Додгоҳи Чоршанбе Чоршанбиев, блогер ва варзишкори маъруфи ҳунарҳои размӣ (ММА), ки ахиран дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуд, дар санаи 1-уми марти соли ҷорӣ пушти дарҳои баста ва дар боздоштгоҳи КДАМ баргузор мешавад.
Дар ин хусус, Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигори маъруфи тоҷик хабар дод. Вай дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук навишт: “Суди Чоршанбе Чоршанбиев 1-уми март паси дарҳои бастаи боздошгоҳи Кумитаи амният оғоз мешавад.”
Рустами Ҷонӣ дар идома ёдовар шуд, ки “маъмулан дар чунин мурофиаҳо хешовандон ҳузур намеёбанд.”
Гуфтанист, Чоршанбе Чоршанбиевро, ки дар Русия зиндагӣ мекард, шаби 29 ба 30-уми декабри соли 2021 бо қарори додгоҳ ва ба иттиҳоми “нақзи қоидаи роҳ” аз ин кишвар берун карданд. Пайвандони Чоршанбиев ва низ фаъолони иҷтимоӣ ин қарори додгоҳро истирдод шумурда ва гуфтанд, ки сабаби истирдоди Чоршанбиев ба Тоҷикистон тавассути мақомоти интизомии тоҷик, ибрози озоди ақида ва рӯшан сохтани мавқеи шаҳрвандии ӯст.
Ба иддаои прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, Чоршанбе Чоршанбиев тибқи моддаи 189 (“Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”) ва моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ (“Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсинӣ”) айбдор мешавад.
Ба навиштаи Рустами Ҷонӣ, Чоршанбе Чоршанбиев ба пулис гуфтааст, ӯ гунаҳкор нест ва аз сиёсат дур буда, ҳеч гоҳ касеро аз рӯи маҳаллу нажод ҷудо накардааст.
Ба эътиқоди ин рӯзноманигор, “даъвати оммавӣ дар назари мақомоти тоҷик, тарафдории лафзӣ аз эътирозоти шаҳри Хоруғ буд, ки 25-36-уми ноябри ҳамон сол ба сабаби қатли ваҳшиёнаи Гулбиддин Зиёбеков аз тарафи гурӯҳи таъиноти махсуси “амният”, дар майдони Исмоили Сомонии ин шаҳр баргузор шуд.”
Рустами Ҷонӣ сипас навишт: “Баъдан прокурор моддаи кинаву адовати миллиро аз парвандаи варзишгар берун кард ва ҳоло ӯро бо айби даъвати оммавӣ барои сарнагун кардани сохтори конституттсионӣ суд мекунанд. Барои ин гуноҳ айбдор бояд аз 8 то 15 сол зиндонӣ шавад.”