Як бонуи нафақахӯр аз шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як муроҷиати видеоӣ, хитоб ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва сохторҳои қудратӣ, зимни шикоят аз бебандубориҳои сохторҳои қудратӣ дар шаҳри Хоруғ, бо баёни ин ки “мо сокинони шаҳри Хоруғ силоҳ надорем, ҷинояткор ҳам нестем”, изҳор дошт: “Рафтори сохторҳои қудратӣ метавонад заминае барои аланга гардидани ҷанги шаҳрвандӣ шавад.”
Дар ин муроҷиат омадааст: “Ман Шайбова Муслима аз шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастам ва нафақахӯр мебошам. Мо умри худро барои хидмат ба Ватан сарф кардем.”
Вай дар идома бо баёни ин ки “вазъияте, ки дар ҳоли ҳозир дар Бадахшон мушоҳида мешавад, ба ягон қонун мувофиқат намекунад”, гуфт: “Дар замони Шӯравӣ сокинони Бадахшон дар соҳаи маориф аз ҳама пешқадам буданд. Дар ҳоли ҳозир бошад, мардуми шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Бадахшон дар телевизионҳо сиёҳ нишон дода мешаванд ва моро ҷинояткор меноманд.”
Шайбова Муслима дар идомаи суханони худ, бо таъкид бар ин ки “мардум аз дасти силоҳ ба дастони сохторҳои қудратӣ ҷобаҷо шуда ва ба кор рафта наметавонанд”, хотирнишон кард: “Кӯдакон ҳайронанд. Онҳо мепурсанд, мақсади онҳо (силоҳ ба дастон) чист?”
Ин бонуи нафақахӯр дар идома бо ишора ба ин ки “фарзандони мо ба дасти ин силоҳ ба дастони сохторҳои қудратӣ кушта шуданд”, бо муроҷиат ба баъзе сокинони Ванҷу Дарвоз баён дошт: “Аз ҳамватанони худ дар Дарвозу Ванҷ эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки нисбати сокинони шаҳри Хоруғ тӯҳмат назананд. Зеро он одамоне, ки шумо ҳозир аз онҳо бадгӯӣ мекунед, дар асл шумо онҳоро намешиносед.”
Шайбова Муслима дар поён бо баёни ин ки “мо сокинони шаҳри Хоруғ силоҳ надорем, ҷинояткор ҳам нестем” гуфт: “Рафтори сохторҳои қудратӣ метавонад заминае барои аланга гардидани ҷанги шаҳрвандӣ шавад. Мо дигар тоқати чунин муносбат бо моро надорем!”
Добавить комментарий