Ҳюман Райтс Вотч: “Фавран дар ВМКБ интернетро барқарор кунед!”

Имрӯз, 7 феврали 2022, Созмони байналмилалии Дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Тоҷикистон хост, фавран дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) интернетро барқарор кунанд. Дар байнияи ин созмон омадааст, ки дастрасӣ ба интернет 25 ноябри соли 2021 дар пайи эътирозҳои густурда алайҳи куштори як сокини маҳаллӣ дар Хоруғ қатъ шуда.

Human Rights Watch ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон хост, макони боздошти Амриддин Аловатшоевро эълон кунанд ва иҷозат диҳанд, ӯ бо вакили мудофеъ таъмин бишавад ва вакилро худаш интихоб намояд. Ин созмон навишт, Аловатшоев, яке аз раҳбарони муҳоҷирон аз вилояти ВМКБ аст, ки дар моҳи ахир нопадид ва зӯран аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд.

Суйнат Султоналиева (Syinat Sultanalieva) — пажӯҳишгари Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ гуфт: “Қатъи интернет дар ВМКБ на танҳо поймол кардани ҳуқуқи озодии баён аст, балки зиндагиро барои тамоми мардум душвор ва ҳатто хатарнок мекунад.” Вай таъкид кард: “Мақомоти Тоҷикистон бояд бидуни таъхир дастрасӣ ба интернетро барқарор кунанд.”

Баёния меафзояд, мақомоти Тоҷикистон дастрасӣ ба интернет дар Хоруғро, ҳам дар мобилҳо ва ҳам дар интернетҳои собит, замоне қатъ карданд, ки 25 ноябри соли 2021 эътирозҳо бар асари кушта шудани як сокини маҳаллӣ ҳангоми боздошти ӯ шурӯъ шуд. Ҷавони кушташуда, Гулбиддин Зиёбеков, аз аввалҳои соли 2020 ба иттиҳоми ҳамла ба як мақоми давлатӣ, дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Роҳпаймоии чанд ҳазорнафараи мардум алайҳи қатли Зиёбеков барпо гардид ва ба хушунат печид. Нерӯҳои интизомӣ барои пароканда кардани издиҳом бо кушодани тир ду нафарро захмӣ карданд. Гуфта мешавад, ки чанд тан аз афсарони интизомӣ низ захмӣ шудаанд.

Баёния идома медиҳад, эътирозгарон пас аз таъсиси комиссияи мустақили 44-нафарӣ барои таҳқиқи марги Зиёбеков ва ду тазоҳургари дигар дар рӯзи чаҳоруми гирдиҳамоӣ розӣ шуданд, ки пароканда шаванд. Ин гурӯҳ ба “Комиссияи 44” маъруф шуд. Ҳукумат ваъда дод, ки эътирозгаронро таъқиб нахоҳад кард ва интернетро барқарор хоҳад намуд, аммо бо гузашти ду моҳ ин корро накард. Интернет дар Хоруғ дар ҳоли ҳозир танҳо барои кормандон дар ҳудуди бархе аз ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла милиса ва бонкҳо дастрас аст.

Баёния меафзояд, ки Аловатшоев дар Русия ба сар мебурд, ӯ дар ташкили пикет дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар моҳи ноябр дар робита ба куштор ва эътирозҳо дар Хоруғ саҳим буд. Хонаводааш гуфтанд, ки аз 11 январи соли 2022 яъне аз замони боздошти ӯ аз ҷониби мақомоти интизомии Русия, аз Амриддин хабаре надоранд.

Маҳалли будубош ва вазъи ӯ эълон нашуд, то он даме, ки Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 2 феврали 2022 гуфт, Аловатшоев дар боздоштгоҳи муваққатии Тоҷикистон қарор дорад, ки ба иттиҳоми ҷиноии номаълум ба сар мебарад. На Русия ва на Тоҷикистон тайи се ҳафтаи боздошти ӯ аз 11 январ то 2 феврал ва дар куҷо ва дар кадом шароит боздошт шудани ӯ рӯшанӣ наандохтанд. Тоҷикистон борҳо хостори истирдоди афроди мухолифи сиёсӣ ба Тоҷикистон шудааст.

Баёнияи Human Rights Watch меафзояд, махфӣ кардани маълумот дар бораи боздошти Аловатшоев, ғайб задани ӯ, маҳрумияташ аз озодӣ барои се ҳафта, нақзи ҷиддии қонунҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.

Human Rights Watch менависад, муҳим он аст, ки Аловатшоев аз ҳимояи комили қонун бархӯрдор бошад. Мақомот бояд кафолат диҳанд, ки Аловатшоев ба вакили мудофеъ (адвокат)-и интихобкардаи худ дастрасӣ дошта бошад, додгоҳи вай мустақиллона ва ба дур аз сиёсатҳои пешакардаи ҳукумат баргузор шавад. Ӯ бояд аз ҳуқуқи комил бархӯдор бошад, аз ҷумла тамос бо оила ва пизишк таъмин гардад. Ва то анҷоми як додгоҳи одилона, ба ҳеч ваҷҳ ба ӯ иттиҳом зада нашавад. Баёнияи ин созмон меафзояд, ба Амриддин Аловатшоев ҷиҳати нақзи ҳуқуқаш дар натиҷаи зӯран оварда шуданаш ба Тоҷикистон, ҷубронпулӣ пардохт гардад.

Баёнияи Human Rights Watch идома медиҳад, қатъи интернет ба зиндагии мардум дар саросари минтақа халал ворид кардааст, аз ҷумла ба фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва маориф ва дигар қишрҳои ҷомеа. Ба навиштаи расонаҳо, қатъи интернет алакай барои иқтисод, тиҷорат ва ҳаракати сокинони минтақа паёмадҳои манфӣ доштааст. Бисёриҳо маҷбур мешаванд, ки барои ирсоли маълумот ва ё амалиёти бонкӣ ё таҳсилот садҳо километрро тай кунанд.

Қатъи интернет ҳамчунин ба кори тафтишотии “Комисияи 44” халал расонд. Аъзои комиссия ҳамчунин гузориш медиҳанд, ки барои табодули иттилоот ё ирсоли паёмҳои видеоӣ ба ҳамтоёнашон бояд тамоми маълумотро дар диски USB захира карда, ба Душанбе ирсол кунанд.

Ба навиштаи Human Rights Watch, як созмони миллӣ ва байналмилалӣ рӯзи 26 январ бо нашри як баёния аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карда, ки бо барқарории фаврии интернет дар тамоми минтақаҳои ВМКБ, ба ҳуқуқи дастрасии мардум ба иттилоот эҳтиром гузорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: