Ҷамъияти Тоҷикони “НУР” дар Олмон, бо судури баёнияе, бо муроҷиат ба тамоми мардуми Тоҷикистон, мақомот ва созмонҳои байналмилалӣ, иқдомҳои нерӯҳои интизомии Тоҷикистонро дар Бадахшон шадидан маҳкум кардааст.
Ин созмон бо ишора ба ин ки “зиёда аз ду моҳ мешавад, ки Бадахшон ноором аст ва дар муҳосира қарор дорад”, изҳор доштааст: “Ҳодисаҳои ахир дар Бадахшон баёнгари вазъи асафбори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқиву амниятии на танҳо Бадахшон, балки ҳатто мешавад гуфт, тамоми Тоҷикистон аст.”
Ҷамъияти Тоҷикони “НУР” бо баёни ин ки “ҳукумати Тоҷикистонро мебоист ин нерӯ ва лашкаркашиҳо, қудратнамоиву ҳунарнамоиҳояшро ба марзи Исфара бо Қирғизистон равона месохт ва аз мардуми худ дар онҷо муҳофизат мекард, ки аз ҷониби низомиёни қирғиз кушта нашаванд, на бар алайҳи мардуми худ дар Бадахшон”, унвон доштааст: “Ҳоло боз мехоҳанд хуни ноҳақ бирезонанд, чуноне ки дар моҳи ноябри соли 2021 ҳамин ду моҳе пештар хуни Гулбиддин Зиёбеков ва чандин ҷавонони Бадахшонро резонданд ва хелеҳои дигарро захмӣ намуданд. Ҷавонони ғаюре, ки омода буданд ва ҳастанд ба ҳар нуқтае аз кишвари азизамон бираванд, махсусан ба марзи Исфара ва ҷони худашонро баҳри ҳимояи ватани азизамон қурбон кунанд.”
Созмони мазкур дар идома бо ишора ба ин ки ҳадафи ин бори ҳукумат Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров аст, изҳор дошта, Маҳмадбоқиров “ин марди наҷиб ва бошарафи бадахшонӣ солҳо дар сохторҳои низомӣ барои ҳукумату давлат ва мардум хидмат намудааст ва мавриди эҳтироми мардуми Бадахшон қарор дорад.”
Ҷамъияти Тоҷикони “НУР” дар Олмон дар идома аз ҳукумати Тоҷикистон қотеона талаб кардааст, ки “ҳамаи нерӯҳои низомиро аз Бадахшон ба пойгоҳҳояшон баргардонад ва ба хостаҳои мардуми худ эҳтиром гузошта, Бадахшонро аз муҳосира раҳо кунад ва қотилони он мардумро ба сазои аъмолашон бирасонад.”
Муроҷиати ин созмон ба шарҳи зерин аст:
“Ҷамъияти Тоҷикони «НУР» дар Олмон нигаронии шадиди худро ҷиҳати ҳаводиси ахири дар кишварамон ба вуқӯъ пайваста дар робита бо вазъият дар Бадахшон ва гаравгонгириву боздоштҳои ғайриқонунӣ амиқан баён медорад.
Зиёда аз ду моҳ мешавад, ки Бадахшон ноором аст ва дар муҳосира қарор дорад. Ҳодисаҳои ахир дар Бадахшон баёнгари вазъи асафбори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқиву амниятии минтақа мебошанд, на танҳо Бадахшон, ҳатто мешавад гуфт, тамоми Тоҷикистон.
Бо эҷоди ноамнӣ ва ваҳшат дар байни мардуми Бадахшон аз тарафи мақомоти ҳукуматӣ, қатлу куштор, ҳузури низомиён ва тақвияти онҳо, қатъи алоқаи интернетӣ, ташкили истгоҳҳои бозрасӣ, контрол ва масдуд кардани роҳҳо, бидуни ҳеч далел ва асосе, таҳти таъқибу боздошт қарор додану парвандаи ҷиноӣ боз кардан алайҳи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбарони мардумии минтақа, нашри филму мақолаҳои муғризона ва якҷониба ва хеле аз мушкилоти дигар, зиндагии бе ин ҳам душвори мардумро дар ин ҳавои сарди кӯҳистонӣ сахттар кардааст.
Ин бори аввал нест, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯҳои низомӣ ба Бадахшон алайҳи мардуми хеш, шаҳрвандони худ мефиристад ва лашкаркашӣ менамояд. Дар гузашта ҳам ин амали нангини худро анҷом дода боиси қатл ва захмӣ кардани теъдоди зиёде аз ҳамватанонамон гаштааст ва вазъро ноором сохтааст.
Ҳукумати Тоҷикистонро мебоист ин нерӯ ва лашкаркашиҳо, қудратнамоиву ҳунарнамоиҳояшро ба марзи Исфара бо Қирғизистон равона месохт ва аз мардуми худ дар онҷо муҳофизат мекард, ки аз ҷониби низомиёни қирғиз кушта нашаванд, на бар алайҳи мардуми худ дар Бадахшон.
Ҳоло боз мехоҳанд хуни ноҳақ бирезонанд, чуноне ки дар моҳи ноябри соли 2021 ҳамин ду моҳе пештар хуни Гулбиддин Зиёбеков ва чандин ҷавонони Бадахшонро резонданд ва хелеҳои дигарро захмӣ намуданд. Ҷавонони ғаюре, ки омода буданд ва ҳастанд ба ҳар нуқтае аз кишвари азизамон бираванд, махсусан ба марзи Исфара ва ҷони худашонро баҳри ҳимояи ватани азизамон қурбон кунанд. Ин бор ҳадафашон Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров аст. Ин марди наҷиб ва бошарафи бадахшонӣ, ки солҳо дар сохторҳои низомӣ барои ҳукумату давлат ва мардум хидмат намудааст ва мавриди эҳтироми мардуми Бадахшон қарор дорад.
Ҷамъияти Тоҷикони “НУР” дар Олмон аз ҳукумати Тоҷикистон қотеона талаб менамояд, ки ҳама нерӯҳои низомиро аз Бадахшон ба пойгоҳҳояшон баргардонад ва ба хостаҳои мардуми худ эҳтиром гузошта, Бадахшонро аз муҳосира раҳо кунад ва қотилони он мардумро ба сазои аъмолашон бирасонад.
Ҷамъияти Тоҷикони “НУР” инчунин аз боздоштҳои ахири ба вуқӯъ пайвасата чӣ дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати Шоҳида Маҳмадҷонова, Амридин Аловатшоев, Чоршанбе Чоршанбиев, Нусратулло Саидов ва даҳҳо шаҳрвандон ва ҳамватанони дигари кишварамон нигарон буда, ин тарзи бархӯрди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳукумати Тоҷикистон бо шаҳрвандони худро ниҳояти ҳамоқат ва дур аз ҳама арзишҳои ахлоқиву инсонӣ медонад. Ин амалҳои онҳо заъфи онҳоро нишон дода, ошкоро зери по намудани меъёрҳои конститутсионӣ ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандиро баръало намоиш медиҳад.
Мақомоти кишварамон набояд бар эҳсосоти мардум нохун бизананд ва сабру таҳаммули мардумро мавриди озмоиш қарор бидиҳанд. Ин мардум ва миллати тоҷик наззорагари тамоми аъмол ва ҷиноёти мақомоти кишвар ҳастанд ва дар ҳофизаи худ ҳифз менамоянд ва ҳар замон, ки косаи сабру таҳаммул лабрез шуд, он замон на мақомдоре хоҳед дид ва на мансабдоре.
Ҷамъияти Тоҷикони “НУР” муносибати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо номбаршудагонро махсусан Шоҳида Маҳмадҷонова бо як зан ва модарро дағалона вайрон ва поймол намудани ҳуқуқҳои шарвандии занону модарон эътироф намуда, онро як амали одамрабоӣ дониста, шадидан маҳкум мекунад ва озодии ҳарчи зудтар ва бидуни қайду шарти Шоҳида Маҳмадҷонова, Амридин Аловатшоев, Чоршанбе Чоршанбиев ва Нусратулло Саидов ва дигар боздоштшудагону зиндониёни бегуноҳро, ки ба хотири фишор бар мардум ва наздикону пайвандонашон анҷом додаанд, талаб менамояд.
Инчунин Ҷамъияти Тоҷикони “НУР” дар Олмон аз тамоми созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва байналмилалӣ дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он қотеона талаб менамояд, ки дар робита бо ин амалкардҳои мақомоти Тоҷикистон тамоми чораҳо ва имкониятҳоро истифода бурда, мақомоти Тоҷикистонро водор ба риояи қонун ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандон бисозанд.
Ҷамъияти Тоҷикони “НУР”
Дортмунд, Олмон
21 феврали 2022”
Добавить комментарий