Рустами Ҷонӣ
Аз табибе, ки дар бахши ташхиси намои инсон маҳорати бесобиқа дорад, хостем вазъи Амридин Аловатшоевро аз рӯи тасвир ва видео баҳо диҳад. Ному насаби ӯро намеорем, чунки намехоҳем сабаби таҳдид ба ҷону озодиаш шавем. Фақат мегӯям, ӯ дар ҷои бонуфузе дар яке аз кишварҳои Аврупо кор мекунад.
Барои ташхис тасвир ва видеои зиёд дар ихтиёр дошт. Ҳамаи ин маводҳо бо навори иқрори Аловатшоев, ки 12-уми феврал дар ТВ Бадахшон нашр шуд, қиёс шуданд.
“200% бар ин боварам, ки Амриддин Аловатшоевро задаанд,”- ба натиҷа расидааст табиб. Табиб мегӯяд, намои чеҳраи ӯ тағйир ёфтааст. Аз ҳисоби варами бофтаҳои нарм рӯй барҷаста менамояд. Ин осор одатан аз 16 то 20 рӯз боқӣ мемонад.
“Кормандони ҳифзи ҳуқуқ пеш аз задан чеҳраро бо ниқоб мепӯшанд ва бо чизи вазнин аз болои он мезананд, масалан бо калтак. Дар рӯй осори шиканҷа он қадар маълум намешавад, аммо сахт озордиҳанда аст,”- мегӯяд мутахассис. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз ин гуна шиканҷа нишонаҳое боқӣ мемонанд, ки онро варами “реактивӣ” меноманд. Ин осорро дар чеҳраи Аловатшоев мушоҳида кардааст.
Ӯ афзуд: “Сабаби дигари варами рӯй метавонад гузарондани маводҳои психотропӣ ба ҷисми инсон бошад: “бета- муҳофиза” ё маводи нашъадор.” Ба гуфтаи вай, ингуна маводҳо ба гурдаҳо таъсири манфӣ расонда, боиси варам кардани рӯй мегарданд.
Табиб ҳамчунин гуфтору рафтори Амриддин Аловатшоевро ба мушоҳида гирифта, қайд кардааст: беҳол аст ва забонаш кунд. “Вазъи пусти рӯйро баҳо додан мушкил аст, чунки пеш аз ба навор гирифтан, тармиму танзим шудааст. Ба ҳар ҳол баъзе осори захмҳои пӯст менамоянд,” – гуфт ӯ.
Ба қавли ӯ, вақти хондани матн лаби поёни Амриддин аз рост меуфтад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ба тозагӣ дандонҳояшро аз даст додааст. “Вақти уфтодани дандонҳо нутқ тағйир меёбад. Забон ба вазъи нави худ ҳанӯз одат накардааст. Одам ҳарфҳоро дурӯст талаффуз намекунад,” — эзоҳ медиҳад ӯ.
Ӯ мегӯяд, кундии лаби поён метавонад натиҷаи хӯрдани зарбаи сахт бошад. Инҷо панҷумин тори асаб осеб дидааст.
Мақомоти тоҷик Амриддин Аловатшоевро аз кишвари Русия бо айби маҳалгароӣ ва гаравгон гирифтани намояндаи ҳукумат 11-уми январ дуздиданд. Фақат чанд рӯз пеш, ба таври расмӣ, ВКД ва Додситонии кулл дар Тоҷикистон будани Амриддин Аловатшоевро тасдиқ карданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси шиканҷаи Амриддин Аловатшоев доғ шуд. Якчанд видео бо ақрабо ва адвокати фейкӣ дар интернет пайдо шуд, ки дар он мегуфтанд, Амриддин хуб асту шиканҷа нашудааст.
12-уми феврал навори Аловатшоев аз тарафи мақомот паҳн шуд, ки дар он ақрабояш ӯро нашинохтанд.
Манбаъ: Фейсбук