Сайидюнуси Истаравшанӣ
Ба баҳонаи Ҳафтаи дифоъ аз Шоҳида Маҳмадҷонова
Ин ҳафта ихтисос дорад ба Шоҳида Маҳмадҷонова, ки дӯстон дар сойти “Зиндониён” ба тафсил дар бораи ӯ навиштаанд ва банда низ дар нуктаи ахир яке ду ҷумла дар бораи ин бону нигоштаам.
Дар ёддошти ин ҳафта, меҳвари сӯҳбатҳоям чаҳор нукта аст:
1) Нуктаи аввал, дар бораи таҳоҷуми нерӯҳои Русия ба Укройн аст, ки имрӯзҳо зеҳни бештари ҷаҳониёнро ба худ машғул карда. Он чи дар ин робита барои мо, тоҷикистониҳо муҳим аст ин аст, ки бидонем, таҳоҷуми мазкур, аз тарафи як давлат ба як давлати мустақил аст. Таҳоҷум ва таҷовуз ба тамоми маънои калима аст. Ҳеч тавҷеҳе надорад.
Маъмулан, ин таҳоҷум тавҷеҳ мешавад ба ин ки аввалан, Укройн мехоҳад, узви НАТО бишавад ва узвияташ хушоянди Русия нест ва намехоҳад, нерӯҳои ин созмони низомӣ дар марзҳои Русия қарор дошта ва таҳдидкунандаи амнияти ин кишвар гарданд ва аз ин рӯ таҳоҷуми Русия ба назари тавҷеҳкунандагон, ба унвони дифоъ аз худ маъқул ҷилва дода мешавад.
Ва сониян, ба ин ки дар чанд устони Укройн – мисли Луҳонск ва Дунетск – ки бештар руснишин ҳастанд, чанд сол аст, ки ҷанг воқеъ аст; ҷанг миёни нерӯҳои ҷудоиталаб ва нерӯҳои ҳукумати марказӣ. Русия истиқлоли ин чанд устонро ба расмият шинохта ва аз ин рӯ, таҳоҷумаш ба унвони кӯмак ба ин ду устон, тавҷеҳ мешавад.
Ҳар ду тавҷеҳ аммо мантиқӣ нестанд. Тавҷеҳи аввал ба ин далел мантиқӣ нест, ки Укройн як давлати мустақил ва узви СММ аст ва ба унвони як давлати мустақил эътироф шуда. Ва узвияташ ба ин ё он созмон, марбут ба ирода ва тасмими ҳукумат ва мардуми худаш аст, на ба сиёсатҳои кишварҳои дигар ва ба хусус ҳамсоягонаш. Дахолат дар ин умур, дахолат дар умури дохилии як кишвари дигар аст, ки пеши аҳаде пазируфта нест ва як амри нописанд шумурда мешавад. Ва аммо ин ки баъзеҳо мегӯянд (ва дар зеҳни бисёриҳо ҷавалон мезанад), ки имрӯза ҳарф ҳарфи СММ ва ин меъёрҳо, ки гуфта мешавад нест, балки “мантиқ”-и ҳоким дар дунёи имрӯз, мантиқи зӯр аст ва ҳар ки зӯр аст, ҳарфи ӯ рӯи курсӣ аст, посухи ин пиндор дар нуктаи севвум, он ҷо, ки дар бораи ҷанги нарм ва ҷанги сахт сӯҳбат мекунам, дода хоҳад шуд.
Тавҷеҳи дуввум низ пазируфта нест. Зеро агар ин мантиқро пазируфтем (яъне инро, ки теъдоде одам дар устони як кишвар иддаои истиқлол кунанд ва аз сӯи кишваре дигар, ба хусус ҳамсоя, эътироф шаванд ва аз ин рӯ мо онро муваҷҷаҳ бидонем), дар ин сурат, қоъидатан миёни ҷудоихоҳони кишварҳо набояд табъиз қоил шуд ва ҳар ҷудоихоҳеро этироф кард. Дар ҳоле, ки аҳаде чунин мантиқеро қабул надорад. Масалан, агар шуморе аз тоторҳо (ва ё ҳар қавмияте дигар мисли чеченҳо) дар Русия иддаои истиқлол ва силоҳ ба даст гирифта, алайҳи ҳукумати марказӣ пайкор кунанд, оё ҳукумати Русия қабул дорад, ки онҳо аз сӯи як кишвари дигар эътироф шуда ва тоза, барои кӯмак ба онон лашкар ҳам бикашад?! Қатъан, Русия (ва ё ҳар давлате дигар) ин мантиқро намепазирад.
2) Нуктаи дуввум – ки беиртибот бо аввалӣ нест – ин аст, ки агар таҳоҷум ва таҷовузи феълии Русия ба Укройн аз сӯи мақомот ва мардумони кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Тоҷикистони худамон, ба унвони як амри воқеъ пазируфта шуда ва эътирофи зимнӣ ҳосил кунад ва вокунише, ҳарчанд дар сатҳи расона, алайҳи он сурат нагирад, ин бад-он маъност, ки мо, тоҷикҳо нисбат ба ояндаи кишвари худ ва истиқлоли он бетафовут будаем. Чаро ки дар сурати муваффақияти Русия дар Укройн ва ба зону нишондани мақомоти он – ки албатта, баъид аст –, навбати Тоҷикистон низ ба унвони минтақаи зери нуфузи Русия, мерасад. Зеро, бар фарз, фардо агар кишвари мо ба унвони як кишвари мустақил, манофеъаш тақозо кард (ва ё дилаш хост), ки узви як созмони ҷаҳонӣ мисли созмони низомии НАТО (ва ё ҳар созмони дигар, чӣ низомӣ аст ё иқтисодӣ ва ё сиёсӣ) бишавад ва ин узвият бо манофеъ ва масолеҳи Русия дар тазодд бошад, баъид нест (ва балки қатъан чунин хоҳад шуд), ки Русия ба кишвари мо таҷовуз кунад. Ва ё ҳатто на таҷовуз, балки иддаеро дар устоне таҳрик кунад, то иддаои истиқлол кунанд ва он гоҳ онҳоро эътироф намояд. Ин баъид нест. Хонандаи боҳуш мефаҳмад, чӣ мегӯям.
Албатта, лозим аст, ин нуктаро такрор кунам (ва пештар, ҳудуди чанд сол пеш он ҷо, ки дар хусуси ҳаводиси Сурия сӯҳбат мекардам, ёдовар шуда будам), ки агар Худой нохоста давлате (Русия бошад ё давлате дигар) ба ҳар баҳонае, ба кишвари ман таҳоҷум намояд ва истиқлоли онро зери суол бибарад, кучактарин шакку тардиде нест, ки банда агар умре бароям боқист, дар канори артиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин раисиҷумҳури феълӣ, яъне Эмомалӣ Раҳмон (агар ҳаст) қарор хоҳам гирифт ва аз хоки худ дифоъ хоҳам намуд. Дар ин воқеият кучактарин тардиде вуҷуд надорад, бо ин ки мухолифи сарсахти сиёсии ӯ ҳастам. Мухолифати ман ва ё ҳар узви ПМТ бо Раҳмон, сиёсӣ аст, рабте ба дигарон надорад. Вақте хатар якпорчагии кишварам ва истиқлоли онро таҳдид мекунад, авлавият бароям қатъан истиқлоли кишварам аст, на даъвоҳои сиёсӣ бо дастгоҳи ҳокима.
Зикри ин нукта низ лозим аст, ки ин ҳарфҳо ҳаргиз ба маънои душманӣ бо русҳо ва ҳатто ҳукумати Русия нест. Ба ҳеч ваҷҳ. Русия ба унвони як ҳамсоя ва шарики истротежик, барои мо ва кишварамон як дӯст аст. Мо на танҳо дар сиёсат, ки ҳатто дар умури иқтисодӣ низ бо ин кишвар ҳамкорем. Ҳудуди ду милюн тоҷикистонӣ дар Русия ба унвони муҳоҷири корӣ зиндагӣ ва кор мекунанд. Инҳо воқеиятҳои ғайри қобили инкор ҳастанд. Аҳаде хоҳони равобити тира ва ба хусус душманӣ бо ҳукумати Русия нест. Мо хоҳони некӯтарин равобит бо Русия ҳастем.
Балки ҳарфи банда, дар сурати таҳдид шудани якпорчагии кишварам ва истиқлоли он аст, аз сӯи ҳар ки бошад, чӣ Русия бошад ё Чин ва ё ҳар кишваре дигар. Масоилро бояд хуб дарк кард.
3) Нуктаи севвум, дар бораи чистии ҷанг аст ва ин ки ба чӣ касе – агар бо касе ҷангид — пирӯз ва ба чӣ касе шикастхӯрда гуфта мешавад. Ҷанг ба ду навъ аст: сахт ва нарм. Ҷанги сахт ҳамон даргирии физикӣ бо абзор ва силоҳ байни ду ё чанд нафар ва ё кишвар аст. Ва аммо ҷанги нарм даргирии ғайрифизикӣ бо абзор ва васоили расонаӣ ва фарҳангӣ байни ду ё чанд нафар ва ё кишвар мебошад.
Нуктаи қобили ёдоварӣ дар ин замина он аст, ки шумо то модоме, ки дар ҷанги нарм пирӯз нашавед, ҳаргиз пирӯзи майдон шумурда намешавед, ҳарчанд дар ҷанги сахт пирӯзӣ насиби шумо бишавад. Ба сухани дигар, пирӯзи воқеии майдон дар ҷанг, тарафе аст, ки дар набарди нарм пирӯз гардад, на дар ҷанги сахт. Дар ҳодисаи Карбало ва набард миёни сипоҳи то ба дандон муаллаҳи Язид ва сипоҳиёни ангуштшумори Имом Ҳусайн, пирӯзи майдони ҷанг бешак Имом Ҳусайн буд, ҳарчанд дар набарди физикӣ сипоҳиёни Имом Ҳусайн шикаст хӯрданд.
Албатта, чунин нест, ки ҳар касе агар ба лиҳози расонаӣ муҷаҳҳаз буда ва дар ин замина дасти боло дошта ва бештар талош кунад, ӯ дар ҷанги нарм пирӯз хоҳад гардид. Чунин нест. Шумо, то модоме, ки барҳақ набошед ва қалби мардум бо шумо ва фикру зикри онҳо шумо набошад, ҳазорон абзори расона ҳам дар ихтиёри шумо қарор дошта ва талош кунед, дар ҷанги нарм пирӯз нахоҳед гардид. Дар фоҷеаи Карбало ҳақ ба ҷониби Имом Ҳусайн ва сипоҳиёнаш буд, қалби мардум бо ӯ буд, фикру зикрашон Имом Ҳусайн буд, ба ҳамин хотир аст, ки ҳарчанд ӯ дар ҷанги сахт бо шикаст мувоҷеҳ шуд, аммо чун пирӯзи майдони набарди нарм будааст, дер напоид мардум алайҳи Язид бапо хостанд ва ӯ ба дарак восил шуд ва то ба имрӯз номи Имом Ҳусайн ва ёрони андак ва роҳаш зинда аст.
Бинобар ин, меъёр дар пирӯз шудан дар ҷанги нарм, сирфи бархӯрдорӣ аз васоили расонаӣ ва фарҳангӣ ва талоши бештар нест, балки аз ҳама муҳим он аст, ки ҳақ ба ҷониби шумо бошад, қалби мардум бо шумо бошад. Агар меъёр сирфи бархӯрдорӣ аз имконот ва талоши бештар бошад, дар ин сурат, дар набарди режими Раҳмон бо мухолифонаш, қатъан режими Раҳмон пирӯз мегардид, зеро имконоти расонаӣ ва талошҳое, ки амсоли “Фабрикаи ҷавоб” барои ин режим дар майдони нарм мекунанд, қобили қиёс бо имконоте, ки мухолифон доранд ва талошҳое, ки ба харҷ медиҳанд, нест. Аз замин то ба осмон фарқ мекунад. Муболиға накардаам, агар бигӯям, режими Раҳмон милюнҳо дулор дар ҷанги нарм бо мухолифонаш харҷ мекунад. Аммо бо ин ҳама, мисли хуршед барои ҳамагон равшан аст, ки опозисиюн пирӯзи майдон дар ҷанги нарм бо режими Раҳмон аст. Ин як воқеият аст, шиор сар додан нест, ба унвони як мухолиф намегӯямаш, балки худи ҳаводорони режим низ эътирофаш мекунанд.
Дар ҷанги феълӣ байни Русия ва Укройн, Русия таҷовузкор ва Укройн дифоъкунанда аст; аз хоки худ дифоъ мекунад, аз истиқлоли худ ва аз ҳувият ва ҳайсияти худ дифоъ мекунад. Ва қатъан таҷовузкор дар назди мардум ба унвони золим ва дифоъкунанда ҳамчун мазлум ва ситамдида талаққӣ мешавад. Ва мусаллам аст, ки қалби мардум ҳамеша бо ситамдида ва мазлум ва зидди ситамкор ва золим аст. Дар ин ҳақиқат кучактарин тардиде нест.
Ва ба илова, чигунагии рафтор ва гуфтори ҳоким дар ҳар ду кишвари пайкоркунанда низ муҳим аст. Ва қалби мардум ҳамеша бо фармонравои кишварест, ки бо мардумаш аст, ҳамроҳ бо онҳост, аз онҳо фосила намегирад, хештанро чанд сару гардан аз дигарон болотар намебинад.
Дар ҳамин чанд рӯзи башумори ҷанг миёни Русия ва Укройн, ҳамагон дидем, ки рафтор ва гуфтори ҳокими Укройн ба чӣ сурат аст ва рафтору гуфтори фармонравои Русия ба чӣ шакл. Дар ҳоле, ки ҳокими Укройн – яъне ҷаноби Владимир Зеленский – бо бар тан доштани либоси содда ва аҳёнан низомӣ, дар байни мардумаш аст, дар миёни онҳо мегардад ва ҳозир нест майдонро тарк кунад, ҷаноби Владимир Путин – фармонравони Русия – аммо, ҳаргиз дар малаъи омм дида намешавад, дар мулоқот бо меҳмонҳо, аз сарон ва диплумотҳои соири кишварҳо (то чи расад бо хабарнигорон), байни ӯ ва меҳмон мизе ба дарозои 2 ё 3 км гузошта шудааст, то вируси куруно ба ҷанобашон сироят накунад ва эшон олуда нагарданд. Ва дар ҳоле, ки вақте Зеленский дар ҷойе ҳузур пайдо кунад, аҳаде ба унвони муҳофиз ва бодигорд ба ҳамроҳ надорад, аммо замоне, ки Путинро нишон медиҳанд, садҳо муҳофиз ӯро печонда ва намегузоранд, касе ба ҷаноби Путин наздикӣ кунад (чунон ки Раҳмонро низ ба ҳамин ҳолат мебинем.)
Хулоса, пирӯзи ҷанги феълӣ байни Русия ва Укройн, бешак Укройн аст. Феълан ба ҳамин андоза аз сухан иктифо мекунам, то дар ояндаи наздик худатон шоҳиди ин воқеият бишавед.
4) Дар нуктаи чаҳорум ва ахир, яке ду ҷумла дар бораи Шоҳида Маҳмадҷонова менависам. Боздошти ин бону ба он иттиҳоми сохта – ифротгароӣ ва узвият дар “Гурӯҳи 24”, дар ҳоле, ки ин гурӯҳ ба сурати қотеъ эълом кард, ки Шоҳида Маҳмадҷонова ҳаргиз узви “Гурӯҳи 24” набудааст – бешак ҷурми нобахшуданӣ аст. Ва барои ҳамагон ва ҳатто худи иттиҳомкунандагон равшан аст, ки ӯро ба хотири фаъолиятҳои писараш дастгир кардаанд. Ва ин дар ҳоле аст, ки қонунҳои ҷорӣ дар кишвар ба сароҳат тасреҳ мекунанд, ки инсон масъули “ҷурми” фарзанди болиғаш нест. Яъне агар инсоне ба номи А муртакиби ҷурме шудааст, дар сурате, ки болои 18 сол син дорад, ӯ худаш масъул ва посухгӯи рафтори хеш аст, на бастагони ӯ ҳатто наздикони дараҷаи аввал аз падару модараш.
Асосан, ҷомеаи мо, ба ҷойи қонунҳои навишта, ба қонунҳои нонавиштае идора мешавад, ки дар зеҳни мақомот ва чи басо шаҳрвандон ба унвони қонун нақш бастаанд ва касе ҳам эътирозе намекунад; гӯӣ ин ки ҳамагон ҳукумати ин қавонини нонавиштаро пазируфтаанд.
Рафторе, ки бо Шоҳида Маҳмадҷонова мешавад, мутаассифона барои бори аввал нест. Қабл аз ин ҳам аз ин маворид доштем. Ҳеч ҳуқуқшинос ва ё рӯзноманигоре масъаларо аз ин зовия ба чолиш намекашад.
Ин ки наздикони як одам – мухолифи сиёсӣ – бо иҷбор дар баробари дурбин қарор дода шуда ва бар онҳо таҳмил шавад, ки алайҳи хеши худ ҳарф бизананд ва бигӯянд, то ба кишвар баргардад, ин кор як ҷиноят аст, ҷурм аст, амали зишт ва нописанд аст. Ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон зимни барномаҳо ва мақолот, мақомотро водор кунанд, то аз ин феъли зишт даст бардоранд.
Саломат бошед!
#Ҳафтаи_дифоъ_аз_Шоҳида_Маҳмадҷонова
#Озодӣ_ба_Шоҳида_Маҳмадҷонова
#Свободу_Шохиде_Махмадджоновой
#Free_Shohida_Mahmadjonova
Добавить комментарий