Сайидюнуси Истаравшанӣ
Бознашр аз сомонаи Паём
Ба баҳонаи Ҳафтаи дифоъ аз мардуми Бадахшон
Дар ёддошти ин ҳафта, ки камокон ба мардуми Бадахшон ва дифоъ аз онҳо ихтисос дорад, дар бораи як вежагии мунҳасир ба фарди ҳукумати Тоҷикистон ба риёсати Эмомалӣ Раҳмон, ки ба назарам, на дар таърих метавон барои он назир пайдо кард ва на дар дунё шабеҳ дорад, сӯҳбат мекунам. Ва он, нифоқ ва дурӯягии беш аз ҳадди мақомоти кишварӣ аст.
Дурӯғ ва нифоқе, ки дар мақомоти Тоҷикистон дида мешавад, аз ҷумла дар шахси Эмомалӣ Раҳмон, беназир аст ва худашон низ қатъан медонанд, ки гуфтор ва рафторашон дурӯғ аст. Вале чунин ба назар мерасад онҳо бар ин боваранд, ки дурӯғ гуфтан ва нифоқ кардан дар кишвардорӣ ва давлатдорӣ, як амри ногузир аст ва гӯ ин ки мӯътақиданд, ҳукумат кардан бо дурӯғ гуфтан ва дурӯягӣ намудан ҳамроҳ буда ва аз он гурезе нест.
Ба унвони мисол, иддао мекунанд, ҳукумати Тоҷикистон демукротик аст, дар ҳоле, ки медонанд, ин ҳарф дурӯғ аст. Медонанд, ки ҳукумати мо хонаводагӣ ва комилан ба иродаи як шахс – яъне Эмомалӣ Раҳмон — вобаста аст ва раъю назари шаҳрвандон кучактарин нақше дар он надорад, вале бо ин ҳама, ба даҳони пур мегӯянд, давлати мо демукротик ва ҳоким ва ҳукумат дар он ба раъйи мардум бастагӣ дорад. Хуб, ин як дурӯғ.
Яке дигар аз дурӯғҳо ва нифоқҳое, ки доранд – ва медонанд, ки дурӯғ ва дурӯӣ аст – ин имзои ҳукумат зери санадҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ аст, ки гӯӣ қабулашон кардаанд ва ба онҳо пойбанданд, вале амалан, ба муҳтавои ин аснод ва меъёрҳо кучактарин эътиное намекунанд ва ба онҳо пойбанд нестанд.
Ҳол, ба унвони намуна, дар инҷо санади байналмилалиеро аз сойти “Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” меоварам, ки ҳукумати Тоҷикистон зери он имзо ва қабулаш карда; гӯ ин ки эълом намудааст, ба муҳтавои он амал ва ба он пойбанд аст. Ва он, санаде аст, ки таҳти ин унвон омада: “Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳкиркунандаи шаъну шараф”.
Лозим аст, ибтидо ин воқеияти талхро – ки ёддошти мазбур барои баёни он навишта шудааст — барои хонанда хотирнишон бикунам. Дар рӯзҳои гузашта, ҳамаи мо шоҳиди ду баромади телевизионии Амриддин Аловатшоев, аз раҳбарони ғайрирасмии Бадахшон, ки дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуд – будем. Комилан равшан аст, ки нерӯҳои амниятӣ Амриддин Аловатшоевро маҷбур ба ин ду баромад кардаанд. Коршиносони огоҳ бар ин боваранд, ки Аловатшоевро латукӯб кардаанд, то баромади телевизионӣ дошта бошад. Ва ин дар ҳоле аст, ки аз назари қонунӣ – ҳам қонунҳои ҷорӣ дар Тоҷикистон ва ҳам санадҳои байналмилалие, ки ҳукумати мо эътироф ва зери онҳо имзо кардааст – на иҷбори боздоштшуда (ва ба истилоҳ, гумонбар) ҷоиз аст ва на изҳори назарҳои вай мавриди қабул.
Инак, моддаҳое аз ин санадро меоварам, то худ доварӣ кунед, ки ин санад чӣ мегӯяд ва ҳукумати мо чӣ кор мекунад! Санаде, ки ҳамон тавре, ки арз шуд, ҳукумати Тоҷикистон эътирофаш намуда ва зери он имзо гузоштааст:
Шиканҷа чист?
Дар таърифи шиканҷа ва ин ки ба кадом амал шиканҷа гуфта мешавад, дар моддаи 1, қисми 1-и ин санад омадааст, (албатта, ба иборатҳое аҷибу ғариб ва “рӯзбакӣ”, ки ночорам айни онро биёварам):
“Ҳама гуна амале, ки ба воситаи он ба ягон шахсе қасдан ё бо дигар сабаби ба табъизи дорои ҳама гуна хислат асосёфта дарду азоби сахт ё азоби ҷисмонӣ ё маънавӣ расонда мешавад, то ки аз ӯ ё аз шахси сеюм маълумот (баёнот) гиранд ё ӯро ба иқрор шудан маҷбур созанд, ӯро барои амалҳои содирнамудаи ӯ ё шахси сеюм ё барои гумонбар шуданаш дар содир намудани амали ҷиноӣ ҷазо диҳанд, инчунин ӯ ё шахси сеюмро тарсонанд ё маҷбур созанд, дар сурате ки чунин дард ё азоб аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ ё шахси дигари расмӣ, ё бо шӯрангезии онҳо ё бо огоҳии онҳо ё розигии хомӯшонаи онон расонида мешавад…”
Ба баёни содда, шиканҷа ба амале гуфта мешавад, ки муттаҳам (ё, ба истилоҳ, айбдоршаванда) мавриди озору азияти ҷисмӣ ва ё руҳӣ қарор бигирад, то ӯ ва ё шахси дигар муҷозот бишавад.
Ба ин ҳисоб, амале, ки бо Аловатшоев анҷом додаанд — ва ӯ худ ба забони безабонӣ ба ҳамаи мову шумо расонд мабнӣ бар ин ки гуфт, бигузоред, фарзандон ва падару модару бастагони ман тинҷ зиндагӣ кунанд ва ба онҳо осебе нарасад – шиканҷа маҳсуб мешавад. Яъне, тибқи таърифе, ки аз шиканҷа дар ин санад шудааст, коре, ки бо Амриддин кардаанд, бешак шиканҷа ба шумор меравад. Зеро ӯ дар навор тасреҳ мекунад, ки агар шумо, ба хусус акои Алим Шерзамонов, ба дифоъ аз ман ва ё мардуми Бадахшон алайҳи ҳукумат ҳарф бизанед, на танҳо ман, ки бастагонам мавриди озору азият қарор мегиранд.
Русия низ хилофи ин санад амал кардааст
Дар моддаи 3, қисми 1-и ин санад омада:
“Ҳеч як давлати узв набояд ягон шахсро ба давлати дигар бадарға намояд, баргардонад (refouler) ё супорад, агар далелҳои ҷиддие вуҷуд дошта бошанд, ки дар он ҷо истифодаи шиканҷа ба ӯ таҳдид мекунад…”
Тибқи ин модда, ҳукумати Русия — ки ӯ низ зери ин санад имзо гузоштааст – шарики ҷурми ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб шуда ва хилофи ин санад гом бардоштааст. Зеро ҳукумати Русия дар қаламрави худ бо ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон барои истирдоди Амриддин ҳамкорӣ кардааст.
Баёноти таҳти шиканҷа эътибор надоранд
Дар моддаи 15, қисми 1-и санад омадааст:
“Ҳар як давлати узв таъмин менамояд, ки ҳама гуна баёноте, ки таҳти шиканҷа дода шудааст, дар ҷараёни ҳама гуна тафтишоти суди ҳамчун далел истифода нагардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки он (баёнот) ба муқобили шахси дар содир намудани шиканҷа гунаҳгоршаванда ҳамчун далели он истифода мешавад, ки ин баёнот дода шуда буд.”
Ва ҳамчунин дар моддаи 16, қисми 1 омада:
“Ҳар як давлати узв ӯҳдадор мешавад, дар ҳама гуна қаламрави дар доираи ҳуқуқии он қарордошта дигар амалҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро, ки таҳти мафҳуми шиканҷаи дар моддаи 1 шарҳдодашуда қарор намегиранд, пешгирӣ намояд, ҳангоме ки чунин амалҳо аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ ё дигар шахси расмӣ, ё бо шӯрангезии (таҳрикӣ) онҳо ва ё бо огоҳӣ ё розигии хомӯшонаи онҳо содир мегарданд…”
Ин санад аз 33 модда ва 3 қисм иборат аст ва ёддошти мазбур гунҷоиши овардани ҳамаи онро надорад, аз ин рӯ алоқамандон ҳатман тамоми онро бихонанд, то бидонанд, ҳукумати феълии мо то чӣ ҳадд дурӯғгӯ ва дурӯя аст! Дурӯғӯ ва дурӯя аз ин назар, ки зери ин санад – ва амсоли он аз санадҳои байналмилалӣ – имзо карда, вале амалан ба онҳо пойбанд нест ва хилофи онҳо гом бармедорад.
* * *
Дурӯғгӯӣ ва дурӯягӣ, гузашта аз ин санад ва пойбандӣ ва ё адами пойбандӣ ба он ва ҳамчунин гузашта аз ин ки дар охират барои соҳиби он муҷозот ва уқубатҳои сахте ваъда шудааст, гузашта аз инҳо, дар ҳамин дунё қабл аз охират низ зарару зиёнҳои зиёде домангири соҳиби он мешавад,.
Яке аз кучактарин зиёнҳояш дар ин дунё он аст, ки вақте касе аз ту дурӯғу дурӯягии зиёд дид, дигар эътимодаш комилан аз ту салб ва он гоҳ ба ҳеч сухану амалат бовар намекунад ва ҳатто он замон ҳам, ки рост гуфтӣ, ҳарфатро ҷиддӣ намегирад ва тасдиқат намекунад.
Ҳамин аст, ки мебинем, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳарфу ҳадисҳои мақомоти кунунӣ, аз ҷумла шахси Эмомалӣ Раҳмонро на ҷиддӣ мегиранд ва на бовар мекунанд; дуруст мисли он чӯпони дурӯғгӯ дар асари маъруфи Эзоп – нависанда ва қиссагӯи шаҳири юнонӣ.
Дар поён холӣ аз ҳикмат нест он қиссаро инҷо биёварам. Мегӯяд, чӯпоне буд, ки ҳар рӯз гӯсфандонашро ба чаро мебурд. Ин чӯпон дӯст дошт, ҳамеша ба мардум дурӯғ бигӯяд ва фарёд мезад: “Гург омад! Гург омад!”
Мардум, ки садои ӯро мешуниданд, ба суръат барои кӯмак ба сӯи чӯпон медавиданд. Он вақт чӯпон шурӯъ ба хандидан мекард ва мегуфт: “Шӯхӣ кардам!”
Вақте чанд бор ин корро такрор кард, мардум тасмим гирифтанд, ки дигар ба ӯ кӯмак накунанд ва ҳарфашро қабул накунанд ва исми ӯро “чӯпони дурӯғгӯ” гузоштанд.
То ин ки як рӯз воқеан гурге бузург ва гурусна ба галаи гӯсфандони чӯпон ҳамла кард. Чӯпон, ки хеле тарсида буд, болои дарахте рафт ва фарёд мезад: “Гург омад! Гург омад!” Аммо мардум, ки фикр мекарданд, чӯпон боз ҳам дурӯғ мегӯяд, ба фарёди ӯ аҳаммияте намедоданд.
Гург ҳамаи гӯсфандони галаи чӯпони дурӯғгӯро пора кард. Чӯпон, ки аз болои дарахт машғули тамошо буд, бо нороҳатӣ даст рӯи дасташ мезад ва мегуфт:
“Эй кош ҳеч вақт дурӯғ нагуфта будам! Фаҳмидам, ки Худованд одамҳои дурӯғгӯро дӯст надорад. Мардум ҳам ҳамин тавр. На дурӯғгӯро дӯст доранд, на дигар ҳарфашро бовар мекунанд!”
Саломат бошед!
Манбаъ: Сомонаи Паём
#Ҳафтаи_дифоъ_аз_Бадахшон
#Бадахшон_Тоҷикистон_аст_ва_Тоҷикистон_Бадахшон!
#Badakhshan_is_Tajikistan_and_Tajikistan_is_Badakhshan!
#Бадахшан_это_Таджикистан_а_Таджикистан_это_Бадахшан!
#Бас_аст_зулм_ва_террор_алайҳи_мардуми_Бадахшон!
#Enough_oppression_and_terror_against_the_people_of_Badakhshan!
#Хватит_угнетения_и_террора_против_народа_Бадахшана!
Добавить комментарий