Шуморе аз модарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сокини Русия ҳастанд, ба мардуми Тоҷикистон ва мақомоти кишвар муроҷиат намуданд.
Яке аз онҳо бо баёни ин ки “беаҳамиятӣ зоҳир намудан дар баробари шаҳрвандони худ ин ба он маъност, ки ходимони ҳуқуқ худ Конститутсияро риоя намекунанд ё шаҳрвандони худро одам намешуморанд”, изҳор дошт: “Модарон ҳамеша тарафдори сулҳ ҳастанд ва ба фарзандони худ, аз гаҳвора сар карда, меҳри ватандӯстиро ёд додаанд, то ки дар оянда Ватанро муҳофизат намоянд, аммо афсӯс, ки дар ин рӯзҳои сангин шоҳиди он шудаем, ки ватандорон бародарони моро бегуноҳ ё зиндонӣ ва ё дар пеши дарвозаашон ба қатл мерасонанд.”
Яке дигар аз модарон бо таъкид бар ин ки ӯ ҳамчун “модар, хоҳар ва фарзанди ин вилояти сар ба фалак кашида» аз ҳукумат ва кормандони амният хоҳиш менамояд, ки оромӣ, осудагӣ ва адолатро дар вилояти онҳо барқарор намоянд”, гуфт: “Аз он ҷо, ки бародарони сарбаланди мо, ба мисли Ораз Вазирбеков, Амридин Аловатшоев, Аслишоҳ Вазиров, Чоршанбе Чоршанбиев ва садҳо нафари дигар, ки ҳамеша, чӣ дар Ватан ва чӣ берун аз Ватан алалхусус Русия, мададгори халқи худ буданд, барои ҳамин аз кормандони ҳукумат, амният ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки барои бародарони мо ва кулли шаҳрвандони ин вилоят, адолат, озодӣ ва сулҳу оромиро барқарор намоянд.”
Матни пурраи муроҷиати модарони сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Русия ба шарҳи зерин аст:
“Салом ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Чунон ки ба ҳамагон маълум аст, қариб се моҳ мардуми Тоҷикистон, бахусус сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҳар гӯшаю канори ҷаҳон, ки кору фаъолият мекунанд, аз барои вазъияти ноороми вилоят бениҳоят парешонхотиранд.
Ҳар рӯз дар шабакаҳои итнтернетӣ як ё ду навор аз тарафи сокинони шаҳри Хоруғ ё ноҳияҳои вилоят пахш мешавад, аммо аз тарафи Раёсати корҳои дохилӣ ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳеч яке аз онҳо ҷавоб намедиҳанд.
Беаҳамиятӣ зоҳир намудан дар баробари шаҳрвандони худ ин ба он маъност, ки ходимони ҳуқуқ худ Конститутсияро риоя намекунанд ё шаҳрвандони худро одам намешуморанд.
Модарон ҳамеша тарафдори сулҳ ҳастанд ва ба фарзандони худ, аз гаҳвора сар карда, меҳри ватандӯстиро ёд додаанд, то ки дар оянда Ватанро муҳофизат намоянд. Аммо афсӯс, ки дар ин рӯзҳои сангин шоҳиди он шудаем, ки ватандорон бародарони моро бегуноҳ ё зиндонӣ ва ё дар пеши дарвозаашон ба қатл мерасонанд.
Магар модарон фарзандони худро барои ин рӯзҳои даҳшатовар калон кардаанд?!
Мо, модарон, аз барои он, ки фарзандони худро хӯронему пӯшонему соҳиби маълумот намоем, муҳоҷиратро пеша кардаем. Баъзе аз мо панҷ-шаш сол ё бештар шудааст, ки фарзандони худро надидаанд. Модар, ки ғариб мешавад, Модари тоҷик, ки барои як бурда нон муҳоҷир мешавад, ин бениҳоят ашкрез аст.
Ин дарди миллат аст. Шабакаҳои интернетӣ кор намекунанд.
Сабаб дар чист?!
Мо сабабро дар як чиз мебинем: шояд метарсед, ки ҷаҳониён ҳақиқати ҳолро мешунаванду мебинанд!
Дониста монед, ки ин ҳамешагӣ давом нахоҳад ёфт; косаи сабр рӯзе лабрез хоҳад шуд.
Се моҳ шудааст, ки аз барои фарзандони худ дар ин ғарибиҳо хоб надорем. Чун ки имрӯз Бадахшони моро ба як полигон ва фарзандони моро мисли ҳадафи зинда қарор дода истодаанд.
Нахустин боби Сарқонуни давлатӣ мегӯяд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.”
Шояд демократия фақат барои мансабдорон бошад?!
Шаҳрвандони оддӣ агар дар чорчӯби Конститутсия дар бораи ҳуқуқи хеш гап зананд, онҳоро ё туррорист ё ҷосуси давлат хонда, аз озодӣ маҳрум мекунанд.
Ман ҳамчун Модар ба шумо як савол дорам: То ба кай?
Фаромӯш насозед, ки мансаб муваққатӣ ва амонат аст, аммо ном абадист.
Имрӯзҳо кормандони телевизиони Бадахшон мардуми бечораро водор месозанд, то ки онҳо зидди ҳамдиёрони хеш суханҳои бофтаро баён намоянд. Магар шумо модар ё фарзанд надоред?!
Аз халқи оддӣ ҳаросе надоред, ин маълум, аммо аз Худо чӣ?
Ҳар рӯз навор пахш мекунед. Шумо хаёл кардед, ки мардум бовар мекунанд? Ҳатто кӯдакони синфҳои ибтидоӣ ҳам медонанд, ки ин наворҳои шумо на танҳо сохта аст, балки бофта ҳам мебошад. Худатон ин наворро чор-панҷ бор тамошо кунед, ки чӣ хел ин наворҳо ҳам аз нигоҳи рангу ҳам аз нигоҳи шакл тафовути куллӣ дорад.
Барои он, ки зиндагии иҷтимоӣ дар ватан вазнин аст, панҷоҳ фоиз муҳоҷир шудаанд ва понздаҳ ё бист фоизи дигар дар зиндонҳо қарор доранд. Ҳар рӯз, як ё ду нафарро аз озодӣ маҳрум карда истодаед. Магар ин қатли ом нест?
Агар ҳақиқати зиндагии халқро донистан хоҳед, биёед, дар баробари мо, модарони муҳоҷир, меҳнат кунед, заҳмат кашед, бо мардумони оддии дур аз Ватан мусоҳиба намоед; ин аст, қаҳрамонӣ!
Мо дуо дорем, ки оромӣ бошад, сулҳ бошад!
Мо садо дорем, мо Худо дорем!”
* * *
Матни пурраи муроҷиати модари дигар ба ин шарҳ аст:
“Дуруд ба шумо дӯстон ва ҳамватанони иззатманд!
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастам ва айни ҳол, дар шаҳри Маскав қарор дорам.
Хостам оиди сарзамини бузургамон якчанд сухан изҳор намоям.
Чун вилояти мо айни замон дар ҳолати нохушӣ қарор дорад, ҳамаи мо – зодагони Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшонро дилтангӣ фаро гирифтааст.
Имрӯз рӯ ба навор оварда, чун зан, Модар, хоҳар ва фарзанди ин вилояти сар ба фалак кашида, аз ҳукумат ва кормандони амният хоҳиш менамоям, ки оромӣ осудагӣ ва адолатро дар вилояти мо барқарор намоянд.
Чун бародарони сарбаланди мо, ба мисли Ораз Вазирбеков, Амридин Аловатшоев, Аслишоҳ Вазиров, Чоршанбе Чоршанбиев ва садҳо нафарро, ки ҳамеша, чӣ дар Ватан ва чӣ берун аз Ватан алалхусус Русия, номбардор ва мададгори халқи худ буданд ва хоҳанд монд; барои ҳамин аз кормандони ҳукумат, амният ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки барои бародарони мо ва кулли шаҳрвандони ин вилоят, адолат, озодӣ ва сулҳу оромиро барқарор намоянд.
Ва дар охир гуфтаниам:
Дӯстиро ҷустӯ дорем мо
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Ва дар охир, як дақиқа сукут барои бародарони шаҳиди бадахшониамон.”
#Ҳафтаи_дифоъ_аз_Бадахшон
#Бадахшон_Тоҷикистон_аст_ва_Тоҷикистон_Бадахшон!
#Badakhshan_is_Tajikistan_and_Tajikistan_is_Badakhshan!
#Бадахшан_это_Таджикистан_а_Таджикистан_это_Бадахшан!
#Бас_аст_зулм_ва_террор_алайҳи_мардуми_Бадахшон!
#Enough_oppression_and_terror_against_the_people_of_Badakhshan!
#Хватит_угнетения_и_террора_против_народа_Бадахшана!
Добавить комментарий