Чоршанбе Чоршанбиев, блогер ва варзишкори ҳунарҳои размӣ (ММА), ки дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст, дар суханоне дар додгоҳ, бо тарҳи ин суол аз мардуми дунё ва Тоҷикистон, ки “то кай тоқат? Адолат магар ҳамин аст?”, даъват кардааст, ки муқобили ноадолатӣ бархезанд, “алайҳи беадолатӣ ба мардуми бегуноҳ.”
Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук хабар додааст, ки дар дастони ӯ матни суханони Чоршанбе Чоршанбиев дар додгоҳ қарор гирифта.
Ба гуфтаи ин рӯзноманигор, ду коршиноси кирояи мақомот, дар толори додгоҳ гуфтаанд, ки дар ин суханон даъвати оммавӣ барои “сарнагун” вуҷуд дорад.
Рустами Ҷонӣ ёдовар шудааст, ки номи ин коршиносон низ махфист. “Шояд аз шарм худи онҳо нахостанд минбаъд ин хулоса ба номи онҳо дар таърих боқӣ монад?” – навиштааст ин рӯзноманигор.
Матни суханони Чоршанбиев ба шарҳи зерин аст:
“Ман сиёсӣ ва мухолиф нестам. Инсоне ҳастам, ки беадолатиро мебинад ва намехоҳам аз он чашм пӯшад.
Зиёд гап намезанам ва гуфтаҳои дигаронро такрор намекунам.
Аз мардуми дунё ва Тоҷикистон мепурсам: То кай тоқат? Адолат магар ҳамин аст?
Се рӯз боз воқеаҳои ватанамро мушоҳида мекунам. Якдилии мардум ғайриинтизор буд ва маро ба ҳайрат овард.
Ба фикрам, ин ҳодиса таъсири густардае хоҳад дошт.
Даъват мекунам, муқобили ноадолатӣ бархезед; алайҳи беадолатӣ ба мардуми бегуноҳ.
Талаб дорем, ҳар киро, ки одамони бегуноҳро куштаст, ба маҳкама кашанд; онҳое, ки 25-уми ноябри 2021 муқобили мардум яроқ истифода бурданд.”
Рустами Ҷонӣ дар ҳошияи ин суханон навишта: “Агар бар тибқи ҳамин матн Чоршанбе Чоршанбиевро айбдор биҳисобанд, ин ҳукм ба ӯ на, ба низоми ҳоким мешавад. Ин ҷавон аз ин мегӯяд, ки “беадолатӣ”-ро мебинад, мехоҳад алайҳи “беадолатӣ” бархезанд. Ӯ нагуфт, алайҳи ҳукумат, алайҳи давлат, балки гуфт, муқобили “беадолатӣ.”
Ин рӯзноманигор бо баёни ин ки куҷост он иддао, ки Чоршанбиев хостааст ҳукумат сарнагун шавад?, навишта: “Ё додситонӣ медонад, ки ҳукумат ба сӯи мардум тир парронд ва рафтори ноодилона кард? (Факте, ки то ин вақт мақомот напазируфтанд.) Ё додситон ва коршиносони кироя фол задаанд, ки Чоршанбе инҷо ҳукуматро дар назар дошт? Ҳукми Чоршанбиев ба ин маънист: ҳукумат одил нест ва мардумро кушта.(Факт) Суд бо қарори худ қотил будан ва “золим” будани ҳукуматро тасдиқ мекунад.”
Рустами Ҷонӣ дар поёни ёддошти кӯтоҳи худ, дар хусуси ин иддаои мақомот, ки Чоршанбиев мехоҳад ҳукумат сарнагун шавад ва аммо ин воқеият, ки Чоршанбиев аз онҳо талаб мекунад, гунаҳкоронро ба маҳкама кашанд, пурсида: “Мантиқ куҷост?.. Ҳоло дигар ба ҷуз ин ҳукумат кӣ одамонро дар Тоҷикистон ба маҳкама метавонад бикашад?”
Сипас ҷавоб дода: “Аз рӯи қонун суд метавонад, аммо ин Тоҷикистон аст бо фарқиятҳои худ… Боз бинем чӣ мешавад.”
Добавить комментарий