Нақли ҳодисаҳои талхе, ки “Фронти халқӣ” бар сари хонаводаи Ҷаннатуллоҳи Комил овард – (Аз забони худи Ҷаннатуллоҳ)

Ҷаннатулоҳи Комил, фаъоли Паймони Миллии Тоҷикистон ва узви ҲНИТ ва раиси дафтари ПМТ дар Олмон, ҳодисаҳои талхе, ки бо хонаводаи ӯ ва наздиконаш дар Себистони ноҳияи Данғара пас аз рӯи кор омадани ҳукумати кунунӣ воқеъ шуда ва ин ки “Фронти халқӣ” чӣ гуна онҳоро ба қатл расондаанд ва ҳатто кӯдакони хурдсол аз ҷумла бародари дуюнимсолаи ӯро бо ваҳшоният куштаанд, нақл кард.

Вай дар барномаи ҳафтаии Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар YouTube, дар ибтидо баъд аз салом ва тақдиру ташаккур аз раиси КШНГЗС ба хотири барномаҳои видеоии ӯ, гуфт: “Шумо дар бораи Себистон гуфтед, ман барномаҳои қаблиро тамошо кардам, албатта вақте ки сӯҳбат дар бораи Себистон рафт, хостам, ки худам ба унвони як шоҳид, як нафаре, ки дар он замон 10-сола будам, ҷабридида ҳастам ва баъзе аз ин кушторҳоро бо чашми худам дидаам, хостам дар барномаи шумо ширкат кунам ва ҳақиқатеро, ки болои мардум дар Себистон омад, барои мардум баён кунам.”

Ҷаннатуллоҳи Комил афзуд: “Ҳамон тавре ки шумо баён кардед, солҳои 1992, ҳанӯз, ки дар дигар манотиқи Тоҷикистон ҷанг оғоз нашуда буд, дар моҳҳои май ё июни ҳамон сол, аллакай чаҳор нафар аз ҷавонони себистониро, дар Себистон, ба қатл расонданд. Якеашон Раҷабалӣ ном дошт, якеаш Афғонов Маҳмадалӣ ва ду нафари дигар, ки ман номҳои онҳоро надорам. Ва ба хотири он ки онҳо дар майдони Шаҳидон ширкат кардаанд, онҳоро дастгир карда ва бо ваҳшният, ба қатл расонда буданд.”

Ҷаннатуллоҳи Комил (дар васат) дар нишасти солонаи ОБСЕ

Вай дар идома бо баёни ин ки ӯ дар он замон кӯдак буд, гуфт: “Тақрибан синфи сеюм мехондам. Зеризамини мактабе, ки ман дар он дарс мехондам ва солуни кинотеатри Себистонро ба штаб тадбил дода буданд. Бинобар ин вақте мо ба мактаб мерафтем, ҳатто садои шиканҷаҳое, ки бар ин чанд нафар медоданд, мо мешунидем.”

Ҷаннатуллоҳи Комил идома дод: “Ман ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам. Раҳматӣ Муҳаммадалӣ, як ҷавони 20-21 сола буд. Вақте ӯро заданд ва пас аз шиканҷа, бо сари пур аз хун аз штаб бароварда ба ҷои дигаре мебурданд, мо дидем, ки дастҳои ин ҷавонро бо корд бурида пора карда буданд ва ҳатто дар ҷойҳои буридагӣ, намак пошида буданд.”

Вай бо таъкид бар ин ки ин воқеиятҳои талхро мо ба чашми худ дидааст, афзуд: “Ҳолате ки барои ман пеш омадааст, ман ҳеч вақт наметавонам фаромӯш кунам ва иншоаллоҳ, агар Худо хоста бошад, дар яке аз барномаҳо инро баён кунам. Ман дар ин бора дар Фейсбук матолиберо навиштаам, (ба унвони) “Шабҳои ваҳшатноки Себистон”, тақрибан 4-5 матлаб навиштам ва ният дорам, идомаашро ҳам бинависам, ки чӣ гуна мехостанд, манро — кӯдаки даҳсоларо низ ба қатл бирасонанд. Албатта лутфи Худованд буд, ки натавонистанд.”

Ҷаннатуллоҳи Комил (аввалӣ аз чап) дар мулоқоти раис ва намояндагони ҲНИТ бо Рошид ал-Ғаннушӣ, раҳбари Аннаҳза дар Тунис

Ҷаннатуллоҳи Комил афзуд: “Тақрибан аз байни 45 то 50 нафар шаҳидоне, ки онҳоро қатли ом карданд, дар Себистон, ҳамаашон одамҳои бегуноҳ, инсонҳои сулҳдӯсту мусолиматомез буданд, ба ҳеч чиз кор надоштанд, фақат мегуфтанд, ки: Раббуналлоҳ – Худованд Парвардигори мост! Мо ислом мехоҳем! Мо мехоҳем масҷидҳоямон обод шавад! Фақат ҳамин буд, дигар чизе набуд. Аз наздикони ман, 22 нафар ҳастанд, дар байни ҳамин листе, ки шумо доред, танҳо ба ғайр аз падар ду бародар ва хоҳари ман, боз бисту ду нафар аз наздикони ман дар ҳамин кушторҳо, шомили ҳамон лист ҳастанд ва (шаҳид шудаанд). Мирзоев Шерхон, Мирзоев Қарахон, Муллоширин ва дигарон, ҳамаи инҳо писарамакҳои падарам ҳастанд. Аксарашон аз наздикони ман ҳастанд ва ё ҳамдеҳагонам, ки инҳоро ба як ваҳшонияте ба қатл расондаанд.”

Вай дар идома дар бораи ҳодисаҳои талхе, ки бо хонаводаи ӯ дар он рӯзҳо иттифоқ афтодааст сӯҳбат кард ва афзуд: “Дар он замон, аз қишлоқи Эғрон, ки падари ман бо бародарам дар онҷо пинҳон шуда буданд, 15 нафар аз авбошони “Фронти Халқӣ” мераванд ва падар ва бародари маро аз он ҷо дастгир мекунанд ва тақрибан дар 4-5 километрии Себистон, ними шаб, ба тарафи “Шар-Шар” (номи деҳа), мебаранд. Бародари ман, Акаи Сайфулло, ки як одами паҳлавоне буд, бо онҳо мубориза мекунад. Исматча, Раҷаби Ширин ва боз дигарон аввал бо корд мезананд ва сипас бо аслиҳа мепаронанд ва бародарамро ба шаҳодат мерасонанд. Падарамро ёздаҳ корд дар пушташ мезананд. Ба тасаввури ин ки вафот кардааст, аз ҷои ҳодиса мераванд, аммо ҳанӯз зинда будааст. Падарам ба ҳуш меояд ва мебинад, ки фарзандаш вафот кардааст. Фарзандашро мебардорад ва ба деҳаи “Шар-Шар” меравад. Дар деҳаи “Шар-Шар” касе падарамро мебинад ва ба штаб мефурӯшад. Шабона падарамро дубора дастгир мекунанд ва ба штаби Себистон мебаранд.”

Ҷаннатуллоҳи Комил бо баёни ин ки кӯдак буд ва фаромӯш накардааст, гуфт: “Нисфирӯзӣ буд, дар ҳавлӣ бозӣ мекардам. Як тележка омад, дар назди ҳавлиамон истод. Мо ҳам ду се нафар кӯдакон, ба самти тележка давидем ва дидем, ки аз даруни тележка падари маро, хуншор бароварданд. Аз даҳонаш паронда буданд. Шумо тасаввур кунед, падару бародарамро, ки разманда буданд, кушта буданд ва дар деҳа тақрибан ҳеч марде набуд, ҳамаро кушта буданд. Мо падарамро ба хона даровардем. Амакам рафтанд барои кофтани бародарам. Баъд, амакам (ҷасади) раҳматӣ акаам Сайфуллоро оварданд. Шумо тасаввур кунед, ки дар ҳамон ҳолат ҳам, аъзоёни “Фронти Халқӣ” дар атрофи хонаи мо ҷамъ шуда буданд ва мехостанд, ба мо ва хонаводаи мо фишор биёранд. Бовар кунед, модари ман дар байни ду ҷаноза, шабро рӯз карданд. Ба ҷуз ду амакам, дигар ҳеч кас, ҳеч ҳамсояе ҷуръат надошт, вориди хонаи мо шавад ва модари маро дилдорӣ диҳад. Модари ман, бо ҳамроҳи як хоҳарам, шабро то рӯз, дар ҳамон ҷо, сипарӣ карданд. Хеле ваҳшату даҳшат дошт. Вақте рӯз шуд ва чанд нафар мӯйсафедон омаданд, ки падари маро бишӯянду ҷаноза кунанд, аъзоёни “Фронти халқӣ” омаданд ва гуфтанд, ки шумо набояд барои онҳо намози ҷаноза бихонед ва маросими ҷанозаро набояд анҷом диҳед. Мегуфтанд, инҳо набояд барояшон маросими ҷаноза анҷом шавад, набояд шуста шаванд. Мардум ҷамъ шуданд. Албатта Падарам шаҳид буд ва шаҳидро намешӯянд. Ба ҳар ҳол, падарамро барои шустан бурданд ва ман дидам, ки баъд аз шустан ва то замоне ки падарамро ба қабр мегузоштанд, ин хуне, ки аз зарби кордҳо, аз пушти падарам хориҷ мешуд, то замони гузоштани дар қабр ҳам ин хун ҳанӯз ҷорӣ буд. Ин чизе буд, ки бо чашмони худам дидам.”

Ҷаннатуллоҳи Комил (аввалӣ аз рост) ва Азимҷони Ваҳҳоб, намояндаи ҲНИТ дар Лаҳистон

Вай идома дод: “Баъд аз он ки падарам ва бародарамро ба хок супоридем, мо муддати се то шаш моҳ дар хонаи худамон зиндагӣ карда наметавонистем. Рӯзҳо меомадем, аммо шабҳо ба хонаи амакам ё ҷои дигаре мерафтем. Зеро сад бор омада хонаи моро оташ заданд. Чандин бор аз дур хонаи моро тирборон карданд. Хонаи бардарам шаҳид Сайфуллоро шабона оташ заданд. Ҳар чизе ки дошт, сӯхт, ба ҷуз ҳамон аксе, ки шумо ҳам он аксро доред ва як ду акси дигар, ҳамааш сӯхт ва ҳеч аксе ва ёдгорие аз он бародарам надорем.

Дар идомаи барнома Ҷанатуллоҳи Комил ба ин суоли Абдусаттор Бобоев, ки шунидаем нисбати баъзе аз занҳо таҷовуз ҳам шудааст, оё ин ҳақиқат дорад, посух дод: “Бале. Дар баъзе аз манотиқи Себистон баъзе занҳоро таҷовуз кардаанд. Ман албатта ба хотири он ки хонаводаҳояшон нороҳат нашаванд, номҳои касеро намебарам.”

Вай бо такрори ин воқеияти талх, ки баъзе занҳоро бурда таҷовуз карданд, афзуд, ки он занҳо “аз наздикони ман набуданд, вале аз мардуми бечораи Себистон буданд, ки чанд нафар аз духтаронро бурда таҷовуз карда буданд.”

Ҷанаттулоҳи Комил дар посух ба ин сухани Бобоев, ки ба шунидаи ӯ, гӯё Ҷаннатуллоҳ он занҳоро мешинохтааст, гуфт: “Бале. Ман медонам, баъзеҳояшон тақрибан ду се кӯча аз мо он тарафтар зиндагӣ мекарданд. Мутаассифона ин ҳолатҳо рух дода буд.”

Вай дар идома афзуд: “Ман як бародар дорам, ба номи Сунатулло, ҳар вақт номи ӯро мегирам, дар орзуи он ҳастам, ки як бор аксашро бубинам. Ин бародарам дуюнимсола буд, ки ба шаҳодат расид. Ман аз ин бародаракам на аксе дорам ва на ҳеч ёдгории дигар. Ҳар чизе ки буд, ба яғмо бурданд. Ҳар чӣ қадар аз хешу таборҳо ҳам суроғ гирифтам, ки ақаллан як аксе аз он бародарам дошта бошанд, ки барои ман ёдгорӣ бошад, аммо надорем.”

Ҷанаттулоҳи Комил бо тарҳи ин пурсиш, ки оё медонед, бо ин додари дуюнимсолаи мо чӣ кор карданд, гуфт: “Яке аз фронтихалқиҳо дар даст таппонча, шабона вориди хонаи мо мешавад. Ва ба таври ваҳшиёнае ӯро ба қатл мерасонад. Ин лаънатӣ, ин касе, ки додари дуюнимсолаи маро ба қатл расонд, муддате дар Душанбе ва қаблан дар вилояти Суғд прокурор буд.”

Вай дар идома гуфт: “Ман агар бар зидди ин ҳукумати золим мубориза мекунам, ба ин далел аст, ки қотили додари дуюнимсолаи ман, дар назди инҳо дар мансаби прокурор кор мекунад, вале ӯро ба ҷазо накашондаанд. Албатта чанд сол пеш, мисли саг ҷон доду мурда рафт.”

Ҷанаттулоҳи Комил сипас бо баён ин ки “ин одамҳо дар ҳамин ҳукумат кор мекарданд”, хотирнишон кард: “Аммо ба ҷои он ки онҳоро ба муҳокима бикашанд, мансаб ҳам дода буданд.”

Вай дар идома дар бораи ин қотили бародари худсолаш ба сухан пардохт ва афзуд: “Як шабе, ки дар хонаи мо касе набуд ва мо, бачаҳо бо модарам танҳо будем, ин одам таппонча дар даст, вориди хонаи мо мешавад ва қасдаш ҳам дуздӣ будааст. Модарам он замон 45-50 сола буданд, вақте ки ӯро дар ҳавлӣ мебинанд, мехостанд, пеши роҳи ӯро бигиранд, ки ба хона надарояд. Ин мард мехост, бо таппонча модари маро ба қатл расонад. Модарам таппончаро аз дасташ мегиранд ва даруни об мепартоянд. Таппончааш вақте даруни об меафтад, дигар кор намекунад. Модарам доду фарёд мезананд ва ҳамсояҳоро ба кӯмак мехонанд, вале аз тарс ҳеч кас намеояд. Дар хона, ба ҷуз хоҳари калониам, ки нав фарзанд ба дунё оварда буд, дигар ҳамаамон кӯдак будем, касе набуд, ки ба мо ёрӣ диҳад. Ду хоҳарам, ки яке панҷ сола, дигарӣ шаш сола буданд, садои модарамро шунида аз хона мебароянд. Аз ҷумла ҳамин додари дуюнимсолаи ман Сунатулло ҳам аз хона мебарояд.”

Ҷаннатуллоҳи Комил (дар васат) ҳамроҳ бо ҳамразмон

Ҷанаттулоҳи Комил афзуд: “Вақте модарам мебинад, ки кӯдаки дуюнимсолааш ба тарафаш меравад, модарам кӯдакро ба оғӯш мегиранд. Аммо ин қотили бадбахт, ҳамин кӯдаки дуюнимсоларо аз дасти модари ман мегираду сахт бар рӯи замин мезанад. Баъдан додари ман, бар асари ин зарба бемор шуд. Ман инро фаромӯш намекунам. Ман он замон медидам, ки ин кӯдак чӣ гуна буду чӣ ранҷҳое, бар асари ин зарба, мекашид. Чанд вақт баъд, бар асари ҳамин зарба, додарам аз дунё рафт, вафот кард.”

Вай бо таъкид бар ин ки ин ҳодисаҳоро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунад, вфзуд: “Пеш аз ин, фарзанди хоҳарам, ҷиянам Кибриё, ки кӯдаки маъсуме буд, ман бо чашми худам, ҷон додани ӯро низ дида будам.”

Сипас Ҷанаттулоҳи Комил дар баёни чигунагии шаҳодати Кибриё гуфт: “Моҳи феврал буд. Баъд аз он ки падарамро ба қатл расонданд, бародарам Сайфуллоро ба қатл расонданд, ин ҳама наздиконамро ба қатл расонданд, ҷиянам Кибриё бемор шуд. Дақиқ намедонам, ман кӯдак будам, эҳтимолан бемории зардпарвин буд. Модарам бачаи беморро ба болнитсаи (беморхонаи) Себистон бурданд. Аъзоёни “Фронти халқӣ” аз пушташ рафтанд, ки ин кӯдак “вовчик” аст. Падари ин вовчик аст. Бобояш вовчик аст, бинобар ин ин кӯдакро табобат накунед! Духтурон табобаташ накарданд. Кӯдак аз дард гиря мекард. Ман даҳсола будам ва ҳамаашро дар ёд дорам. Модари ман намедонист додашро ба кӣ гӯяд. Ман хуб дарёд дорам, ки модарам гоҳе ба самти дар мерафту доду фиғон мекард, ба тарафи тиреза мерафту доду фиғон мекард. Хешу ақрабо ҳам аз тарс намеомаданд.”

Вай афзуд: “Аз вафоти падарам то ин ҳодиса, тақрибан ду моҳ гузашта буд. Ба ёд дорам, ки моҳи феврал буд, ҳаво каме офтобӣ буд, модарам аз ғаму дард, набераашро, ки аз дарди бисёр гиря мекард, ба оғӯш гирифта назди тиреза омада нишаст ва ба Худованд нола кард. Дарду аламашро ба Худованди Мутаол мегуфт, ки Худоё, ба доди мо бирас! Рангу рӯи Кибриё сафед шуда буд. Дигар хун дар баданаш намонда буд. Якдафъа дидам, ки кӯдак ба ларза даромаду ба ҷон додан шурӯъ кард. Ман дарди модарамро худам медонам. Дар дасти модарам, дар пеши чашмони модарам, ин кӯдак ҷон дод. Нагузоштанд, ки табобат кунад. Модарам хеле гиряву доду фиғон мекарданд. Ман берун баромадам. Ба баъзе аз ҳамсояҳо ва ҳамсари амакам гуфтам, ки биёед, ки хоҳарам вафот кард, дар паҳлӯи модарам бошед.”

Ҷаннатуллоҳи Комил сипас афзуд: “Тақрибан баъд аз ҳамин ҳодиса, додарам, Сунаттуло ки он зарбаи сахт ба сараш зада буд, бемории ӯ ҳам авҷ гирифт. Модарам ӯро (Сунатулло) ба беморхона бурданд, духтурон қабул накарданд. Ба тарафи Данғара бурданд, дар беморхонаи он ҷо ҳам қабул накарданд. Модарам ба беморхонаи Норак барои табобат оварданд. Қабул накарданд. Сипас модарам пинҳонӣ ба шаҳри Ваҳдат оварданд, то ки он бадбахтони фронтихалқӣ бохабар нашаванд ва ба он ҷо нараванд. Аммо силоҳбадастони “Фронти халқӣ” аз пушти модарам ба Ваҳдат ҳам рафтанд. Ҳамаи духтурони онҷоро таҳдид карданд, ки табобат накунанд ва ба зӯр модарам ва додарамро ба Себистон баргардонданд.”

Вай сипас бо баёни ин ки тақрибан дар моҳи июл, август дар Душанбе буд, гуфт: “Додарам дар назди модарам дар Себистон буд, ин додари дуюнимсолаи ман вафот кард. Бидуни ин ки бигузоранд, ки ба назди табибон бираваду табобат кунад. Инҳо зулмҳое буданд, ки ман дар хонаводаи худамон дидам.”

Ҷаннатуллоҳи Комил афзуд: “Хуб ба ёд дорам, ки раҳматӣ Мулло Ширинро, ки беҳтарин инсон, беҳтарин шахс, беҳтарин падар ва фарзандонаш ҳам фарзандони беҳтарин ҳастанд, шахсе, ки ба қавли мардум, “Мӯрча ҳам аз ӯ озор надидааст”, ҳамин хел инсонро ба шаҳодат расонданд.”

Вай дар идома дар бораи чигунагии шаҳодати Мулло Ширин гуфт: “Рӯзе аъзоёни “Фронти халқӣ” ба хонаи Мулло Ширин рафтанд, ӯро аз пеши зану кӯдаконаш берун оварданд ва дар ҳавлии худаш, дар пеши назари зану фарзандонаш, ба қатл расонданд. Ба хонаи Шерхон – писарамаки падарам – рафтанд ва он касро ба қатл расонданд. Шумо тасаввур кунед, ки аз ҳамин хонаводаи Шерхон, Мирзоев Шерхон, Мирзоев Қарахон ва ду нафари дигарро ба қатл расонданд. Мирзоев Шерхон, ки аз як тараф писарамаки падарам ва аз тарафи дигар шавҳари холаам буданд, дар ҳавлиаш, шумо тасаввур кунед, ки дар оғӯши фарзандонаш, дар оғӯши духтараш ва духтари хурди чорсолааш ва ду то писари дусола ва ҳаштсолааш, аввал ӯро лату кӯб карданд, хуншор карданд, баъд камонро (туфангро) дар даҳонаш гузошта ӯро паронда ба шаҳодат расонданд.”

Ҷаннатуллоҳи Комил дар поён баён дошт: “Ҳамаи далелҳоро мо дорем, фарзандони ин одам зиндаанд. Дар ҳавлиаш, ҳамон ҷое ки ӯро ба шаҳодат расонданд, ин ҳавлӣ ҳанӯз ҳаст, он ҷои шаҳодат ҳанӯз боқист. Дар оғӯши фарзандонаш. Ин як ваҳшонияте буд, ки фарзандони ин раҳматӣ ҳамаи инҳоро ба чашми худашон дидаанду мушоҳида кардаанд.”

Навори пурраи сӯҳбати Ҷаннатуллоҳи Комил бо Абдусаттор Бобоев, раиси КШГНЗС:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: