Алим Шерзамонов, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви Шӯрои раҳбарии Паймони Миллии Тоҷикистон, бо ишора ба истирдоди Амриддин Аловатшоев аз Русия ба Тоҷикистон ва иҷбори вай барои баромади телевизионӣ, изҳор дошт, ки фарқи қазияи Шарофиддин Гадоев, яке аз мухолифони барҷастаи Тоҷикистон, бо Амриддин Аловатшоев дар ин аст, ки дар он вақт, дар муқобили мақомоти тоҷик, давлати Ҳоланд, узви НАТО истода буд, вале дар қазияи Амриддин танҳо мардуми Бадахшон қарор доранд. Шерзамонов дар поёни ёддошти худ мардумро ба хаста нашудан даъват кард.
Вай дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук навишт: “Се соле пеш бо чунин аҳмақӣ Шарофиддин Гадоев рабуда шуда буд. Айнан бо ҳамон як шева бо истифодаи мақомоти фасодкори Русия ва бо интиқоли ғайриқонунӣ тавассути ширкати хонаводагии ҳавонавардӣ, ба Душанбе интиқол ёфт.”
Шерзамонов идома дод, ҳам Гадоев ва ҳам Аловатшоев “дар ҳамон як таҳхонаи УБОП-и ВКД нигоҳ дошта шуда ва мавриди шиканҷа қарор гирифтанд. Дар фарқ аз қазияи Шарофиддин, дар муқобили инҳо давлати узви НАТО, Ҳоланд, қарор дошту дар ҳолати Амриддин мардуми Бадахшон. Набард идома дорад. То пирӯзии комил, хастанопазир бошед, дӯстон!”
Гуфтанист, Алим Шерзамонов дар ҳамин рӯз, яъне дар 18 феврали соли 2019, вақте ки ҳамтояш, Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва узви Шӯрои раҳбарии Паймони Миллии Тоҷикистон аз Русия рабуда шуда ва ӯро маҷбур карда буданд, то дар як баромади телевизионӣ дар Тоҷикистон изҳори “тавба” ва “пушаймонӣ” аз фаъолиятҳои худ намояд, хитоб ба мақомоти Тоҷикистон навишта буд:
“Муроҷиат ба онҳое, ки дар рабудани Шарофиддин даст доштед; онҳое, ки ҳамин алъон ӯро шиканҷа доред, онҳое, ки бар ҳолаш тамасхур мекунед, онҳое, ки табли шодӣ мезанед, онҳое, ки худро “оқил” гирифта суол мекунед, ки чаро рафт ва дар маҷмӯъ ҳамаи душманони башар. Агар модар дошта бошед, равед дар канорашу дар чашмаш нигоҳ кунеду тасаввур кунед, ки шумоед дар ҷои Шарофиддин ва агар модаратон дар қайди ҳаёт набошад, раведу ба чашмони хоҳаратон, духтаратон нигоҳ кунед ва дар ин чеҳраҳо модар ва хоҳари Шарофиддинро бинед, ки ҳозир розӣ ҳастанд, ки наздики дилашон кошкӣ дар берун аз кишвар шаҳид мешуду ин ҳолати ӯро намедиданд. Шумо ҳамаатонро оё модар зоида бошад? Ҳамин ҳоло дарак ёфтам, ки ин бародар шадидан шиканҷа мешавад. Ё Худо ин мӯъминатро худат дар паноҳат нигоҳ дор ва душманонашро хору залил гардон!”
Лозим ба ёдоварист, Амриддин Аловатшоев, ки аз Русия ба Тоҷикистон рабуда шудааст, имрӯз ва инчунин пештар дар 12-уми феврал, дар телевизиони Тоҷикистон баромад дошт. Аловатшоев, ки зоҳиран зери назари мақомот сӯҳбат мекунад, мегӯяд, зери шиканҷа қарор надорад ва худаш ихтиёрӣ ба ватан баргашт.
Ба гузориши Радиои Озодӣ, ҷонибдоронаш бар ин боваранд, ки назари ӯ зери фишори мақомот сабт шудааст ва ба ҳарфҳояш набояд бовар кард. Вай дар навор мегӯяд, “аз кардаам сахт пушаймонам, ҳазорон маротиба тавба кардаам ва дигар ба ҷиноят даст намезанам.”

Пахши ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди танқид қарор гирифт. Мухолифин ин наворро идомаи эътирофҳои дуруғине номиданд, ки зери фишори мақомот дар боздошт сабт мешаванд ва мавриди эътимод нестанд.
Дидбони ҳуқуқи башар ва Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (IPHR) боздошти ӯро маҳкум карданд.
Амриддин Аловатшоев 44-сола ва зодаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ӯ дар Русия мезист ва исми ӯ дар ҷараёни нооромиҳои моҳи октябри соли 2018 дар қатори номи роҳбарони Бадахшон – Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шамбиев ва Хурсанд Мазоров – гирифта шуд.
Амриддин Аловатшоев соли 2019 ба Русия баргашт ва онҷо як ҳаракати ихтиёриёнро таъсис дод, ки ҳадафи он тарғиби ҳаёти солим дар миёни ҷавонон, ҳифзи иртиботи наздик ва кумак ба ҳамдигар будааст.
Қазияи Шарофиддин Гадоев чӣ буд?
Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва узви Шӯрои раҳбарии Паймони Миллии Тоҷикистон, дар 13-уми феврали 2019 бо нияти мулоқот бо “мақомоти баландпояи амниятии Русия” ба Маскав рафт ва субҳи 15-уми феврал дар Душанбе пайдо шуд. Навори гуфтугӯи телевизиони ӯ, ки гӯё аз кардаҳои “пушаймон” аст, дар телевизиони Тоҷикистон пахш шуд.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфтанд, ки ӯ “бо ибрози пушаймонӣ ба ватан баргаштааст”. Вале Паймони Миллии Тоҷикистон навори қабл аз сафари ӯро нашр кард, ки дар онҷо Гадоев мегӯяд, “худро ба ҳукумат таслим карданӣ нест”.

Созмонҳо ва кишварҳои ғарбӣ, ба хусус Ҳоланд, ки Гадоев шаҳрвандии онро дорад, аз Тоҷикистон тақозо карданд, ки ӯро билофосила озод кунад. Шарофиддин Гадоев субҳи 2-юми март аз Тоҷикистон ба Аврупо баргашт.
Баъд аз бозгашт, Гадоев дар як нишасти хабарӣ гуфт, таҳти фишори мақомот изҳорот дода буд, ки “ихтиёрӣ” ба Тоҷикистон баргаштааст. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, “дар дохили ҳавопаймо латту кӯб шуд ва зарбу лат дар Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ идома кард”.
Добавить комментарий