Ҳафтаи_дифоъ_аз_Маҳмадбоқир_Маҳмадбоқиров

#Бадахшон_Тоҷикистон_аст_ва_Тоҷикистон_Бадахшон!

#Badakhshan_is_Tajikistan_and_Tajikistan_is_Badakhshan!

#Бадахшан_это_Таджикистан_а_Таджикистан_это_Бадахшан!

#Тоҷикон_ҳама_бо_ту_ҳастанд_Маҳмадбоқир!

#The_Tajik_people_are_with_you_Mamadbokir!

#Таджикский_народ_с_тобой_Мамадбокир!

#Бадахшон_концлагер_нест!

#Badakhshan_is_not_a_concentration_camp!

#Бадахшан_не_концлагерь!

#Мо_бо_туем_Маҳмадбоқир!

#We_are_with_you_Mamadbokir!

#Бас_аст_зулм_ва_террор_алайҳи_мардуми_Бадахшон!

#Enough_oppression_and_terror_against_the_people_of_Badakhshan!

#Хватит_угнетения_и_террора_против_народа_Бадахшана!

#Мардуми_Бадахшон_ҳам_ҳаққи_конститусионӣ_доранд!

#The_people_of_Badakhshan_have_constitutional_rights_too!

#Народ_Бадахшана_тоже_имеет_конституционные_права!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: