Шерзод Маҳмадҷонов (маъруф ба Абдураҳмон09) гуфт, мақомот барои озодии модараш, Шоҳида Маҳмадҷонова, шарт гузоштанд ва он ин ки худи вай ба Тоҷикистон баргардад
Дар ин бора вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт. Ба гузориши сомонаи ин радио, пайвандони Шоҳида Маҳмадҷонова гуфтанд, ки бо гузашти як моҳ аз боздошташ, ӯро надидаанд. Эътилофи зидди шиканҷа хабар дод, ки вакили мудофеъ чанд дафъа бо ӯ вохӯрд. Мақомот ба таври расмӣ чизе намегӯянд.
Шоҳида Маҳмадҷонова рӯзи 3-юми феврали имсол дастгир шуд ва ҳоло дар Боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад. Мақомот ӯро ба ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” муттаҳам мекунанд. Наздиконаш ва масъулони “Гурӯҳи 24” ин иттиҳомро рад карданд.
Идимо Маҳмадҷонова, модари Шоҳида Маҳмадҷонова, 2-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар рӯз барои духтараш ба Боздоштҳои муваққатӣ хӯрок мебарад, вале бо вуҷуди ваъдаи Вазорати корҳои дохилӣ, ҳанӯз ӯро надидааст.
Як манбаи огоҳ аз тафтишот мегӯяд, далели асосии муфаттишон алайҳи Шоҳида Маҳмадҷоноваи 45-сола як саҳифаи фейсбукӣ аст, ки гӯё дар он маводди марбут ба “Гурӯҳи 24” таблиғ шудааст. Вале наздикони Шоҳида гуфтанд, телефони ӯ чанд моҳ дар дасти кормандони пулиси шаҳри Ваҳдат буд ва имкон дошт, каси дигаре аз он истифода карда бошад.
Шерзод Маҳмадҷонов гуфт, мақомот барои озодии модари вай шарт гузоштаанд. Вай афзуд: “Пас аз боздошти модарам ба ман чанд шарт пешниҳод карданд. Гуфтанд, ягона касе, ки модаратро наҷот дода метавонад, худи ту ҳастӣ. Барои ин, бояд ба Тоҷикистон баргардам. Дуюм, бояд аз ҳукумат узр пурсам. Ин шартҳо аз тарафи мақомдорон буданд, ки тавассути саҳифаҳои фейкӣ дар Фейсбук ва Ютуб ба ман пешниҳод шуд.”
#Ҳафтаи_дифоъ_аз_Шоҳида_Маҳмадҷонова
#Озодӣ_ба_Шоҳида_Маҳмадҷонова
#Свободу_Шохиде_Махмадджоновой
#Free_Shohida_Mahmadjonova
Добавить комментарий