Зодрӯзат муборак бошад, Маҳмурод!

Имрӯз (1-уми март) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, марди озодаву озодихоҳ ва ҳақҷӯю ҳақгӯй, яке аз шахсиятҳои сиёсии тоҷик, Маҳмурод Одинаев аст. Ӯ дар баробари зулму ноадолатӣ рӯ дар рӯи золимон истод ва дар ҳоле, ки хелеҳо мӯҳри хомӯшӣ бар лаб задаанд, қад алам намуда, ҳақоиқро баён кард ва аз гуфтани сухани ҳақ ибо наварзид, мушкилоти ҷомеа ва фасоди мақомот ва аз ҳаққи худ ва мардум дифоъ намуд.

Ӯро аммо, ба хотири пайкораш бо зулму фасод ва ноадолатиҳои ҳокимон ва мақомоти фосид, ба 14 сол зиндон маҳкум намуданд.

Ӯ дар воқеъ, садои дили бисёре аз мардуми озодаву озодихоҳ буд ва мемонад.

Имрӯз садои озодихоҳии ӯ аз зери замини зиндонҳо ҳам шунида мешавад ва гӯши ҳокимон ва мақомотро кар мекунад ва ҳеч гоҳ хомӯш нахоҳад шуд.

Маҳмурод Одинаев муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аст ва дар майдони сиёсат барои расидан ба як ҷомеа ва кишвари қонунмеҳвар, мутараққӣ ва пешрафта талош меварзид.

Ҳукумати Тоҷикистон баъд аз зиндонӣ кардани Маҳмурод Одинаев ва тағйири роҳбари собиқи ин ҳизб — Раҳматилло Зоиров, ин ягона ҳизби оппозисионӣ дар Тоҷикистонро низ ба инзиво кашонд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) 60-умин баҳори умри эшонро барояшон табрику муборакбод менамояд ва аз Худованди Мутаъол озодии ҳарчи зудтари ӯ ва соири азизони зиндониро хоҳон аст!

* * *

Маҳмурод Одинаев кист?

Маҳмурод Одинаев зодаи 1 марти соли 1962-и шаҳри Ҳисор ва сокини ҷамоати деҳоти Ҳисори ҳамин шаҳр аст. Вай пас аз хатми мактаби миёна, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети ҳуқуқ (юридический факультет) таҳсил ва аз он фориғуттаҳсил шудааст.

Одинаев ҳуқуқшинос (юрист) аст. Ӯ яке аз фаъолони барҷастаи ҷомеаи шаҳрвандӣ шумурда мешавад. Одинаев пеш аз зиндонӣ шуданаш, раиси Комиссияи дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон ва аз раҳбарони Эътилофи зидди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон ба шумор рафта, ба ҳимояи ҳуқуқи маҳбусон ва ифшои мавридҳои бадрафторӣ нисбат ба маҳбусон машғул буд.

Маҳмурод Одинаев ҳамчунин аз фаъолони боризи сиёсӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ӯ муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон буд; ҳизбе, ки расмӣ буда ва як ҳизби опозитсионӣ дар дохили кишвар ба шумор меравад.

Маҳмурод Одинаев яке аз мунтақидони барҷастаи сиёсатҳои ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст. Ӯ дар моҳи ноябри соли 2020 аз шаҳрдории Душанбе катбан дархост кард, ки дар дифоъ аз маҳбусон ва вуҷуди мавориди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон, дар пойтахт гирдиҳамоӣ баргузор намояд. 20-уми ноябри ҳамон сол ва баъди ин дархост, нопадид шуд. Ӯро баъд аз ду ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир ва дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) нигаҳ доштанд.

Тибқи гузориши 4 майи 2021, ӯро аз боздоштгоҳ ба маҳбас бурданд. Одинаев ба иттиҳоми “авбошӣ” ва “даъват ба сарнагунии ҳокимият” дар рӯзи 28-уми январи ҳамон сол бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Рӯдакии пойтахт ба 14 сол зиндон маҳкум шуд. Одинаев ҳукми додгоҳро “беадолатӣ” хонд. Ӯ ва бастагонаш иттиҳомҳои номбурдаро рад карда, гуфтанд, қазияи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.

Маҳмурод Одинаев рӯзи 1-уми майи 2021 ба зиндони шаҳри Ваҳдат маъруф ба “Кирпичний” интиқол дода шуд. Писари ӯ, Шайх Ризоевро низ боздошт намуданд. 1-уми майи ҳамон сол, Ризоев аз боздоштгоҳ ба маҳбаси маъруф ба “Якум Советский” интиқол дода шуд. Шайх Ризоевро ба “авбошӣ” ва “талоши таҷовуз ба номус” муттаҳам намуда, ба 6 сол зиндон маҳкум карданд. Бастагонаш ин иттиҳомҳоро бепоя хонда, гуфтанд, ӯро ба хотири фаъолиятҳои сиёсии падараш зиндонӣ намудаанд.

Маҳмурод Одинаев дар шароите ба зиндон интиқол дода шуд, ки бастагони ӯ ва низ масъулони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз вазъи саломати ӯ нигарон буданд. Масъулони ҲСДТ гуфтанд, вазъи саломати Маҳмурод Одинаев дар боздоштгоҳ бад шудааст ва ӯ бо аробаи маъюбӣ мегардад. Як намояндаи боздоштгоҳ низ зимни таъйиди бемории Одинаев, гуфт, ӯ “зери назорати пизишкон аст.”

Дар аввали боздошти Одинаев наздиконаш дар сӯҳбат ба Аздо.тв гуфта буданд, ки ӯ бемор аст ва роҳ рафта наметавонад ва ҳамчунин биноияш низ заиф шудааст, то ҳадде, ки одамро хуб намешиносад. Наздиконаш шиканҷа шудани ӯро аз эҳтимол дур надонистанд.

Бар асоси гузориши 18 октябри 2021, ба Маҳмурод Одинаев дар муқобили изҳори пушаймонӣ, афв пешниҳод шуд, вале ӯ зимни “беадолатӣ” хондани зиндонӣ шуданаш, ин пешниҳодро напазируфта, озодияшро аз маҳбас талаб кард.

Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, дар 17-уми октябри ҳамон сол ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш ба онҳо расонд, ки зери санади афваш имзо нагузоштааст. “Падарам гуфт, худро гунаҳкор намеҳисобад ва чаро барои коре, ки накардааст, шомили афв шавад? Яъне, беасос эътироф кунад, ки даст ба ҷиноят задааст? Падарам гуфт, ин гуноҳҳоро ҳеч гоҳ қабул надорад,” — нақл кард Ҳабибулло Ризоев.

Гуфтанист, Маҳмурод Одинаев дар гузашта низ аз поймол шудани ҳуқуқи писараш, Суннатулло Ризоев, дар маҳбаси Хуҷанд шикоят карда буд. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 18-уми октябри соли 2014 Суннатулло Ризоевро барои 9 сол ва ҳамроҳаш, Садридин Тошевро барои 7 сол ба иттиҳоми “пахши ахбори бардурӯғ ва таҳрикомез” зиндонӣ карда карда буд.

* * *

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар 7 декабри 2020 бо нашри баёнияе ва ҳамчунин Паймони Миллии Тоҷикистон дар изҳороте дар 29 январи 2021, аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки Маҳмурод Одинаевро билофосила озод кунанд.

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ бо роҳандозии як фарохон (петитсия), хостори озодии фаврии Маҳмурод Одинаев шудааст.

#Free_Mahmurod_Odinaev

#Free_Political_Prizoners

#Озодӣ_ба_Маҳмурод_Одинаев

#Озодӣ_ба_зиндониёни_сиёсӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: