Ба қалами Зафари Сӯфӣ
Дуруд, Муҳаммадбоқири азиз!
Шояд ин нома то ту нарасад ва ҳеч гоҳ онро нахонӣ. Қисмат набуда ва шояд аз камсаодатии ман аст, ки мо ҳеч гоҳ ҳамдигарро аз наздик надидаем. Ҳамсӯҳбат нашудаем. Бо ҳам ошно нестем.
Аммо ман эҳсос мекунам ва бар ин боварам, ки туро чандин сол аст, ки хеле хуб мешиносам. Магар мешавад ғурурро, озодагиро, мардумдориро, азхудгузаштагиро, ҷасоратро, содагиро, ҷавонмардиро, ростгӯиро, оштинопазирӣ бо фасоду ҷиноятро, қад алам кардан дар баробари зӯргӯӣ ва зиёдахохиро, ки ин ҳама дар шахси ту ба таҷассум меёбад, нашинохт?!
Муҳаммадбоқир! Медонам, ки имрӯзҳо хеле таҳти фишорӣ. Дар баробари сели азими фитнаву таҳқиру тӯҳмату бадгӯии фасодкорон, ҷинояткорони либоси низомипӯшида, уқдаиҳои каммоя, чингизманишон, интиқомҷӯёни тарсӯ ва дӯстону ҳамтаборони ноогоҳу фиребхӯрда қарор дорӣ. Вале хушҳолам, ки ҳамчунон қоматат рост ва сарат баланд ва тимсоли ҶАСОРАТ ва ШУҶОАТ ва ҶАВОНМАРДӢ ҳастӣ ва ҳозирӣ дар роҳи дифоъ аз ҳаққи мардумат то охири хат биравӣ.
Шояд фурсате барои хондани ин навишта надошта бошӣ. Ин ба назарам муҳим нест. Ҳадафи усулӣ ва асосии ман ҳам аз ин навишта онро хондани ту ё дигарон ҳам нест. Балки он аст, ки дар баробари он чи ба сари ту овардаанду оварданиянд, дар муқоюбили ин ҳама аъмоли ғайриқонунӣ ва зӯргӯёна як гурӯҳе нисбати туву ҳаматаборонам дар Бадахшон мавзеъи худро баён карда бошам.
Медонам, ки амвоҷи бепоён ва азиму пайвастаи таблиғот чунон зеҳни бархеро хароб карда, ки мавзеъи худро ошкор кардани маро ҳам ҷинояту хиёнат арзёбӣ мекунанд. Гӯри падарашон! Ҳар ғалате дилашон мехоҳад бикунанд. Муҳим, ман худ медонам, ки чӣ кор мекунам ва пеши Худову виҷдони худ барои ин амалам пок ҳастам. Зеро дар ин кор ниятам фақат самимият, ихлос, хайрхоҳӣ, садоқат ва дӯстӣ асту бас!
Бародари азиз! Дарк мекунам, ки ин рӯзҳо бароят хеле сахту сангин аст. Ҳамон гуна, ки худам гуйтӣ безорат кардаанд. Аммо умедворам ҳар чи зудтар мушкилот бигзарад ва рузҳои орому осуда дар пеш бошанд.
Умедворам, рӯзе қисмат бишавад ва зиёратат насибам бишавад, бародари сарбаланди ман.
Таманнои онро дорам, ки рӯи тахтасанге ё сояи чаноре ё лаби чашмае бо ту мусоҳибае дошта бошем.
Сӯҳбате ба дарозои ин ҳама ранҷу азияту ноҷавонмардие, ки нисбатат раво диданд.
Мусоҳибае ба сангинии бори ин ҳама фитнаҳое, ки алайҳат роҳандозӣ карданд.
Гуфтугӯе ба дарозову сангинии роҳу рӯзгори ғурбати иҷбории ман.
На беҳтараш гапу гуфте хоҳем дошт ба андозаи шукӯҳу ғуруру покбозии ту ва ба ҳадди баландои Помир.
Аммо азбас ханҷари фитна хунрез аст, метавонад сарнавишт он гуна рақам хӯрад, ки ба дилхоҳу муроди мо набошад.
Агар қисмат набуду ноҷавонмардона ва мисли кафтор алайҳат ҳуҷум кунанд ва Худой нахоста балое ба сарат оранд, қавли бародарӣ медиҳам, ки то рамақ аз ҷон дорам ва то нафасҳои пасин талош хоҳам кард то номи покат барқарор бимонад ва ғурурат, сарбаландият, мардумдорият ва соири вижагиҳоят, ки боиси роҳбари мардумӣ шуданат ва дар дилу ҷони мардум ҷойгоҳ ёфтанат шуд ба шаклҳои мухталиф ба гӯши фардоиён бирасонам.
Медонам, ки ту бо Худои худ ва дар роҳи дифоъ аз адолату манфиати мардумат барои ҷовидон ва покиву абадият муомила кардаӣ. Жарфнои ин нуктаро на ҳар фарде дидан метавонад. Онҳое, ки дар лаҷанзори фасод ва мардумфиребӣ ғарқанд ин покиро на танҳо қабул надоранд, балки бар зиддаш ҷанг эълом кардаанд. Вале ту медонӣ, ки рисолати офтоб гармо бахшидан ва рӯшанӣ пахш кардан аст. Садоқати ту, ҷасорати ту, азхудгузаштагии ту дар вуҷуди ҳазорон–ҳазор ҳамватанҳоят гармии бовар ба адолату ростиро мебахшад ва дилҳояшонро рушан мегардонад.
Азизи баробар! Агар дар ин миён умр вафо накарду ман чашм аз ҷаҳон бастам ба фарзандон ва ҳаводорони ҷавони худ васият хоҳам кард, ки барои посдошти номи покат ва намунаи ибрат қарор додани роҳи талошҳоят барои барқарории адолат ва садоқату муҳаббатат ба мардуму меҳан тамоми талошашонро бикунанд.
Муҳаммадбоқири гиромӣ! Мову ту медонем, ки муҳим нест як инсон сад сол зиндагӣ кунад. Муҳим он аст, ки дар роҳи рост бошад ва зиндагии сарбаландона дошта бошад. Муҳим он аст, ки садҳову ҳазорон инсон ва садсолаҳо як фардро ба некӣ ёд кунанд.
Ман бо камоли бовар мегӯям, ки туро, бародари азиз, садсолаҳо ба некӣ ёд хоҳанд кард. Хоҳ ба унвони мардумдор, хоҳ ба сифати қурбонии бозиҳои касифи ноҷавонмардон. Дар ҳама ҳолат номи ту нек ва ёдат азиз хоҳад буд. Фикр мекунам барои як мард ин бузургтарин саодат аст.
Фаромӯш нашавад, ин нуктаро ҳам бигӯям, ки сӯҳбататро чанд бор тамошо ва гӯш кардам. Гуфтаӣ мо силоҳ надорем, бо санг дар муқобили силоҳҳоятон хоҳем истод ва шуморо аз хонаҳои худ дур хоҳем ронд.
Бародари ман! Туву ҳамраҳонат ва ҳамаи инсонҳое, ки дар мушкилтарин лаҳзаҳо барои дифоъ аз мардум қад алам мекунанд, бузургтарин силоҳро дар ихтиёр доранд. Он силоҳ ҷасорат аст, азхудгузаштагист. Хуб медонӣ, ки дар баробари ин силоҳ тонку тӯпу калашников ҳеч аст.
Пурсидаӣ, ки аз ҷони ту чӣ мехоҳанд ва чиро беш аз ду даҳсола аст намегузоранд, ки ором зиндагӣ кунед.
Ҷони бародар! Тӯдаи тарсу, фасодкорон, ҷинояткорони паноҳбурда пушти пардаи қонуну мансаб ва азхудрозиҳои уқдаӣ аз ҳамин ҷасорату азхудгузаштагии туву афроде мисли ту метарсанд.
Онҳо худро дар сояи шаҳомату садоқату қомати баланди ғуруру ҷасорати ту ва аз дурахши офтоби муҳаббати мардум нисбати ту вуҷуди ҳақирашонро аз буда бештар ҳақиртар мебинанд. Онҳо намедонанд ва қабул ҳам карда наметавонанд, ки обрӯ, меҳри мардум, ҷойгоҳу пойгоҳ барои як инсон ҳадяи илоҳист. Ҳадяест, ки на ҳар кас ба он сазовор мешавад ва агар Худо нахост ҳеч кас онро аз ту гирифта наметавонад.
Намедонам, ин навиштаро кай мехонӣ. Зеро аз як сӯ таҳдиди шабонарӯзӣ ба ҷони туву хонаводаву ҳаводоронат ва аз сӯи дигар набудани интернет дар Хоруғ шояд фурсати хонданро азат бигирад. Ҳатто агар ин навиштаро нахондӣ ҳам зиёд нороҳат нахоҳам шуд. Зеро ҳадафам аз зикри ин нукта он буд, ки таъкид кунам, мақомот бо роҳ андохтани фитна дар Хоруғ ва ҳуқуми густарда алайҳи ту ва билахира қатъи интернет боз як ҷинояти бузурге анҷом доданд. Набудани интернет, балки дастрасии онро қатъ кардан бо баҳонаҳои беасосу шармовару хандадор воқеан як фоҷеаи миллист. Ману мо барои ин хиёнат ҳеч гоҳ дастандаркорони ин амали нангинро нахоҳем бахшид.
Туро ба Худои тавоно месупорам.
Бо эҳтиром Зафари Сӯфӣ, Фаронса.
10.02.2022
Манбаъ: Фейсбук