Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар (IPHR): “Амриддин Аловатшоев зери хатари шиканҷа қарор дорад”

Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷаи Тоҷикистон ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар (IPHR) дар баёнияе нигаронии худро аз он изҳор доштаанд, ки Амриддин Аловатшоеви 44-сола, зодаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, зери хатари шиканҷа, бадрафторӣ, мурофиаи ноодилона ва дигар нақзи ҳуқуқи инсон пас аз баргардонидани маҷбурии ӯ аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2022, қарор дорад.

Дар гузориши ин ду созмон омадааст, ки Аловатшоев дар пайи ширкаташ дар тазоҳурот дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар моҳи ноябри соли 2021, дар Русия боздошт ва маҷбуран ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 2 феврал таъйид кард, ки Аловатшоев бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар робита ба парвандаи ҷиноии номаълум, аз Русия истирдод шудааст. Раҳмон ҷузъиёти бештаре надод. Худи ҳамон рӯз Шодӣ Ҳафизода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ, дар нишасти матбуотӣ иддао кард, ки барои Аловатшоев дар робита бо “гаравгонгирӣ” ва чанд ҷинояти дигар, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тибқи гузориши расонаҳо, пайвандони Аловатшоев дар ВМКБ бори охир дар 11 январи соли 2022 аз Амриддин Аловатшоев хабар доштанд. Ба гуфтаи ҳамсараш, София Мунимшоева, ҳоло рақами телефонии Амриддин дар дастрас нест. Мунимшоева аз афроде, ки гӯё бо Аловатшоев дар шаҳри Белгороди Русия боздошт ва баъдан раҳо шуда буданд, фаҳмид, ки аз санаи 11 январ инҷониб Аловатшоевро надидаанд.

Ба гузориши расонаҳо, афроди мусаллаҳи ношинос Аловатшоевро аз замоне таъқиб мекарданд, ки дар ноябри 2021 ҳудуди 1000 нафар аз ВМКБ ба нишони эътироз аз марги Гулбиддин Зиёбеков дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ омада буданд. Аловатшоев ба ҳайси миёнҷигар байни эътирозгарон ва сафири Тоҷикистон дар Русия, баромад мекард.

Аз санаи 11 январ то 2 феврали соли ҷорӣ, бо вуҷуди он ки расонаҳо дар бораи нопадид шудани Аловатшоев борҳо навиштанд, аммо мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошт ва макони будубоши ӯ ҳеҷ иттилое надоданд.

Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар (IPHR) ҳабси Амриддин Аловатшоевро хилофи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон медонанд ва мегӯянд, тибқи меъёрҳои байналмиллалӣ, “ҳабсе, ки боздоштшудагонро комилан берун аз ҳимояи қонун мегузорад, як шакли ибтидоии ҳабси худсарона аст”, ки тибқи моддаи 16-уми Қонуни байналмилалӣ, ҳуқуқи қонунан эътирофкардашудаи инсонро поймол мекунад ва он, “шиканҷа” маҳсуб мешавад.

Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар (IPHR) дар поён аз мақомоти Тоҷикистон дархост кардааст, ки макони будубоши ӯ ва вазъи саломатии ӯро ошкор кунанд ва ба ӯ дастрасии фаврӣ ва бидуни мамониат бо адвокат ва тамос бо хешу таборашро фароҳам созанд.

IPHR

Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар (IPHR): “Амриддин Аловатшоев зери хатари шиканҷа қарор дорад”: Один комментарий

Добавьте свой

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: