Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров: “Тирборонам карданд, каме захм бардоштам.”

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, аз раҳбарон (лидерон)-и Бадахшон, гуфт, ки аз як суиқасд наҷот ёфтааст.

Вай дар гуфтугӯе бо яке аз ҳаводоронаш, ки навори он дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мунташир шудааст, бо баёни ин ки тирборонаш карданд ва каме захмӣ гардидааст, гуфт: “Тирборон шуд, камакак ранение бардоштам.”

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо баёни ин ки тир ба дасти росташ бархӯрд кардааст, гуфт: “Хоруғ рафтам, дар перекрёсток автоматчикҳо аз пешам баромаданд ва тирпаррониро сар карданд.”

Ин раҳбари мардумӣ дар идома бо таъкид бар ин ки тир ба мошинаш расидааст, афзуд: “Баъд духтур рафтам, дар Хоруғи боло, ҳамонҷо перевязка кардам.

Маҳмадбоқиров дар идома, бо таъкид бар ин ки “ман набояд зинда бошам, я мешаю им”, гуфт: “Пешниҳод карданд, ки штраф мекунем ва гуфтанд, пулро ҳам худамон месупорем, фақат як бор бо мо шин, як переговор кунем, гуфтам, не.”

Вай афзуд: “Ба онҳо гуфтам, ки маро на штраф кунед ва на корҳоямро соз кунед ва на ҷубронпулироамро супоред

Маҳмадбоқиров дар поёни гуфтугӯи худ бо баёни ин ки вай ҳеч як аз пешниҳодҳои онҳоро қабул накардааст, таъкид кард: “Қабул накардам. Ман қабул накардам.”

Гуфтанист, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, ки яке аз афроди бонуфуз дар Бадахшон ва раҳбарон (лидерон)-и ин минтақа маҳсуб мешавад, баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон байни ҳукумат ва опозитсия, ба унвони сардори фармондеҳии марзбонӣ (погранкомендатура) дар Тӯхтамиши ноҳияи Мурғоб дар марз бо Чин таъйин гашт. Ӯ дар нерӯҳои марзбонӣ (погранвойска), дорои унвони сарҳанг (полковник) буд.

Дар соли 2006 фармондеҳӣ (погранкомендатура)-и ӯро пас аз муборизааш бо қочоқчиёни маводди мухаддир ва боздошти қочоқ дар ҳаҷми калон, барҳам заданд. Сипас, ба қасди боздошти ӯ, ҳуҷум ба маҳалли зисти ӯ яъне шаҳраки Бархороги Хоруғ, аз ҷониби нерӯҳои интизомии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар 2 феврали соли ҷорӣ (2022) гузориш шуд, ки Додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон кардааст, нисбати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушодаанд.

Ин парванда дар пайи шикояти сардори Идораи маорифи ВМКБ, Лутфулло Наврӯзов боз шудааст. Наврӯзов дар наворе, ки маълум нест, дар чӣ шароит сабт шудааст, шикоят карда, ки гӯё аз тарафи Маҳмабоқиров латукӯб ва шиканҷа шудааст.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров дар сӯҳбат бо расонаҳо, иддаои сардори Идораи морифро рад кард ва гуфт, бо ӯ танҳо як “сӯҳбати падарона” анҷом додааст. Вай гуфт: “Ман ӯро назадам. Бо вай як сӯҳбати падарона кардам. Маҳалгароӣ ҳам набуд. Муаллим бояд дурӯғ нагӯяд. Вай дар навор дурӯғ мегӯяд, маро бадном кард. Гуё ман террорист ҳастам. Не. Ман омӯзгоронро эҳтиром мекунам.”

Дар як гузориши 9-дақиқаӣ дар бораи ин ҳодиса, ки рӯзи 2-юми феврал тавассути телевизиони Бадахшон намоиш дода шуд, Парвиз Орифзода, додситони вилоят, гуфт, нисбати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо гумони “истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият”, “таҳқири намояндаи ҳокимият”, “вайрон кардани дахлнопазирии мардум”, “барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ” парвандаи ҷинояӣ оғоз гардид. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ин иддаоро “пурра тӯҳмат ва дурӯғ” номид.

Алим Шерзамонов, яке аз раҳбарони ПМТ мӯътақид аст, ин амали мақомот ба хотири беобрӯ кардани Маҳмадбоқиров дар назди мардум ва сипас боздошти ӯст. Шерзамонов гуфт: “Аз хеле вақт пеш, мехоҳанд, Маҳмадбоқирро дастгир кунанд, вале наметавонистанд. Маҳмадбоқир пеши мардум обрӯ дорад. Бинобар ин, сардори Идораи маорифи ВМКБ иддао кард, ки гӯё мавриди латукӯби Маҳмадбоқир қарор гирифтааст. Мақомот бо ин иддао, мехостанд, Маҳмадбоқир назди мардум беобрӯ гардад ва сипас ӯро боздошт намоянд. Вале тирашон хато хӯрд.”

Вай афзуд: “Ҳоло ба назари ман, ӯро наметавонанд боздошт намоянд. Боздошти Маҳмадбоқир кори осоне нест. Фикр мекунам, муҳосираи Бадахшонро тӯл медиҳанд ва муддате ба ҳар роҳу василае ба сиёҳ кардани Маҳмадбоқир дар назди мардум мепардозанд, то ба тадриҷ ӯ назди мардум беобрӯ гардад ва сипас дар фурсати муносиб ӯро боздошт ва зиндонӣ намоянд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: