Ҳукумат аз помириҳо ҳаққи шикояту даъворо гирифтан мехоҳад – (Акс)

Рустами Ҷонӣ

Ҳукумат аз помириҳо забонхат мегирад, ки эътирозу тазоҳур накунанд. Ҳич касро дифоъ нанамоянд.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқирро, ки мақомот “сардори аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ” меномад, “муҳофизати ғайриқонунӣ” накунанд.

Дар акс худро шарики ҷиноят бояд эътироф кунанд ва:

Дар ҳолати… боздошти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзу шикоят ва ягон даъво пешниҳод” накунанд, — омадааст дар забонхат.

Яъне, худро бидуни ҳич дудилагӣ ба даҳани шағол андозед. Барои Шумо суд нест.

Таъбири сталиниро шунидаед: бе ҳиҷ тадқиқу мурофиа кушта шавад.

Инҳо, гумонам, қонуни бешаро мехоҳанд сари мардуми мазлуми Бадахшон бор кунанд. Ё ин гурӯҳи бемағзро барои татбиқи маҳви садои қонун офаридаанд.

Шумо аз кадом гӯрхонаи таърих ин шартҳои чингизиву манғитиро баровардед?

Ин мардуми бечораи Бадахшон чӣ чиз берун аз қавонин гуфта, ки ҳувияти онҳоро мехоҳед ба замин молед?

Забонхатро барои имзо пеши шаҳрванд гузошта, нағз медонед, ин рафтори Шумо хилофи ҳама қонуну зерқонунҳост.

Аммо…

Шумо туф кардаед дар сарқонуну ҳақи шаҳрванд. Чунки ҳоло худро ҳокими зиндагиву марг медонед: гуфтам бимур мемурӣ, гуфтам бизиҳ мемонӣ.

Ба сари ҳар Фиръавн як Мусое ҳаст.

Манбаъ: Сафҳаи Рустами Ҷонӣ дар Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: