Адвокати кирокардаи Эътилофи ҷамъиятии зидди шиканҷа мегӯяд, маъмурони ҳеч як аз ниҳодҳо тасдиқ намекунанд, ки Амриддин Аловатшоев дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ҷойгир аст.
Сайти Pamir Daily News навиштааст, ки дар ин хусус Эътилофи ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар 17 феврал изҳорот пахш кардааст.
8 феврали соли 2022 хешовандони Амридин Аловатшоев аз Эътилофи ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дархост карданд, то дар бораи ҷои будубоши Амриддин Аловатшоев ва эҳтимоли шиканҷаи вай, кӯмаки ҳуқуқӣ намоянд.
Эътилоф дар ҳамон таърих адовакатеро барои ин кор киро намуд. Ба навиштаи сайти Pamir Daily News, ин адвокат бо мақсади муайян намудани ҷои будубоши зерҳимояаш, ба СИЗО-а Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва СИЗО-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман муроҷиат карда, вале ҳеч як аз маъмурон тасдиқ накарданд, ки Аловатшоев дар куҷо ҷойгир аст.
14 феврали соли равон ба Дастгоҳи иҷроияи Президент, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза дар ин бора, ки ба адвокат иҷозати дидори зерҳимояаш дода намешавад, фиристода шуд.
То имрӯз, яъне 17.02.2022, адвокат дар хусуси макони будубоши Амридин Аловатшоев, иттиҳомот алайҳи ӯ ва мақомоте, ки дар бораи вай тафтишот мекунанд, ҳеч маълумоте надорад.
Ёдовар мешавем, Амриддин Аловатшоев ҳудуди 12 январи соли 2022 дар қаламрави Федератсияи Русия боздошт ва маҷбуран ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 2 феврал таъйид кард, ки Аловатшоев бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар робита ба парвандаи ҷиноии номаълум, аз Русия истирдод шудааст. Раҳмон ҷузъиёти бештаре надод. Худи ҳамон рӯз Шодӣ Ҳафизода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ, дар нишасти матбуотӣ иддао кард, ки барои Аловатшоев дар робита бо “гаравгонгирӣ” ва чанд ҷинояти дигар, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Добавить комментарий