Додгоҳи Чоршанбиев бояд мустақим ва бо иштироки пайвандон баргузор шавад

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва бастагони Чоршанбе Чоршанбиев — блогер ва варзишкори ҳунарҳои размӣ (ММА), ки дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст, хостори баргузории додгоҳи вай ба сурати мустақим ва бо иштироки пайвандон ва аз тариқи телевизион шуданд, то ҳамаи шаҳрвандон битавонанд, аз ҷараёни додгоҳи ӯ бохабар бошанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла пайвандони Чоршанбе Чоршанбиев, дар ёддоштҳои ҷудогона, хостори баргузории додгоҳи ин варзишкори тоҷик ба сурати ошкор шуданд. Салмон Султонзода, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик, дар ёддоште дар Фейсбук хотирнишон кардааст: “#Додгоҳи #Чоршанбе Чоршанбиев бояд бо иштироки рӯзноманигорон, пайвандон ва бо намоиши мустақим дар телевизион баргузор шавад!”

Ба ақидаи ин фаъоли сиёсӣ, дар ғайри ин сурат, “режим ӯро бо тӯҳмат зиндон мекунад.”

Вакилони дифои Чоршанбе Чоршанбиев низ аз додгоҳ хостанд, додгоҳи ӯ на дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ, балки худи додгоҳ баргузор шавад. Ба гузориши Радиои Озодӣ, муҳокимаи Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 28-уми феврал оғоз хоҳад шуд.

Тибқи ин гузориш, ба гуфтаи вакилони дифоъ, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор кардааст, ки мурофиа ба таври кушода бошад ҳам, дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия ҷараён гирад.

Намояндагони додгоҳ сабаби ин тасмимро шарҳ надоданд. Вале Эътилофи зидди шиканҷа рӯзи 23-юми феврал дар эъломияе аз қавли мақомот навишт, эҳтимоли ҷамъ шудани мардуми зиёд дар назди додгоҳ вуҷуд дорад ва ин ҳолат метавонад, ба муҳокимаи дурусту саривақтии парванда халал расонад.

Вакилон аз Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки аз ҳуқуқи Чоршанбиев ҳимоя мекунанд, дар эъломия гуфтаанд, баррасии парванда дар фазои боз, яке аз кафолатҳои асосии дастрасӣ ба ҳуқуқ ба адолати додгоҳӣ аст ва муҳокимаи парванда дар бинои Боздоштгоҳ дастрасии расонаҳо ва ҷомеаро маҳдуд мекунад.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, тасмими Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба гузарондани мурофиаи Чоршанбиев дар боздоштгоҳ имкони ширкати хабарнигоронро дар он мушкил мекунад. Чун ба гуфтаи масъулони эътилоф, бинои Боздоштгоҳ муҳофизатшаванда аст ва барои ворид шудан ба он ва ширкат дар мурофиа иҷозати пешакӣ зарур мешавад.

Ба навиштаи Рустами Ҷонӣ, додгоҳи Чоршанбиев пушти дарҳои баста ва дар боздоштгоҳи КДАМ баргузор мешавад. Вай навиштааст, ки ”маъмулан дар чунин мурофиаҳо хешовандон ҳузур намеёбанд.”

Чоршанбе Чоршанбиев дар Русия зиндагӣ мекард ва шаби 29 ба 30-уми декабри соли 2021 бо қарори додгоҳ ва ба иттиҳоми “нақзи қоидаи роҳ” аз ин кишвар берун карда шуд. Пайвандони Чоршанбиев ва низ фаъолони иҷтимоӣ гуфтанд, ки сабаби истирдоди Чоршанбиев ба Тоҷикистон тавассути мақомоти интизомии тоҷик, ибрози озоди ақида ва рӯшан сохтани мавқеи шаҳрвандии ӯст.

Алим Шерзамонов: “Бадахшон имрӯз пеш аз ҳар вақт дар хатар аст”

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паёмони Миллии Тоҷикистон ва аз фаъолони тоҷики бадахшонӣ, бар ин бовар аст, ки ба сабаби таҳоҷуми нерӯҳои Русия ба Украина, имрӯзҳо таваҷҷӯҳи олам ба ин минтақа шудааст ва баъид нест, ки бо истифода аз ин фурсат, режим ба Бадахшон ҳамла оварда ва ба мақсадҳои нопоки хеш ноил ояд.

Вай бо ишора ба матлаб, навиштааст: “Таваҷҷӯҳи тамоми олам ба Укройин аст. Аз ин рӯ Бадахшон пеш аз ҳар вақта дар хатар аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: