Қазияи Бадахшон

“Бӯҳрони Бадахшон фақат як роҳи ҳал дорад, ки бидуни қурбонӣ ва бидуни ҳеч хатар ба амнияту суботу якпорчагии кишвар сурат мегирад ва дар ростои манфиати миллӣ судовар мебошад. Он роҳи ягона дахолати бевоситаи раиси ҷумҳур ва музокира ва комилан сарфи назар кардан аз ҳама гуна гузинаи низомӣ ва истифода аз зӯр ва силоҳ аст…”

Зафари Сӯфӣ

Оғоз

Барои ҳалли қазияи Бадахшон ба таври расмиву ғайрирасмӣ чанд гузина пешниҳод шуда. Аммо ҳеч кадом аз онҳо натиҷаеро нахоҳад дошт, ки манфиати миллӣ, субот ва якпорчагии кишвар зарар набинад. Зеро аксари ин гузинаҳои пешниҳодӣ ба роҳи ҳалли низомӣ ишораву таъкид доранд.

Агар тибқи ҳар кадом аз он гузинаҳо амал шавад, билохира шаҳрвандон зарари ҷисмониву моддӣ мебинанд ва ҳатто кушта мешаванд.

Ба назари ман, бӯҳрони Бадахшон фақат як роҳи ҳал дорад, ки бидуни қурбонӣ ва бидуни ҳеч хатар ба амнияту суботу якпорчагии кишвар сурат мегирад ва дар ростои манфиати миллӣ судовар мебошад. Он роҳи ягона дахолати бевоситаи раиси ҷумҳур ва музокира ва комилан сарфи назар кардан аз ҳама гуна гузинаи низомӣ ва истифода аз зӯр ва силоҳ аст.

Ин ягона роҳи камхатар ва чи дар кутоҳмуддат ва чи дар дарозмуддат боиси таъмини субот, оромӣ ва эмин нигоҳ доштани ҳудуд ва марзи кишвар аз ҳама гуна зарару таҳдид аст.

Ҳамзамон ин фурсати тилоӣ барои Эмомалӣ Раҳмон аст, то дар амал нишон диҳад, ки вобастаи низомиҳои ҷангҷӯ дар ҳукуматаш нест. Исбот кунад, ки бо мардум аст ва намехоҳад ҳеч як шаҳрванди кишвар кушта шавад. Дар амал нишон диҳад, ки созиш кардан, аз дари мудоро даромадан, нишони тарсу заъф нест, балки нуқтаи қуввати як сиёсатмадор ва низоми сиёсӣ аст. Тавони ҷилавгирӣ аз ҷанг доштанашро ба намоиш гузорад. Ба дӯсту душман дар амал бифаҳмонад, ки хушунату тир кушодан ба сӯи шаҳрвандон роҳи ҳалли муноқиша нест. Заминасози ин воқеъият бошад, ки миллате бо ториху фарҳанги чандинҳазорсола метавонад ҳамзистиро ба ҳама гуна даргириву нофаҳмӣ тарҷеҳ медиҳад.

Беш аз ин ҳама бояд ҳама бидонем ва бипазирем, ки ҳар касе дар Бадахшон фармони амалиёти низомиро содир кард, дар пайи истифодаи зӯру силоҳ шуд, барои ҳамешаи торих рӯсиёҳ ва душмани миллат хоҳад буд.

Ҷанг дар Бадахшон метавонад на танҳо боиси фурӯпошии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шавад, балки метавонад оғози аз ҳам пошидани Тоҷикистон гардад.

Чашми танги ҳамсояҳои бузургу кучак бо тамоми ҳарисӣ ва бадхоҳӣ ба сӯи кишвари мост. Набояд заминаро барои расидани онҳо ба ҳадафҳои шумашон фароҳам орем.

Бадахшон ва Ворух

Чанд тан генерали ҳукумат, ки бархе коршиносон ҳамчун «бошаҳои ҷангӣ» тавсиф мекунанду банда онҳоро лошахор медонам, гоҳо мустақим ва асосан аз тариқи дастнишондаҳояшон дар фазои иттилоотӣ иддио доранд, ки амалиёт фақат дар Бархоруғ ва ҳадди аксар дар ҳудуди Хоруғ гузаронда хоҳад шуд. Ҳадаф ҳам зоҳиран боздошти Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров аст. Аммо онҳо ҳам ҳатман огоҳанд ва агар намедонанд бояд бидонанду мутмаин бошанд, ки амалиёт саросари Бадахшон ва шояд манотиқи дигари кишварро ҳам фаро бигирад. Аввалин як тир бо оғози ҷанг дар Бадахшон, ки сабаби кушта шудани як ҳамватан мегардад, метавонад оғози фаъол шудани ҳазорон мил силоҳ ва ҷанги тамомаёру саросарӣ гардад.

Мардум, ба вижа ҷавонон дар саросари Бадахшон ва ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон дар дифоъ аз ҳамдиёрони худ ба майдон хоҳанд омад. Онҳо мутмаинанд, ки ноадолатӣ ва аъмоли ғайриқонунӣ аз сӯи мақомот ва талош барои шикастани рӯҳияи озодихоҳона сурат гирифтаву мегирад. Табиист, ки мардуми Бадахшон дар баробари чунин амалҳо ҳеч гоҳ сукут намекунад ва онро намепазираду дар баҳои ҷони худ ҳам ки шуда муқобили ин гуна амалу талош қад алам хоҳад кард.

Чун ҳоло тамаркузи бештар рӯи Бадахшон аст аз густариши доманаи ноамнӣ ба дигар манотиқи кишвар намегӯям ва онро барои фурсати муносиб мегузорам. Аммо ин нуктаро ҳам таъкид кунам, ки он наворҳои сохта ва гӯё омодабоши чанд тан камхираде, ки худро аз Кӯлоб муаррифӣ кардаву иддаои гундатар аз даҳонашон мекарданд, ҳеч дарди бадхоҳони рутбадори миллатро даво намекунад. Онҳо фақат барои истифода дар ҳамин гуна наворҳои сохта ва дар камоли ҳамоқат сабтшуда ба кор меоянду бас. Мардуми озода ва сарбаланди Кӯлоб огоҳу милатдӯсту бохирадтар аз он аст, ки фирефтаи ҳарфу даъвати чанд тан рутбадору раисчаи бадхоҳи миллат бишавад ва нангу шармсории бародаркуширо ба дӯш бигиранд.

Агар Худой нахоста, амалиёти низомӣ дар Бадахшон оғоз шавад, Қирғизистон беҳтарин фурсатро ба даст хоҳад овард. Роҳи бозгашти ҳазорон ҷавони сарбаланду хунгарми бадахшонӣ аз Русияву Қазоқистону дигар кишварҳо, барои дифоъ аз ҳамтаборонашон, ҳатман аз тариқи Қирғизистон хоҳад буд. Зеро дар сурати оғози ҷанг дар Бадахшон аз тариқи Душанбе дигар шояд сафар ба Хоруғ барои муддате имконнопазир мешавад.

Дар ин миён ҳатман барои рӯйпӯш ё пинҳон кардани хато ва саҳеҳтар аст бигӯем хиёнаташон генералҳову мақомоти бесалоҳият мераванд бо Қирғизистону ба мувофиқа мерасанд, яъне манфиати миллиро ба муомила мегузоранд. Бо хоҳиши инҳо шояд қирғизҳо пеши роҳи убури чанд тан аз ҷавонони бадахшониро бигиранд ва ҳатто чанд танро ҳам боздошт кардаву ба дасти мақомоти Тоҷикистон бисупоранд. Аммо дар иваз шарти қирғизҳоро дар мавриди даъвои беасосашон ба хоки кишвар дар Исфара генералҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон маҷбуранд қабул бикунанд. Роҳи 275 метрӣ ҳам моли қирғизҳо мешавад.

Фикр мекунед, мардуми сарбаланду ватандӯсти Воруху Чоркӯҳу Исфара дигар ин хиёнатро хомӯш мепазиранд? Ба ҳеч ваҷҳ! Худашон даст ба кор хоҳанд шуд. Ҳукумат, ки зӯргӯиро пеша карда, маҷбур мешавад даст барои саркӯби онҳо бизанад. Дигар мардум ҳам алайҳи қирғиз ва ҳам алайҳи генералҳои хоин қиём хоҳад кард.

Фоҷеае рух хоҳад дод, ки ҳатто тасаввураш инсони огоҳро ба даҳшат меорад. Шояд солҳо нашавад зарару оқибати он фоҷеаро бартараф ва ҷуброн кард.

Ҳол он, ки имрӯз гирифтани пеши роҳи ин фоҷеа хеле сода ва осон аст. Фақат аз аспи кибру ҷаҳл бояд поин омад.

Ҳамон гуна, ки болотар ишора кардам, дахолати шахси раисҷумҳур ва пазируфтани дархости мардум дар бораи муҷозоти қотилони Гулбиддин Зиёбеков ва он ду шаҳиди дигар, Гулназар Муродбеков ва Тӯтишо Амиршоев ва омилону фармондодаҳо барои тир кушодан сӯи мардуми эътирозгар, ки боиси захмӣ шудани 28 нафар гашт, заминасози эътимод ва суботи пойдор хоҳад шуд.

Агар онҳо дар додгоҳ муҳокима ва муҷозот шаванд, хостаи мардум бароварда ва эътимодашон ба иҷрои қонун ва тантанаи адолат пайдо мешавад. Муҳаммадбоқир ҳам гуфта, ки агар он гунаҳкорон ҷазо бигиранд ҳозир аст биравад дар додгоҳ барои аъмоли худ назди қонун ҷавоб гӯяд. Ҳама медонанд, ки яке аз сабаби маҳбубияти ӯ дар миёни мардум, ҳамин марди қавлу амал буданаш аст. Пас ин ҳам метавонад як далели дигар барои пазируфтан ва арҷаҳият додан ба музокира бошад.

Муҳаммадбоқир ва Мирзонабот

Чиро дар дифоъ аз Муҳаммадбоқир садҳо тан дар ин шабу рӯзи сармои Бадахшон омадаву дар атрофи хонаи ӯ нигаҳбонӣ мекунанд?

Шумори ин гуна пуштибонҳо метавонад ба даҳҳо ҳазор расад. Мушоҳида мешавад, ки онҳо ҳозиранд дар баҳои саломативу бехатарӣ вв ҷони худ аз як ҳамтаборашон дифоъ кунанд.

Ин аз як сӯ тибқи қонунҳои нонавиштаи ҷавонмардӣ дар шароити сахти кӯҳистон бошад, аз сӯи дигар мардум дар симои Муҳаммадбоқир як нафареро мебинанд, ки омода аст дар сурати лозим ҷонашро барои мардум фидо кунад. Ӯ худ ошкор ва возеҳ гуфта: «Ман омодаам барои мардумам панҷ бор бимирам». Ин қавлу садоқати Муҳаммадбоқир ва дар ҳарфи худ ҳамеша пойдору устувор будани ӯро мардум ҷиддӣ қабул кардаанд. Онҳо медонанд, ки азхудгузаштагии Муҳаммадбоқир шиор нест, балки дар амал ҳам собит шудааст. Муҳаммадбоқир ҳамеша дар канори мардумаш буда, ба ормонҳои мардум хиёнат накарда, мардумро фиреб надода. Манфиати худашро аз манфиати мардум боло нагузошта.

Ҳол он ки метавониста мисли хелеҳо аз ҷойгоҳу пойгоҳаш миёни мардум истифодаву сӯистифода кунад, дороии зиёд ҷамъ орад ва зиндагии шахсияш дар рифоҳу фаровонӣ бошад. Вале Муҳаммадбоқир қаноат ва ними нон ва си сол дар Хоруғ мисли хонабанд ва зиндонӣ буданро барои дифоъ аз адолат ва манфиати мардум амалан ба ҷон пазируфт. Хушомад нагуфт. Чоплусӣ накард. Шайтанат барояш бегона буд. Фитнагарӣ накард. Дурӯғ нагуфт. Номардӣ накард, то рӯзгори шахсияш ба қавле шоҳонаву осуда бошад. Ӯ сарбаланд мурданро бар зиндагии сархамона ва дурӯёна тарҷеҳ дод.

Аммо бар фарзи мисол агар чунин вазъ пеш ояд, оё барои дифоъ аз Мирзонабот 1000 тан ҳозиранд ба майдон биёянд ва омода бошанд, ки ҷонашонро фидо кунанд? Баъид медонам сад кас ҳам пайдо шавад.

Мушкил ва тафовути аслӣ ҳам дар инҷост! Яъне бо мардум будану дар миёни мардум маҳбубият доштан насиби ҳар кас ҳам намешавад. Ин бузургтарин неъмат ва ифтихор аст.

Аммо Мирзонабот пас аз изҳорот ва фошкории Муҳаммадбоқир зоҳиран дигар қасами нобудии ӯро хӯрдааст. Муҳаммадбоқир гуфт, ки Алишер Мирзонаботро замони лейтенант буданаш ба хотири таҷовуз ба номус аз кор пеш карда буду барои ин ва дигар ҷиноятҳояш ӯро ҳеч гоҳ қабул надорад. Маъмулан афроде, ки ҷоҳталаб ҳастанд, сахт интиқомҷӯ ва кинагир мешаванд. Заъфи шахсиятияшон ва ҷиноятҳояшонро бо нобуд кардан ва аз сари роҳ бардоштани шоҳидон ва афроди ҳақгӯ пинҳон кардан мехоҳанд…

Таслими Муҳаммадбоқир

Ақли солим ва мантиқ ҳукм мекунад, дар вазъияте, ки имрӯз вуҷуд дорад, Муҳаммадбоқир набояд шарти мақомоти низомиро бипазираду худро таслим кунад.

Ин амр ба маънои ҳадар рафтани он ҳама талоши ҳақҷӯёнаи мардум ва хуни шаҳидон хоҳад буд.

Зеро низоми додгоҳӣ дар мо як зарра ҳам мустақил нест. Ҳамчунин дар ҳеч як ниҳоди қудратӣ ва интизомии кишвар волоияти қонун таъмин нест. Балки дар ҳар лаҳза, сари ҳар гардишу дар ҳар парванда милиса, муфаттиш, додситон ва қозии додгоҳ қонунҳоро лагадмол ва таҷовуз мекунанд. Онҳо нисбати айбдоршаванда ҳар тасмиме гирифтанд ҳамонро ба ин ё он банди қонун мутобиқ мекунанд. Агар тибқи фаҳмиши онҳо қазия як зарра бӯи сиёсӣ дошта бошад, яъне фармон аз ҳукумат бошад, таҷовузи қонун дигар як амри маъмулист. Бузургтарин дурӯғҳо нодида гирифта мешавад. Ба ошкортарин нақзи қонун ҳеч кас таваҷҷӯҳеву вокунише намекунад. Муҳим ин ҳама дар ростои маҳкум кардани нафаре бошад, ки режим аз фаъолияташ ё суханаш норозӣ шуда.

Дар мисоли пеш аз ҳукми додгоҳ чандин маротиба аз тариқи расонаҳо, аз ҷумла шабакаҳои телевизионӣ ҷинояткор, терорист ва ғайра эълом кардани Муҳаммадбоқир, ё дар Русия боздошту пинҳонӣ (одамрабоӣ) ба Тоҷикистон овардани Амриддин Аловатшоев, ки тозатарин намунаанд, метавон ин воқеъияти низомманд (систематик) ва дурӯғбунёдро собит кард.

Вазири корҳои дохилӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки Аловатшоев ба ихтиёри худ баргашт ва дар фурудгоҳ боздошт шуд. Ахиран барои таъиди ин иддаои дурӯғаш як наворе гӯё аз иқрори Амриддинро пахш кард. “Иқрор”-е, ки таҳти шиканҷа ва бо истифода аз маводи мадҳушкунанда буданашро ҳар инсони каме огоҳ аз моҳияти кори Рамазон Раҳмизодаву зердастонаш хуб медонад, ки ин мавзӯъи баҳси дигарест.

Аммо додситони кул дар нишасти матбуотияш ҳарфи рост, яъне бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия боздошт ва истирдод шудани Аловатшоевро гуфт.

Вале вақте ӯву ниҳоди зери раҳбарияшро Рамазон Раҳимзода ошкоро ба масхара гирифт ва ғайримустақим бесалоҳият нишон доду он филми масхараро ҳам ҳамчун далел пахш кард, ба қавле зунуки Юсуф Раҳмон гирифтааст.

Агар дар як кишваре, ки волоияти қонун таъмин бошад, ниҳодҳо тибқи салоҳияти қонунии худ фаъолият кунанд ва берун рафтан аз салоҳият амалан муҷозот дошта бошад, ҳеч гоҳ ҳеч вазире ҷуръат намекард, ки додситони кулро чи мустақим ва чи ғайримустақим дурӯғгӯ нишон диҳад. Аммо зоҳиран додситони кулли Тоҷикистон ин ришхандро ором пазируфт. Вокунише накард, ҳадди ақалл ба хотири обрӯву ҷойгоҳи Додситонии кул ҳам шуда бояд ҷойи ин вазирро нишон медод ва дурӯғашро ба рӯяш мекашид, ки дигар вазире ҷуръати беэҳтиромӣ ба ин ниҳоди назорати иҷрои қонунро надошта бошад ва дар малаи ом ошкоро дурӯғ нагӯяд.

Аммо Юсуф Раҳмон ҳам ҷузъе аз дурӯғи бузурги як режими худкома аст. Ин ҷо ҳеч кас барои обрӯи касбӣ, барои ҷойгоҳи қонунии ниҳоде, ки масъулаш ҳаст, дар баробари дурӯғи мӯҳраҳои режим ва он ҳам дар мавриди як парвандаи сиёсӣ ва фармоишӣ даҳон боз нахоҳад кард. Ин ҷо эътироз ва ҳақталабӣ метавонад баробар бо ронда шудан аз саф бошад ва хиёнат талаққӣ гардаду боиси муҷозоти сангин шавад…

Дар чунин як шароит, ки ҳатто барои обрӯи худу ниҳодашон ҳозир нестанд ростро бигӯянд, барои рост мубориза баранд ва дурӯғи як мӯҳраи режимро фош кунанд, худашро ба дасти ин гуна бесалоҳиятҳо ва фарморнбардорҳои бетафовут ва дур аз арзишҳо супоридани Муҳаммадбоқир магар баробар бо худкушӣ нест? Оё онҳо дунболи исбот кардани рост ва бегуноҳии ӯ хоҳанд буд? Ба ҳеч ваҷҳ! Тамоми талошашон бар он равона хоҳад шуд, ки барои ӯ чанд гуноҳи дигар пайдо кунанду тибқи чанд моддаи дигари қонуни кайфарӣ муҷозоташ кунанд.

Поён

Ба такрор мегӯям, ки қазияи Бадахшон бо дахолату тасмими бевоситаи раиси ҷумҳур ҳалли мантиқӣ, бехатар ва безарари худро пайдо хоҳад кард. Ҳам кишвар ором хоҳад шуд ва ҳам ҳар касе ҷиноят карда тибқи қонун ҷазо хоҳад гирифт.

Ҳоло бибинем оё раиси ҷумҳур иродаи анҷоми чунин кореро, ки дар асл вазифаи хидматияш аст, дорад ё фирефтаи маълумоти дурӯғу фитнаи чанд генералу мақомоти ҷангҷӯи худ шуда кишварро ба вартаи ҷангу буҳрон тела хоҳад дод.

Ба умеди пирӯзии мантиқу ақли солим ва волоияти қонун дар кишвар.

Поянда бод Бадахшони сарбаланд!

Поянда бод Тоҷикистони азиз!

Манбаъ: Сафҳаи Зафари Сӯфӣ дар Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: