Шоҳида Маҳмадҷонова кист?

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз Шоҳида Маҳмадҷонова

Маҳмадҷонова Шоҳида, зодаи 15 апрели 1977 дар шаҳри Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ӯ дар Медколлеҷи шаҳри Ваҳдат таҳсил ва онро хатм кардааст. Шоҳида ба муддати 18 сол дар шӯъбаи уролоҷии беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ба унвони ҳамшираи шафқат кор карда.

Ӯ модари блогер, Шерзод Маҳмадҷонов маъруф ба “Абдураҳмон09” аст. Шерзод 25 сол син дорад ва аз соли 2016 дар Олмон зиндагӣ мекунад. Ӯ дар як донишгоҳи хусусӣ дар шаҳри Дюсселдорф дар ихтисоси барномасозӣ ва таҳияи сомонаҳои интернетӣ дарс мехонд. Шерзод бо барномаҳои видеоии худ маъруф шуда, ки дар мавриди манъи сатру ҳиҷоб дар Тоҷикистон сухан мегуфт. Шерзод ҳамчунин дар чанд барномаи видеоии худ аз ҷунбиши Толибон пуштибонӣ кардааст.

Дар таърихи 16-уми январи соли 2020 Шоҳида Маҳмадҷоноваро аз кор ронданд. Ба гуфтаи ӯ, аввал ӯро ба идораи амнияти шаҳри Ваҳдат даъват карда, баъди ду рӯз аз кор озод карданд. Вай афзуд: “Гуфтанд, ки писаратонро овардан даркор, гап занед, биёяд. Гуфтам, ҳамеша мегӯям, ки биё, аммо таҳсилашро бояд анҷом диҳад. Мақомот гуфтанд, писаратон муқобили давлат гап мезанад, ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Кумитаи дин ва Кумитаи кор бо занон занг задааст.”

Худи Шерзод Маҳмадҷонов дар ҳамон таърих (16-уми январи 2020) ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз кор рондани модарам сабаб намешавад, ки амалҳои худро бас кунам. Аз он ки ҳукумат маро дар кофтукоби байналмилалӣ медиҳад, бояд аз паси ҳалли мушкилиҳо дар кишвар шавад.”

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар 14-уми январи 2020 дар гузориши солонаи худ навишт, ки “ҳукумати Тоҷикистон барои фишор ба мухолифону мунтақидоне, ки дар табъид ба сар мебаранд, аъзои хонаводаҳои онҳоро дар дохили кишвар мавриди озору азият қарор медиҳад.”

Шоҳида Маҳмадҷонова нопадид шуд

Дар таърихи 4 феврали соли ҷорӣ (2022) гузориш шуд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова нопадид шудааст. Пайвандони вай гуфтанд, ки кормандони пулиси шаҳри Ваҳдат як рӯз пеш ӯро даъват карда, дигар раҳо накардаанд. Мақомоти интизомӣ аз шарҳи масъала худдорӣ карданд.

Худи Шерзод Маҳмадҷонов гуфт, ки моҳи гузашта ду дафъа модарашро ба бахши мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Ваҳдат даъват карданд. Ба гуфтаи ӯ, мақомот аз модари ӯ талаб кардаанд, ки аз писараш бихоҳад, то ба Тоҷикистон баргардад ва ӯро афв мекунанд.

Наздикони Шоҳида Маҳмадҷонова гуфтанд, бори аввал нест, ки ӯ ба хотири суханрониҳои писараш зери фишор қарор мегирад.

Бастагони ин бону дар 7-уми феврали соли ҷорӣ бо фиристодани нома ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Додситонии кул ва Омбудсмен хостанд, макони нигоҳдории ӯро ошкор кунанд. Ба гуфтаи онҳо, Шоҳида Маҳмадҷонова дар 3-юми феврал ба идораи пулиси шаҳри Ваҳдат даъват шуда, то ҳол бедарак аст. Мақомот аз ҳар гуна шарҳ дар бораи сарнавишти ин зан худдорӣ карданд.

Идимо Маҳмадҷонова, модари Шоҳида, мегӯяд, панҷ рӯз аст, ки духтарашро меҷӯяд. Вай гуфт: “Гуфта буд, ки телефонашро аз идораи пулиси шаҳри Ваҳдат гирифта, ба хона меояд, аммо ин кор сурат нагирифт. Домодам гуфт, ки ду моҳ пеш телефони Шоҳидаро як корманди милиса бо номи Парвиз гирифтааст. Ба назди ӯ рафтем. Вай гуфт, ки ба кори дигар гузаштааст. Рақами як корманди дигарро доданд. Ӯ бори аввал ба занги мо ҷавоб дода, гуфт, баъди 20 дақиқа вазъиятро дақиқ мекунад. Дигар ба зангҳои мо ҷавоб надод.”

Вай гуфт, аз мақомот танҳо мехоҳад, ки дар куҷо будани духтарашро ошкор кунанд. Идимо Маҳмадҷонова афзуд: “Вай чӣ гуноҳ дорад? Тарафдори бачаш ҳам нест барои мисол. Тарафдори тинҷию амонӣ аст.”

Ва ин дар ҳоле аст, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, кормандони пулис танҳо то 72 соат ҳақ доранд, шахсро дар боздошт нигоҳ доранд. Баъди ин ё қарори додгоҳ барои ҳабси гумонбаршуда содир мешавад ё шахс бояд озод гардад.

Шерзод Маҳмадҷонов дар хусуси нопадид шудани модараш гуфт: “Пештар мегуфтанд, ки фарзанди шумо як шанс дорад, ки биёяд ва ҷаноби олӣ ӯро мебахшад. Вақте ҳама планҳои онҳо кор накард, аз таҷрибаи Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Чин ва Чеченистон истифода карданд. Дар ин давлатҳо хешу таборро медузданд, бо умеде, ки фарзандашон, ҷиянашон, хешу таборашон фаъолиятҳои худро кам ё қатъ кунанд.”

Ба навиштаи сомонаи Радиои Озодӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат, борҳо мақомотро барои азияту озори наздикони мухолифин дар дохили кишвар интиқод мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора ин гуна танқидҳоро рад кардаанд.

Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба “ифротгароӣ” муттаҳам карданд

Тибқи гузориши 9 феврали соли ҷорӣ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 8-уми феврали 2022 дастгир шудани Шоҳида Маҳмадҷоноваро тасдиқ ва ӯро ба “ифротгароӣ” муттаҳам кард. Мақомот гуфтанд, Шоҳида Маҳмадҷонова ба ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” гумонбар аст ва алайҳи ӯ бар асоси моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ аз 5 то 8 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Пайвандонаш ин иттиҳомро рад карданд. Онҳо гуфтанд, Шоҳида Маҳмадҷонова барои интиқодҳои писараш аз амалкардҳои мақомоти Тоҷикистон дастгир шудааст.

Масъулони Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа ва беҷазоӣ рӯзи 9-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои Шоҳида Маҳмадҷонова вакили мудофеъ ҷудо карданд. Вале ба гуфтаи онҳо, адвокат бо Маҳмадҷонова то ҳол вонахӯрда ва бо парванда ҳам ошно нашудааст.

Идимо Маҳмадҷонова, модари Шоҳида Маҳмадҷоноваро низ дар таърихи 9-уми феврал ба Вазорати корҳои дохилӣ даъват карда, баёнот гирифтанд. Ба гуфтаи хонум Маҳмадҷонова, дар ин ниҳод ба ӯ гуфтаанд, духтараш “барои робита бо “Гурӯҳи 24” гумонбар дониста мешавад. Вай гуфт: “Ба мақомот гуфтам, ки қотеона ин гапро маҳкум мекунам, розӣ нестам. Гуфтамашон, ки се моҳ мешавад, телефонаш дар дасти кормандони милисаи Ваҳдат буд. Ҳар чизе буд, онҳо карданд, гап задан ё лайк мондан аз дасти онҳо меояд. Ман ҳамаи ин чизро рад кардам.”

“Гурӯҳи 24” иртибот доштани Шоҳида Маҳмадҷонова бо ин гурӯҳро қотеона рад кард.

Шерзод Маҳмадҷонов гуфт, парвандаи модараш “беасос ва дорои ангезаи сиёсӣ” аст. Вай афзуд: “Модари маро дуздиданд, 6 рӯз ғайриқонунӣ нигоҳ доштанд, намедонам, ки модари ман чӣ пӯшид, дар куҷо хоб кард ва чӣ хӯрд. Оё дар вақташ намозҳояшро хонд ё не, мо хабар надорем. Парвандаи модарамро дорои оҳанги сиёсӣ медонам. Чунки гунаҳкори аслӣ ман ҳастам ва инҳо мехоҳанд, ки фаъолияти маро манъ кунанд.”

Шоҳида Маҳмадҷонова дар боздоштгоҳи муваққатӣ аст

Бар асоси гузориши 17 феврали соли ҷорӣ (2022), Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО бурданд. Идимо Маҳмадҷонова дар таърихи 16-уми феврали соли ҷорӣ гуфт, “ду рӯз боз ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и Душанбе хӯрок мебарем.”

Идимо Маҳмадҷонова афзуд, бо гузашти ду ҳафта аз боздошти духтараш то ҳол ӯро надидаанд. Вай гуфт: “Хӯрок мебарем, кормандони СИЗО мегиранд, вале ӯро ба мо нишон намедиҳанд.”

Маҳкумияти ПМТ ва КШНГЗС аз рабудан ва боздошти Шоҳида Маҳмадҷонова

Паймони Миллиии Тоҷикистон (ПМТ) дар баёнияе дар таърихи 9-уми феврали соли ҷорӣ (2022), бо таъкид бар ин ки фаъолиятҳои Шерзод Маҳмадҷонов ҳеч иртиботе ба ин эътилофи сиёсӣ надорад, амали мақомотро ғайриқонунӣ, идомаи саркӯбу таъқиб ва фишор ба наздикону пайвандони дигарандешон ва фаъолони расонаии тоҷик дониста, шадидан маҳкумашон кард.

ПМТ дар ин баёния, ёдовар шуд, тибқи ҳамаи қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ, пайвандони ҳеч кас, ба хусус падару модар, набояд ба хотири фаъолиятҳои сиёсии фарзандону наздикони худ муҷозот шаванд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) низ бо судури баёнияе дар таърихи 8-уми феврали соли ҷорӣ (2022), зимни изҳори нигаронӣ аз ин ҳодиса, хотирнишон кард: “Арҷ гузоштан ба ҳуқуқи занон ин арҷ гузоштан ба ҳуқуқи тамоми инсонҳост. Мутаассифона, фишору таҳдид, таҳқир ва хушунат нисбат ба онҳо аз ҷониби милиса, амният ва додситонҳо, ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳатто аз ҳолатҳое гуфта мешавад, ки занон баъди даъват ба ин ниҳодҳо, даст ба худкушӣ задаанд.”

КШНГЗС афзуд: “Имрӯза ҳукумат модарон, ҳамсарон ва гоҳе хоҳарони мухолифонро ба унвони гаравгон нигоҳ медорад ва намегузорад, ки аз кишвар берун шуда, ба бастагони худ бипайванданд. Саффи гаравгонон рӯз ба рӯз афзоиш ёфта, ҳукумат ҳар вақте ки зарур шуд, барои бастани даҳони мухолифин аз онҳо истифода мекунад. Ин шеваи бархӯрд дар дунё назир надорад ва ҷаҳониён аз рӯи он ба Тоҷикистон баҳо медиҳанд ва онро дар қатори кишварҳои худкома мешиносанд.”

Ин созмони ҳуқуқӣ аз тамоми созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занон, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, сафоратхонаҳо тақозо кард, то дар ин қазия бетараф набошанд ва барои озодии Шоҳида Маҳмадҷонова талош кунанд.

Абдусаттор Бобоев, раиси КШНГЗС, дар гуфтугӯи кӯтоҳе бо сойти “Зиндониён”, бо баёни ин ки дифоъ аз ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ ва гаравгонҳо вазифаи ин созмони ҳуқуқӣ аст, гуфт: “Бешак, Шоҳида Маҳмадҷонова, ки тавассути мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт ва имрӯза дар зиндон ба сар мебарад, як гаравгони сиёсӣ аст ва ӯро ба хотири фаъолиятҳои писараш дастгир ва айбдор кардаанд ва худи вай ҳеч гуноҳе муртакиб нашудааст.”

Вай, бо таъкид бар ин ки Абдураҳмон 09 (Шерзод Маҳмадҷонов) ҳеч гуна иртиботе бо гурӯҳҳои сиёсии мухолиф надорад, афзуд: “Мо коре ба ин ҷавон (Шерзод Маҳмадҷонов) ва фаъолиятҳои вай надорем. Ва то ҷое, ки медонам, ӯ узви ҳеч як аз гурӯҳҳои сиёсии мухолиф ҳам нест ва ҳатто метавон гуфт, аз мунтақидони онҳост, гоҳе аз онҳо интиқод мекунад. Ин кори вай аст. Аммо қазияи модараш фарқ мекунад. Бо ин модар набояд ба хотири фаъолиятҳои писараш, ин гуна бархӯрд шавад.”

Раиси КШНГЗС, бо баёни ин ки аз назари қонун падару модар ҳеч гуна масъулияте аз гароишҳо ва фаъолиятҳои фарзанди болиғашон надоранд, афзуд: “Абдураҳмон 09 25-сола аст, ӯ худаш бояд посухгӯ ва масъули гуфтору рафтораш бошад, на падару модараш. Аммо мақомоти режими Эмомалӣ Раҳмон ба ин гуфтаи қонун пойбанд нестанд, волидайн ва бастагон аз хоҳару бародару ҳатто холаю аммаро ба хотири фаъолияти як инсони ҳатто 40 ё 50-сола мавриди пурсуҷӯ қарор медиҳанд ва ҷояш, ки омад, зиндонӣ ҳам мекунанд, чунон ки шоҳиди ин ҳақиқати талх дар мавриди бону Шоҳида Маҳмадҷонова ҳастем.”

Бобоев дар поёни гуфтугӯи худ, бо таъкид бар ин ки КШГНЗС ба сурати ҷиддӣ қазияи Шоҳида Маҳмадҷоноваро пайгирӣ мекунад, гуфт: “Мо ин қазияро ҷиддӣ дунбол мекунем ва тамоми талоши худро сарф мекунем, то ин бону озод шавад ва ба сари модару фарзандонаш баргардад. Иншоаллоҳ ба ҳамаи созмонҳо ва ниҳодҳои мудофеъи ҳуқуқи инсон чӣ дар дохил ва чӣ хориҷ нома ирсол хоҳем кард ва нахоҳем гузошт, режим бо шаҳрвандон ин гуна бархӯрд намояд.”

#Ҳафтаи_дифоъ_аз_Шоҳида_Маҳмадҷонова

#Озодӣ_ба_Шоҳида_Маҳмадҷонова

#Свободу_Шохиде_Махмадджоновой

#Free_Shohida_Mahmadjonova

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: