“Бародари ман, Абдулҳалим афсар ва сарбози кишвар, сарзамин ва марзу буми Тоҷикистон буд”

Низомуддин Назаров, бародари шаҳид Ҳоҷӣ Абдулҳалим Назарзода — аз фармондеҳони мухолифони тоҷик ва муовини собиқи вазири дифои кишвар, ки дар тирамоҳи 2015 тавассути нерӯҳои низомии режими Эмомалӣ Раҳмон кушта шуд, бо баёни ин ки “23-юми феврал дар Тоҷикистон Рӯзи артиши миллӣ аст; артише, ки дар ҳимоя аз марзу буми кишвар ҷоннисорӣ ва истиқлолияти кишварро таъмин мекунад ва вобаста ба миллату кишвар аст, на гурӯҳи хосс”, хотирнишон кард: “Бародари ман, Абдулҳалим афсар ва сарбози кишвар, сарзамин ва марзу буми Тоҷикистон буд.”

Вай дар ёддоште ба муносибати 23 феврал, Рӯзи артиши миллии Тоҷикистон, ба муаррифии бародари шаҳидаш пардохта ва навиштааст, Ҳоҷӣ “аз вақте, ки ба вазифаи фармондеҳии “Баталёни 25”-и Вазорати дифоъ таъйин шуд, дорои дараҷаи сарҳанг (полковник) буд ва дар солҳои баъдӣ ба муовинати фармондеҳии нерӯҳои хушкигард ва раёсати хидмати низомӣ ифои вазифа кардааст.”

Назаров дар идома бо баёни ин ки марҳуми Ҳоҷӣ “баъд аз хатми Академияи низомии Русия ба номи Фрунзе муваффақ ба касби дараҷаи генералӣ шуд”, ёдовар шудааст: “Ниҳоят дар соли 2013 бо рӯйи кор омадани давлати ҷадид ва вазири тозатаъйиншуда, ба муовинати ин вазоратхона таъйин шуд.”

Вай дар идома ба хадамоти шаҳид Ҳоҷӣ Абдулҳалим ба артиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳбубияташ дар назди мардум ишора карда ва навиштааст, Ҳоҷӣ “аз вақти омадан ба саффи қувваҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва то охири умраш, 18 сол ба артиши кишвар хизматҳои арзанда кард ва қалбҳои зиёдеро тасхири худ сохт. Дар сахттарин рӯзҳо аз марзу буми кишвар дифоъ кард ва ба сарбозу афсари артиш бо эҳтиром бархӯрд кард. Тарҳи хизмати алтернативии артиши ҷумҳуриро кашида, ба вазири вақт пешниҳод кард.”

Низомуддин Назарзода дар идомаи ёддошти худ, ба вазифаҳои Ҳоҷӣ ба ғайр аз муовинати Вазорати дифоъ ишора намуд ва навишт: “Дар канори анҷоми вазифа дар артиш, боз як идда корҳои қобили таҳсин низ бар ӯҳда дошт ва аз ҷумла раёсати Клуби варзиши футболи артиш ба номи “ЦСКА-Памир”-ки масъулияти зиёдеро металабид ва пур дарди сар буд.”

Бародари шаҳид Ҳоҷӣ Ҳалим афзуд: “Як бархӯрди ғайри ҳирфаии довар сабаб шуд, ки ӯ (шаҳид Ҳоҷӣ Ҳалим) кӯтоҳ наояд ва тимро дар бозӣ бо “Регар Тадаз” аз майдони футбол берун оварда, шаъну шарафи тими Вазорати дифоъро нигоҳ дорад. Ногуфта намонад, ки ин кор ба сабру ҳавсалаи зиёде ниёз дошт, ки ӯ (марҳум Ҳоҷӣ Ҳалим) низ бо чунин равиш бархӯрд мекард.”

Низомуддин Назарзода дар поён бо таъкид бар ин ки “бародари ман, Абдулҳалим афсар ва сарбози кишвар, сарзамин ва марзу буми Тоҷикистон буд”, навишт: “23-юми феврал дар Тоҷикистон Рӯзи артиши миллӣ аст. Артише, ки дар ҳимоя аз марзу буми кишвар ҷоннисорӣ мекунад ва истиқлолияти кишварро таъмин мекунад ва вобаста ба миллату кишвар аст на гурӯҳи хосс.”

“Бародари ман, Абдулҳалим афсар ва сарбози кишвар, сарзамин ва марзу буми Тоҷикистон буд”: Один комментарий

Добавьте свой

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: