Сафҳаи сайти Pamir Daily News дар Фейсбук бо такя бар манобеи худ дар Хоруғ хабар дод, ки Салам Имомназаров дар фурудгоҳи Душанбе ҳангоми бозгашт аз Туркия, боздошт шудааст.
Ба гуфтаи манобеъ, Салам Имомназаров рӯзи 18 феврал пас аз муолиҷаи кӯтоҳ дар Туркия, ба Душанбе бармегашт.
Вай бо аҳли оилааш дар Душанбе зиндагӣ мекунад.
Манобеъ мегӯянд, Салам тибқи моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан”) муттаҳам мешавад.
Наздикони Салам Имомназаров даст доштани ӯ ба қочоқи маводди мухаддирро қотеъона рад мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ ба соҳибкорӣ машғул будааст.
Қобили зикр аст, ки Салам дар тамоми ин муддат дар қаламрави Тоҷикистон озодона ҳаракат ва ба хориҷ сафар мекард.
Салам Имомназаров, писари Имомназар Имомназаров аст. Имомназаров соли 2012 даргузашта.
Имомназар Имомназаров дар моҳи августи соли 2012 пас аз як моҳи амалиёти вижаи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар Хоруғ, дар манзилаш кушта шуд.
Наздикони Имомназаров дар марги ӯ мақомоти Тоҷикистонро гунаҳкор медонанд, дар ҳоле, ки мақомот ҳама гуна даст доштан дар қатли вайро рад мекунанд.
Добавить комментарий