Салом алайкум.
Ман Мамадбоқиров Мамадбоқир, сокини шаҳри Хоруғ ҳастам. Аз дасти Ҳукумати ВМКБ 30 сол мешавад, ки дар бало ҳастам.
Сабабашро намедонам. Мумкин аст, ки каме ҳам бошад, тарафдори ростӣ ҳастам, гапи ҳақро мезанам ва мардумро каму беш дастгирӣ менамоям. Барои ҳамин ҳукуматдорон маро бад мебинанд.
Дар Бадахшон ҷавонон қариб намондаанд, муттахассисон ва ходимони моро куштанд, ҷавонони моро маҳбас карда истодаанд. 30 сол шуд, ки мо зиндагии осоишта надорем.
Бароям на мақоми президентӣ даркор асту на талабгори ягон мансаб. Фақат аз ҳукуматдорон талаб дорем, ки бимонед, мо ба осоиштагӣ зиндагӣ намоем!
Аммо мутаасифона ҳукумат фақат моро маҳбас мекунанду мекушанду халос.
Соли 2012 бо 5000 нафар ҳукумат зиёда аз 24 нафар шаҳрвандро куштанд ва чандин нафари дигарро захмиву хонавайрон намуданд. Соли 2014 се нафари дигарро кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар рӯзи равшан куштанд. Барои чунин кирдорҳо кормандони мақомотҳои қудратӣ беҷазо монданд ва ягон кас ба даъвои мо намерасад.
Барои ҳамин, мудоме ман мегӯям, “Вой бар ҳоли Бадахшони бечораи ман аст!”
Ба монанди ҳиндуҳо (индейсҳо) дар бундубасту муҳосира қарор дорем. Не силоҳ дорему не сухан. Ба ягон ҷо моро роҳ намедиҳанд, ҳатто ба макотиби олӣ.
Мо душман ҳам нестем. На ба давлат хиёнат кардему на ба Раисҷумҳур. Фақат барои осоиштагии мулкамон хостгор ҳастему халос.
Шумо, ҳукуматдорон, ниҳоят бераҳм ҳастед! Ҳатто бо говзанбӯр нохуни баччаҳоямонро аз ангушт ҷудо менамоед. Миллати тоҷик чунин ҷоҳилу бераҳм нест.
Чандин маротиба ба Раисҷумҳур муроҷиат намудем, аммо тамоман ба доди мо намерасиданд. Аққалан бо назари яктарафа ба ҳоли мо ҳам нигаред, ки чӣ ҳолу аҳвол дорем?!
Барои ҳукумат хизмат намудам. Ман ҳам одами партофтагӣ набуда, рутбаам полковник буд, командири қисми марзбонӣ будам. Дар ноҳияи Мурғоб қисми ҳарбии марзбонии хуб доштем. Ноҳияи Мурғобро обод намудем. Роҳи Қулмаро кушодем. Баъд аз кушодани ин шоҳроҳ, маро ҳукуматдорон фавран душман бароварданд.
Дар вақти адои вазифаи хизматиам, 736 кг маводди мухаддир (героин)-ро дастгир намудам. Ман чӣ гуноҳ доштам? Аз вазифа маро озод намудед. Ва ба ивази он ки барои хизматам ба ман як ордени “Спитамен” ва ё рутбаи генералӣ медодед, аммо баръакс маро душман баровардед, он ҳам ба хотири “бор”-и раиси ВМКБ.
Эй мардум! Гуноҳи ман дар чист, ки маводди мухаддирро дастгир намудам?!
(Ҳукуматдорон!) Аз ҷонамон моро сер кардед! Намедонам, ки ин ҳукуматдорон чи мехоҳанд?!
Айни замон, ҳукуматдорон аз ман талаб доранд, ки бояд ман худро ба мақомоти қудратӣ супорам. Ман чӣ гуноҳи бузурге кардам? Магар ман ба ягон гурӯҳе, ба монанди ИГИЛ ва ё ба ягон гурӯҳи дигар, рафтаам? Мо, як мардуми бечора ҳастем.
Раиси ҳозираи ВМКБ нисбати ман хусумати шахсӣ дорад. Ба Худо қасам! Ин шахс дар вақти адои хизматам дар ноҳияи Мурғоб, афсари зертобеъи ман буд. Ман аз бисёр корҳои махфӣ ва барои мардуми оддӣ номаълуму ноаён хабардор ҳастам. Масалан, ӯ дар таҷовузи як духтар дар ноҳияи Мурғоб даст дошт.
Ба Худо, ман намедонам, ӯ ба ман чӣ кор дорад?! Айни замон, раиси ВМКБ шудасту хоҳиши маро куштан дорад. Барои чӣ? Ман ҳам як шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам, шаҳрванди қонунбардор ҳастам, ман боре ҳам чароғаки ҳаракати роҳро вайрон накардаам. Аммо кам-кам мардумро дастгирӣ менамоям. Пеши роҳи қонунвайронкуниҳои ҳукуматдоронро мегирам.
Ба ҳар ҳол, оё ягон кас маро дуруст мефаҳмад ва мепурсад? Террористу одамкуш худи шумо, ҳукуматдорон, ҳастед!
Баччаҳоро куштанд ва мехоҳанд, айби худашонро бар сари ман бор кунанд. Ба ҷои он ки айбдорони ҳақиқӣ яъне кормандони мақомотҳои ҳукуматиро ба ҷавобгарӣ бикашанд, баръакс маро, як шаҳрванди бечораро таъқиб карда истодаанд.
Не, намешавад! Чунин кирдори мақомоти давлатӣ ба ягон чаҳорчӯб рост намеояд.
Ман як умр ба мардуми Ванҷу Дарвоз ҳурмату эҳтиромро баҷо овардаам ва меоварам. Дар вақти ҳозира, баъзе сокинони Ванҷу Дарвозро ҳукуматдорон ба пеш кашидаанд. Барои мисол, сардори раёсати маорифи ВМКБ, ки зодаи ноҳияи Ванҷ мебошад, дар телевизион баромад карда, маро террорист номид, ҳол он ки ӯ на маро мешиносад ва на ман ӯро.
Дар кадом асос ӯ маро террорист номид? Ӯ худаш террорист мебошад, чунки чандин муаллимаҳои мактабро бо тарсу фишор маҷбур ва ҷонбезор кард, ки онҳо бояд дар телевизион баромад намоянд. Чандин маротиба ба ӯ ба мулоимӣ ва хубӣ гуфта будам, ки чунин корҳоро бас кунад, чун муаллим ҳастӣ, вазифаи худат тарбияи насли наврас мебошад. Ба сиёсат чӣ кор дорӣ? Аммо, ӯ кори худро давом дода, муаллимонро ҷонбезор кард.
Одамро чунин кирдори ҳукуматдорон маҷбур месозад, ки нисбати онҳо ягон чора биандешад. Чандин маротиба бо хубӣ ӯро таъкид карда будам. Сардори маорифи ВМКБ-и пешина (Раиси ҳозираи ноҳияи Ванҷ, Одиназода Мардихудо) низ аз ноҳияи Ванҷ буд. Ба дараҷаи олӣ ӯро ҳурмату иззат намудем. Мардуми мо чандин маротиба ба хобгоҳ ба ӯ хӯрок мебурданд ва аммо ӯ тамоми қошуқу косаи мардумро бо худ ба хона бурда, аз телевизион моро террорист ном мебарад. Бо ин кирдор, ба намакдони мо туф карду рафт. Ин ба кадом хислати инсонӣ рост меояд?!
Мардуми Ванҷ чунин хислат надоранд. Вале дар вақтҳои охир ин чӣ бало бар сари мардум омадааст, ман намедонам.
Эй мардуми Ванҷу Дарвоз! Ман ягон бор ба шумоён хиёнат накардаам! Ман нону намаки шуморо хӯрдаам! Шумоён бисёр одамони барӯманд доред. Гап надорем. Аммо дар ҳолати ҳозираи ҳукуматдорон бо ҷанги информатсионӣ маро бахусус ба шумоён “деви сиёҳ” нишон додаанд.
Ҳукуматдорон моро ба қатл мерасонанд, моро қотилу террорист ном мебаранд, аммо бароямон гӯё, ки гап задан мумкин нест. Не, намешавад! Мо ба ҳеч арзиш мухторияту мардонагии худро аз даст намедиҳем!
Марҳамат, ҳукуматдорон биёед, ман омода ҳастам! Маро ба қатл расонед, аммо мо сарамонро ба шумо хам намекунем!
Ту, раиси ВМКБ, нисбати ман хусумати шахсӣ дорӣ. Аз қисми ҳарбиямон туро пеш карда, аз кор озод кардам. Ту худат медонӣ, барои чӣ. Ҳозир бошад, фикри мекунӣ, ки ту раис шуда, маро таъқиб карда истодаӣ?
Ту кистӣ? Ту як лейтенант ҳастӣ! Бароям як лейтинанти калон будиву мемонӣ. Генерал фақат барои худат ҳастӣ. Ба қисми ҳарбӣ туро қадам задан намемондам, қабул ҳам накардам ва тамоман қабулу эътироф ҳам намекунам. Фаҳмидӣ? Ҳар нияту хоҳише, ки ҳам дорӣ, ман омода ҳастам. Фаҳмидӣ?
Биёеду ҳамаи моро ба қатл расонед! Ҳозир ҳамаи сохторҳои таъиноти махсус ва низомиёнро ба Хоруғ овардед. Ором моро бимонед! Мо чӣ гуноҳ кардем? Магар мо ба давлат хиёнат кардем? Ё ки ба ИГИЛ (ДОЪИШ) рафтем? Он сокини ноҳияи Дарвозе, ки маро террорист гуфта буд, шарм надорӣ, ки писари худат дар ИГИЛ қарор дорад?! Шарм надорӣ? Рӯят сиёҳ!
Аз Рӯшону Шуғнон ҳатто як нафар ҳам ба ИГИЛ нарафтааст. Аммо 58 нафар аз Ванҷ ва 5 ё 7 нафар аз Дарвоз ба ИГИЛ рафтанд. Ман тамоми мардуми Ванҷу Дарвозро дар назар надорам, фақат он нафарони косалесу чоплусони ҳукуматиро дар назар дорам. Имрӯзҳо моро террорист ном бурда, ҳазорҳо низомиро ба Хоруғ овардед. Беҳтар он аст, ки ҳукуматдорон марзро ҳифз намоед.
Ба мо чӣ кордор ҳастед, монед мо ба осоиштагӣ зиндагӣ намоем.
Эй мардум! Ман як умр шуморо нафурӯхтам ва намефурӯшам! Ман омода ҳастам, ки барои халқам 5 маротиба кушта шавам!
Ба ҳукуматдорон бовар накунед! Телевизиони Бадахшонро тамошо карда наметавонем, фарзандони моро ба касалӣ гирифтор намудед. Барномаҳои телевизионро халқ тамошо намекунад. Шарм надоред? Изо намекашед?
Маҳаллаҳо ва диёри азияткашидаи моро низомиён муҳосира кардаанд. Аз ҷонамон моро безор кардед!
Эй мардум! Биёед ҷамъ шавему чӣ хоҳише ҳукуматдорон доранд, бар сари мо кунанд! Имрӯзҳо ҳукуматдорон ягон балоро бар сари мо меоваранд. Мо ҳам омода ҳастем! Мо силоҳ надорем, аммо мо бо санг ҳам бошад, худро муҳофизат карда қотилонро пеш мекунем! Фаҳмидед?
Ина гапҳои ман барои раиси ВМКБ.
Мардуми бечораро аз ҷонашон безор кардед!
Эй Мирзонаботов! Ҷойи ту дар маҳбас мебошад! Фаҳмидӣ? Барои ҷинояти таҷовуз ба номуси духтар. Дар ағбаи Қизил Арт чандин маротиба туро қапидам, шарм надорӣ? Изо намекашӣ? Афсари хуб шуда, ба мактаби олӣ ҳам мо туро дохил намудем ё не? Аз номи квотаи ҳукуматии 30% Погранинститут ва Генштабро хатм кардӣ. Туро бояд трибунали байналмилалии Гаага барои ҷиноятҳои зидди одамият ба ҷавобгарӣ кашад! Фаҳмидӣ гапҳои маро? Шабатон Хуш!
Манбаъ: сайти Паём
Видеои ин муроҷиатнома:
#Ҳафтаи_дифоъ_аз_Маҳмадбоқир_Маҳмадбоқиров
#Бадахшон_Тоҷикистон_аст_ва_Тоҷикистон_Бадахшон!
#Badakhshan_is_Tajikistan_and_Tajikistan_is_Badakhshan!
#Бадахшан_это_Таджикистан_а_Таджикистан_это_Бадахшан!
#Тоҷикон_ҳама_бо_ту_ҳастанд_Маҳмадбоқир!
#The_Tajik_people_are_with_you_Mamadbokir!
#Таджикский_народ_с_тобой_Мамадбокир!
#Бадахшон_концлагер_нест!
#Badakhshan_is_not_a_concentration_camp!
#Бадахшан_не_концлагерь!
#Мо_бо_туем_Маҳмадбоқир!
#We_are_with_you_Mamadbokir!
#Бас_аст_зулм_ва_террор_алайҳи_мардуми_Бадахшон!
#Enough_oppression_and_terror_against_the_people_of_Badakhshan!
#Хватит_угнетения_и_террора_против_народа_Бадахшана!
#Мардуми_Бадахшон_ҳам_ҳаққи_конститусионӣ_доранд!
#The_people_of_Badakhshan_have_constitutional_rights_too!
#Народ_Бадахшана_тоже_имеет_конституционные_права!
Добавить комментарий