Абдусаттор Бобоев: “Ба ҷои Муҳаммадбоқир, ба дунболи Иброҳим Исмоил биравед!”

Абдусаттор Бобоев бо ишора ба тасмими ҳукумати Тоҷикистон барои боздошти Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, аз раҳбарони минтақаи Бадахшон, гуфт, агар мақомот дар иддаои худ содиқ бошанд, марҳамат пеши роҳи Иброҳим Исмоил (аз раҳбарони “Фронти халқӣ”), ки писари худро куштааст, бигиранд! Вай афзуд, агар имрӯз ҳукумат ба Кӯлоб барои боздошти Иброҳим Исмоил биёяд, бо боварии комил мегӯям, ки ҳатто як нафар ба дифоъ аз ин ҷинояткор бапо нахоҳад хест, аммо вақте ҳукумат тасмим гирифт, Муҳаммадбоқирро боздошт кунад, қариб тамоми мардуми Бадахшон ба дифоъ аз ӯ бапо хестанд ва ҳозиранд, ҷонашонро диҳанд, вале Муҳаммадбоқирро таслими мақомот накунанд, зеро муҳаббати ин мард дар қалби мардум ҷой дорад.

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), дар барномаи видеоии ҳафтаии худ, ба сӯҳбат дар бораи ҳодисаҳои ахири Бадахшон пардохт ва гуфт, ки ӯ наздик ба чаҳор сол дар ин минтақа кору зиндагӣ кардааст ва бо мардуми ин диёр аз наздик ошност.

Ӯ таъкид кард, бадахшониҳо дар ватандӯстӣ ва пойбандӣ ба қонун беназиранд ва таҳдидҳое, ки ҳукумат имрӯза мекунад, мардуми бофавои ин минтақаро ҳадаф гирифтааст.

Бобоев бо ишора ба меҳмоннавозии мардуми минтақаи Бадахшон, гуфт, вақте хидмати марҳум Имомназар Имомназаров (яке аз раҳбарони ин минтақа) расидам, ӯ барои ман дар хонаи худ ҷой дод ва чанд соле, ки дар Бадахшон будам, меҳмоннавозие аз ӯ ва мардуми ин минтақа дидам, ки назир надорад.

Ӯ идома дод, ин ки мегӯянд, гӯё бадахшониҳо кӯлобиҳоро ва куллан мардуми дигар минтақаҳои Тоҷикистонро дӯст надоранд, як дурӯғи ошкор аст ва ман худам кӯлобӣ ҳастам ва ҳаргиз аз онҳо бемеҳрӣ надидаам.

Бобоев хотиррасон кард, касоне, ки ин тӯҳматҳоро мезананд, боре ҳам ба Бадахшон наомадаанд ва бо руҳияи мардуми ин минтақа ошно нестанд. Ӯ гуфт, боре биёед ва бибинед, ки ин мардум чӣ қадр меҳмоннавоз ва бомуҳаббат ҳастанд, сипас доварӣ кунед!

Абдусаттор Бобоев дар бахше дигар аз суханони худ, ба сӯҳбат дар бораи Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров пардохт ва гуфт, бо ӯ аз наздик ошност ва афзуд, ҳамаи ин ҳарфҳое, ки мақомот ва атрофиёнашон имрӯз алайҳи Муҳаммадбоқир мепарокананд, дурӯғ ва тӯҳмат аст.

Раиси КШНГЗС сипас ёдовар шуд, ин ки сардори Идораи маорифи вилояти Бадахшон, Лутфулло Наврӯзов иддао мекунад, ки гӯё Муҳаммадбоқир ӯро латукӯб кардааст ва ин хабар ҳамаҷоро фаро гирифта, бо қатъу яқин мегӯям, ки дурӯғ аст.

Бобоев идома дод, Муҳаммадбоқире, ки ман мешиносам, чунин рафторе аз ӯ сар намезанад ва ҳамаи ин корҳо барои сиёҳ кардани чеҳраи ӯ дар кишвар, махсусан дар назди бадахшониҳост.

Раиси КШНГЗС дар идома гуфт, агар мақомот дар иддаои худ мабнӣ бар нуқта гузоштан ба бебандубориҳо ва қонуншиканиҳо дар кишвар содиқ бошанд, пас чаро ба дунболи ҷинояткорон ва қонуншиканҳои воқеӣ намераванд?!

Вай дар ҳамин робита, ба моҷарои Иброҳим Исмоил, аз раҳбарони “Фронти халқӣ” дар Кӯлоб, ишора кард ва гуфт, ин ки Иброҳим Исмоили ҷинояткор дар пеши чашмони худам фарзандони Шайх Камолро бо таппонча куштааст, ҷои худ, дар бораи он чизе намегӯям, вале ин мард писари худро кушт, аммо чаро мақомот чизе нагуфтанд?! Бобоев афзуд, Иброҳим Исмоил имрӯз дар озодӣ аст ва барои ин ҷинояташ ҳукумат ҳеч чиз нагуфт ва ҳеч кор накард.

Бобоев афзуд, агар мақомот дар иддаои худ содиқ бошанд, марҳамат пеши роҳи Иброҳим Исмоил ва амсоли вай аз бебандуборҳо ва қонуншиканҳоро бигиранд!

Раиси КШНГЗС сипас хитоб ба мақомот гуфт, шумо ба ҷои таъқиби Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, ки аз раҳбарони Бадахшон аст ва ба мардум хидмат мекунад ва аз ин рӯ мардум ӯро дӯст доранд ва бениҳоят эҳтиромаш доранд, ба суроғи Иброҳим Исмоилҳо биравед ва ӯро боздошт кунед!

Бобоев идома дод, ман ба боварии комил мегӯям, ки агар имрӯз ҳукумат ба Кӯлоб барои боздошти Иброҳим Исмоил биёяд, бо боварии комил мегӯям, ки ҳатто як нафар ба дифоъ аз ин ҷинояткор бапо нахоҳад хест, ҳатто як нафар. Аммо вақте тасмим гирифтед, Муҳаммадбоқирро боздошт кунед, қариб тамоми мардуми Бадахшон ба дифоъ аз ӯ бапо хестанд ва ҳозиранд, ҷонашонро диҳанд, вале Муҳаммадбоқирро таслими шумо накунанд. Зеро муҳаббати ин мард дар қалби мардум ҷой дорад.

Абдусаттор Бобоев дар охир аз шаҳрвандони Тоҷикистон хост, ҷилави бебандубориҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон биистанд ва нагузоранд, нерӯҳои интизомӣ барои боздошти Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ба Бадахшон лашкар бикашад.

* * *

Гуфтанист, сайти Аздо ба нақл аз пойгоҳи хабарии Pamir Daily News бо истинод ба манобеи худ аз шаҳри Хоруғ хабар дод, ки мақомот шарт гузошта гуфтаанд, агар то 15-уми феврал Мамадбоқир Мамадбоқиров ва дигар афроде, ки онҳоро талаб доранд, таслим нашаванд, мақомот барои дастгир кардани онҳо муддати як ҳафта дар дохили шаҳр амалиёти махсус мегузаронанд.

Ба қавли манбаъ, “аммо на Мамадбоқир Мамадбокиров ва на шахсони дигар худро ҷинояткор ҳисоб намекунанд ва нияти таслим шуданро ҳам надоранд. Вазъият дар шаҳр ором, вале номуайян боқӣ мемонад.”

Ҳамзамон шаби гузашта нерӯҳои мусаллаҳ мехостанд, бо мошин вориди микрорайони “Гулакэн” шаванд, вале сокинони маҳаллӣ дар назди Ҷамоатхона ҷамъ омада, онҳоро нагузоштанд, ки ворид шаҳр шаванд.

Ҷавонони маҳаллӣ ба низомипӯшони муссалаҳ гуфтаанд, ки дар шаҳр ҳолати ҳарбӣ эълон нашудааст ва афроди мусаллаҳ ҳақ надоранд, ки вориди шаҳр шуда, оромии мардуми маҳалро халалдор кунанд.

Зафари Сӯфӣ, рӯзноманигори номии кишвар ва мудири сойти “Озодагон”, дар ёддоште, дар бораи Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров навишта, хитоб ба вай аз ҷумла гуфтааст:

Агар қисмат набуду ноҷавонмардона ва мисли кафтор алайҳат ҳуҷум кунанд ва Худой нахоста балое ба сарат оранд, қавли бародарӣ медиҳам, ки то рамақ аз ҷон дорам ва то нафасҳои пасин талош хоҳам кард, то номи покат барқарор бимонад ва ғурурат, сарбаландият, мардумдорият ва соири вижагиҳоят, ки боиси роҳбари мардумӣ шуданат ва дар дилу ҷони мардум ҷойгоҳ ёфтанат шуд, ба шаклҳои мухталиф ба гӯши фардоиён бирасонам.”

Видеои Абдусаттор Бобоев, раиси КШНГЗС:

#Ҳафтаи_дифоъ_аз_Маҳмадбоқир_Маҳмадбоқиров

#Бадахшон_Тоҷикистон_аст_ва_Тоҷикистон_Бадахшон!

#Badakhshan_is_Tajikistan_and_Tajikistan_is_Badakhshan!

#Бадахшан_это_Таджикистан_а_Таджикистан_это_Бадахшан!

#Тоҷикон_ҳама_бо_ту_ҳастанд_Маҳмадбоқир!

#The_Tajik_people_are_with_you_Mamadbokir!

#Таджикский_народ_с_тобой_Мамадбокир!

#Бадахшон_концлагер_нест!

#Badakhshan_is_not_a_concentration_camp!

#Бадахшан_не_концлагерь!

#Мо_бо_туем_Маҳмадбоқир!

#We_are_with_you_Mamadbokir!

#Бас_аст_зулм_ва_террор_алайҳи_мардуми_Бадахшон!

#Enough_oppression_and_terror_against_the_people_of_Badakhshan!

#Хватит_угнетения_и_террора_против_народа_Бадахшана!

#Мардуми_Бадахшон_ҳам_ҳаққи_конститусионӣ_доранд!

#The_people_of_Badakhshan_have_constitutional_rights_too!

#Народ_Бадахшана_тоже_имеет_конституционные_права!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: