КШНГЗС: “Шоҳида Маҳмадҷонова фавран озод шавад!”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тақозо кард, “фавран маҳалли нигаҳдории Шоҳида Маҳмадҷоноваро эълон кунанд ва маълум намоянд, ки чаро ва ба кадом далел ин бону ба хотири фаъолияти фарзанди болиғаш зери фишор қарор мегирад?” КШНГЗС афзуд: “Писари ӯ болои 18 сол син дорад ва худаш масъули гуфторҳо ва рафторҳояш аст. Тибқи қонунҳои ҷорӣ дар Тоҷикистон ва кулли ҷаҳон, инсони болои 18 сол худаш посухгӯи рафторҳо ва гуфторҳои хеш мебошад.”

Машрӯҳи баёнияи КШНГЗС ба шарҳи зерин аст:

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) нигаронии амиқи хешро аз бештар шудани фишорҳо бар мухолифони ҳукумат ва ин ки Ҳукумати Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон арҷ намегузорад, изҳор медорад, махсусан аз ин ки бонувон ва занон дар ин авохир бештар мавриди хушунат қарор мегиранд.

Чанд соли ахир, мақомот ба пӯшиши исломии занони мусалмон дахолат мекарданд ва ҳатто Вазорати фарҳанг барои навъи пӯшиши занон низомномае тартиб дода буд, ки хилофи арзишҳои демократӣ буда, нақзи ошкори ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.

Мо дар ин нома аз чӣ қадр ҷарима шудани занон барои пӯшидани ҳиҷоб намегӯем, балки сухани мо ин аст, ки бонувон ва занон дар ниҳодҳои қудратӣ мавриди хушунат ва бадрафторӣ қарор мегиранд; ниҳодҳое, ки вазифаашон ҳифзи ҷон ва номуси мардум аст.

Солҳои охир дар ин ниҳодҳо барои таъсир расонидан рӯи мухолифон, баргардонидани онҳо ба Тоҷикистон ё даст кашиданашон аз фаъолиятҳои сиёсӣ, модарон ва хоҳарони онҳоро зери фишор қарор медиҳанд. Даъват шудани ин бонувон ба ниҳодҳои қудратӣ ва зери фишор ба навор бардоштани сӯҳбати онҳо бо шавҳар, падар ё бародар, шевае аст, ки мақомот аз он кор мегиранд. Баъди даъват ба ниҳодҳои қудратӣ ва соатҳои зиёд нигоҳ доштани онҳо дар онҷо, ки бархе аз онҳо модароне пиранд, баъзе дучори бемории баландии фишор ва бемориҳое дигар гаштаанд.

Арҷ гузоштан ба ҳуқуқи занон ин арҷ гузоштан ба ҳуқуқи тамоми инсонҳост. Мутаассифона, фишору таҳдид, таҳқир ва хушунат нисбат ба онҳо аз ҷониби милиса, амният ва додситонҳо, ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳатто аз ҳолатҳое гуфта мешавад, ки занон баъди даъват ба ин ниҳодҳо, даст ба худкушӣ задаанд. Ҳодисаҳои охири Бадахшонро ҳам “харассмент”-и корманди додситонӣ нисбат ба занони маҳаллӣ унвон кардаанд.

Созмонҳои зиёди байналмилалӣ Тоҷикистонро — ки зери санадҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон имзо гузоштааст, аммо мутаасифона ба онҳо амал намекунад — борҳо хушдор додаанд, аммо вазъ бадтар шуда истодааст.

Имрӯза ҳукумат модарон, ҳамсарон ва гоҳе хоҳарони мухолифонро ба унвони гаравгон нигоҳ медорад ва намегузорад, ки аз кишвар берун шуда, ба бастагони худ бипайванданд. Саффи гаравгонон рӯз ба рӯз афзоиш ёфта, ҳукумат ҳар вақте ки зарур шуд, барои бастани даҳони мухолифин аз онҳо истифода мекунад. Ин шеваи бархӯрд дар дунё назир надорад ва ҷаҳониён аз рӯи он ба Тоҷикистон баҳо медиҳанд ва онро дар қатори кишварҳои худкома мешиносанд.

Ҳукумати Тоҷикистон фишору зӯровариро инкор мекунад, лекин расонаҳои мустақил ва созмонҳои ҳуқуқӣ аз ҷой доштани он ҳамоно менависанд. Масалан, рӯзи 03.02.2022 Шоҳида Маҳмадҷонова, модари яке аз блогерони ҷавони тоҷикро, ки ба ҳайси паноҳанда дар Олмон ба сар мебарад, ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат даъват менамояд. Инак, рӯзи 6-ум аст, ки касе дар куҷо будани ин занро намедонад ва мақомот бошад ба суоли шавҳар ва хешу табори ин зан посухе намедиҳад.

Шоҳида Маҳмадҷонова ба хотири фаъолиятҳои писараш борҳо мавриди фишори мақомоти қудратӣ қарор гирифта ва баъдан аз кор ронда шуда буд. 6 рӯз боз тамоми шабакаҳои иҷтимоии тоҷик бонги изтироб аз нопадид шудани як зан, як модари бегуноҳ мезананд, лекин ягон мақомдори баландпоя посух намедиҳад, ки ин зан дар куҷост, барои кадом ҷиноят боздошт шудааст? Равшан аст, ки ин бону ҷинояте содир накардааст, фақат гуноҳаш ин аст, ки фарзанди дигарандеше ба дунё овардааст; фарзанде, ки зидди ноадолатиҳо садо баланд мекунад.

Мавриди дигар, Нилуфар Раҷабова, духтари зиндонии сиёсӣ, Раҳматуллоҳи Раҷаб аст, ки солҳо мавриди таҳқир ва фишори нерӯҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон қарор гирифт ва саранҷом маҷбур гашт Тоҷикистонро ҳамроҳ бо фарзандони маълулаш тарк кунад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тақозо мекунад, фавран маҳалли нигаҳдории Шоҳида Маҳмадҷоноваро эълон кунанд ва маълум намоянд, ки чаро ва ба кадом далел ин бону ба хотири фаъолияти фарзанди болиғаш зери фишор қарор мегирад? Писари ӯ болои 18 сол син дорад ва худаш масъули гуфторҳо ва рафторҳояш аст. Тибқи қонунҳои ҷорӣ дар Тоҷикистон ва кулли ҷаҳон, инсони болои 18 сол худаш посухгӯи рафторҳо ва гуфторҳои хеш мебошад.

Мо аз тамоми созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занон, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, сафоратхонаҳо тақозо мекунем, ки дар ин қазия бетараф набошанд ва барои озодии Шоҳида Маҳмадҷонова талош кунанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

Варшава, Поланд

8 феврали 2022

КШНГЗС: “Шоҳида Маҳмадҷонова фавран озод шавад!”: Один комментарий

Добавьте свой

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: