Корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти кишвар дархост кардаанд, фавран Амриддин Аловатшоевро нишон диҳанд. Гуфта мешавад, вай дар асари шиканҷаи зиёд дар ҳоли ҳозир дар бемористони Қаряи Боло бистарӣ мебошад.
Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои шинохта дар миёни зодагони ВМКБ дар Русия рӯзи 11-уми январи имсол нопадид шуд. Мақомоти тоҷик танҳо рӯзи 2-юми феврал боздошти ӯро дар Душанбе тасдиқ карданд.
Алим Шерзамонов, аз фаъолони мухолифони тоҷик ва узви Шӯрои раҳбарии Паймони Миллии Тоҷикистон, дар ёддоште кӯтоҳ дар сафҳаи худ дар Фейсбук, бо такя бар манобеи худ, навиштааст, ки Амриддин Аловатшоев “тибқи иттилои расида, пеш аз навори охирон пахшшудааш низ мавриди шиканҷаи шадид қарор доштаст ва пас аз наворбардорӣ рагҳои дастонашро задаст.”
Шерзамонов дар идома ёдовар шудааст, ки Амриддин “алъон дар Қараболо қарор дорад. Хатар ба ҷонаш маҳз аз рагзанӣ паси сар шудаст.”
Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигори тоҷик, дар ёддоште, бо баёни ин ки “касеро, ки гуфтораш ба рафтораш рост наояд, мунофиқ номанд”, изҳор доштааст: “Мақомоти тоҷик, дар қазияи Амриддин Аловатшоев, чунин буданд ва ҳич шубҳае дар мунофиқ буданашон намонд.”
Матни пурраи ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст:
“Касеро, ки гуфтораш ба рафтораш рост наояд, мунофиқ номанд. Инҳоро дар дин бадтар аз куффор шумурдаанд.
Мақомоти тоҷик, дар қазияи Амриддин Аловатшоев, чунин буданд ва ҳич шубҳае дар мунофиқ буданашон намонд.
Агар фикр доранд, дар намози ҷумъа, аз ингуна гуноҳҳо покиза мешаванд, таъкидан мегӯям, бар тибқи оя ҳар амал подош дорад.
Аввал гуфтанд: Амриддин Аловатшоевро аз Русия надуздиданд, дурӯғ гуфтанд.
Додситони кулл гуфт, ӯ истирдод шуд, аммо дурӯғ ҳам гуфт.
Чунки бар тибқи қонун мебоист дар Русия суд ва баъди ҳукми қонунӣ гирифтани қарор Аловатшоев истирдод мешуд. Чунин нашуд, пас “истирдод” ҳам дурӯғ.
Мегуфт, як муомила кардем ва дуздидем, ба воқеият наздиктар буд.
Тартиби истирдоди шаҳрванди хориҷӣ аз рӯи конвентсияи байналмиллалӣ бояд сурат бигирад. Ҳич шартномаи тарафайн ва қонунгузории давлат эътибор надорад.
Медонистанд аз рӯи қонун овардани Амриддин Аловатшоев душвор аст, бинобар ин бо ришвахорони Русия якҷо ин тарҳро амалӣ карданд.
Касе ҳам миллионҳои худро, ҳиссае аз дуздидаҳоро, сарф кард.
Гуфтанд, Амриддин дар дасти онҳо нест, дурӯғ гуфтанд.
Ду ҳафта баъд ВКД эътироф кард, ки ӯ дар дасти онҳост, вале Амриддин Аловатшоев худаш омад.
Дурӯғ гуфтанд.
Чанд тан аз ҳамсафарони Амриддин Аловатшоев шаҳодат доданд, ки онҳоро дар шаҳри Белгород дастгир ва ҳамон шаб Аловатшоевро ба мақомоти тоҷик таслим карданд.
Гуфтанд: Амриддинро адвокат дидаст, дурӯғ гуфтанд.
Адвокатҳои ҳаққонии ӯ изҳорот доданд, ки натавонистанд ӯро бубинанд. Ҳатто макони асорати ӯро нагуфтанд.
Гуфтанд: хешу табораш бо ӯ вохӯрданд, дурӯғ гуфтанд. Фақат ваъда, имрӯзу пагоҳ.
Ин ки амакаш ва гӯё бародараш бо ӯ дидор карданд, онро на дидор, балки саҳнаи таҳдид метавон тасаввур кард:
“Ин Амриддин, агар мехоҳед аз ин бадтар нашавад, рафта гӯед ҳамаш тинҷай”.
Ин дидор набуд, саҳнаи таҳдид буд, дурӯғ гуфтанд.
Гуфтанд: ӯ шиканҷа нашудааст, дурӯғ гуфтанд.
Чунки ин ду “иқрорнома”, ки намоиш ёфтанд, дақиқан баёни вазъи бади Амриддин Аловатшоев ҳастанд.
Ин ҳама гапҳоро қироат кардан, гапи хилофи боварҳои худ задан, бахше аз ҳамон шиканҷаанд.
Ва дар ҳарду ҳам Аловатшоев паёми даркориро ба мардум расонд: вазъи баде дорад ва ӯро бо ҳаёти наздиконаш таҳдид кардаанд.
“Ҳама чизе, ки мегӯед, ба ман зиён мерасад” — гуфт ӯ.
Яъне?
Ва илова кард: “Фикри кӯдакҳои маро намекунед?”
Ин дурӯғгӯён, мардумро гӯлу гаранг пиндоштанд! Чаро баъди ин ҳама бофтаҳову сохтаҳо ба Шумо бовар кунанд?
Чаро агар дар бораи қазияи Амриддин чеҳраҳои ҷамъиятӣ ё журналистон бинвисанд, ба ӯ зарар мерасидааст?
Кӣ ин зараро мерасонад?
Мақомот? Боз шиканҷа?”
Добавить комментарий