Фаврӣ: Суиқасди бенатиҷа ба ҷони Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров

Субҳи имрӯз (ҷумъа, 4 марти 2022) ба ҷони Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров суиқасд воқеъ шуд, вале натиҷае надошт. Ба гуфтаи шоҳидон, ин суиқасд аз тарафи афроде бо либосҳои ғайринизомӣ дар назди бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сурат гирифтааст.

Сомонаи Pamir Daily News, ки бештар ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-ро пӯшиш медиҳад, бо такя бар манобеи худ дар ин шаҳр, хабари мазкурро мунташир кардааст.

Ба гуфтаи Pamir Daily News, ин афрод, ки гуфта мешавад, либоси ғайринизомӣ бар тан доштаанд, саъй карданд, роҳи мошини Мамадбоқир Мамадбоқировро бибанданд ва “дар ҳоле, ки Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров фарзандонашро ба литсейи Оғохон, ки каме дуртар аз бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии ВМКБ воқеъ аст мебурд, дар роҳ мошини ношинос мехост пеши роҳи ӯро бигирад, вале ӯ тавонист аз ин мошин гузар кунад. Пас аз он, афроди ношинос бо либоси мулкӣ аз мошин фаромада, ба сӯи мошини Мамадбоқиров тирандозӣ кардаанд.”

Алим Шерзамонов, аз раҳбарони бадахшонии Паймони Милии Тоҷикистон (ПМТ) низ дар ёддошти кӯтоҳе дар сафҳаи худ дар Фейсбук, бо таъкид бар ин ки “террористҳо субҳи имрӯз ба ҷони Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров суиқасд анҷом додаанд”, навиштааст: “Хушбахтона, тир ба ҷони ӯ нахӯрд ва аз наздикаш убур кард.”

Ӯ ёдовар шудааст: “Ба назар мерасад, фармони қатли Маҳмадбоқир Маҳмабоқиров хеле вақт пеш содир шудааст.”

Гуфтанист, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, ки яке аз афроди бонуфуз дар Бадахшон ва раҳбарон (лидерон)-и ин минтақа маҳсуб мешавад, зодаи 10 октябри соли 1963 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон мебошад. Маҳмадбоқир дар соли 1981 вориди Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе шуд. Ва ҳамчунин ба сурати ғоибона дар Донишгоҳи Хоруғ, факултети таърих низ таҳсил намуд. Ӯ дар солҳои 2001 то 2007 дар ин донишгоҳ таҳсил ва аз он фориғуттаҳсил шуда ва дорои маълумоти олӣ гардидааст. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон байни ҳукумат ва опозитсия, Маҳмадбоқир ба унвони сардори фармондеҳии марзбонӣ (погранкомендатура) дар Тӯхтамиши ноҳияи Мурғоб дар марз бо Чин таъйин гашт. Ӯ дар нерӯҳои марзбонӣ (погранвойска), дорои унвони сарҳанг (полковник) буд.

Мутаассифона дар соли 2006 фармондеҳӣ (погранкомендатура)-и ӯро пас аз муборизааш бо қочоқчиёни маводди мухаддир ва боздошти қочоқ дар ҳаҷми калон, барҳам заданд. Сипас, ба қасди боздошти ӯ, ҳуҷум ба маҳалли зисти ӯ яъне шаҳраки Бархороги Хоруғ, аз ҷониби нерӯҳои интизомии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар 2 феврали соли ҷорӣ (2022) гузориш шуд, ки Додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон кардааст, нисбати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушодаанд.

Ин парванда дар пайи шикояти сардори Идораи маорифи ВМКБ, Лутфулло Наврӯзов боз шудааст. Наврӯзов дар наворе, ки маълум нест, дар чӣ шароит сабт шудааст, шикоят карда, ки гӯё аз тарафи Маҳмабоқиров латукӯб ва шиканҷа шудааст.

Ва ин дар ҳолест, ки Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, иддаои сардори Идораи морифро рад кард ва гуфт, бо ӯ танҳо як “сӯҳбати падарона” анҷом додааст. Вай гуфт: “Ман ӯро назадам. Бо вай як сӯҳбати падарона кардам. Маҳалгароӣ ҳам набуд. Муаллим бояд дурӯғ нагӯяд. Вай дар навор дурӯғ мегӯяд, маро бадном кард. Гуё ман террорист ҳастам. Не. Ман омӯзгоронро эҳтиром мекунам.”

Дар як гузориши 9-дақиқаӣ дар бораи ин ҳодиса, ки рӯзи 2-юми феврал тавассути телевизиони Бадахшон намоиш дода шуд, Парвиз Орифзода, додситони вилоят, гуфт, нисбати Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо гумони “истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият”, “таҳқири намояндаи ҳокимият”, “вайрон кардани дахлнопазирии мардум”, “барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ” парвандаи ҷинояӣ оғоз гардид. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ин иддаоро “пурра тӯҳмат ва дурӯғ” номид.

Алим Шерзамонов мӯътақид аст, ин амали мақомот ба хотири беобрӯ кардани Маҳмадбоқиров дар назди мардум ва сипас боздошти ӯст. Шерзамонов гуфт: “Аз хеле вақт пеш, мехоҳанд, Маҳмадбоқирро дастгир кунанд, вале наметавонистанд. Маҳмадбоқир пеши мардум обрӯ дорад. Бинобар ин, сардори Идораи маорифи ВМКБ иддао кард, ки гӯё мавриди латукӯби Маҳмадбоқир қарор гирифтааст. Мақомот бо ин иддао, мехостанд, Маҳмадбоқир назди мардум беобрӯ гардад ва сипас ӯро боздошт намоянд. Вале тирашон хато хӯрд.”

Вай афзуд: “Ҳоло ба назари ман, ӯро наметавонанд боздошт намоянд. Боздошти Маҳмадбоқир кори осоне нест. Фикр мекунам, муҳосираи Бадахшонро тӯл медиҳанд ва муддате ба ҳар роҳу василае ба сиёҳ кардани Маҳмадбоқир дар назди мардум мепардозанд, то ба тадриҷ ӯ назди мардум беобрӯ гардад ва сипас дар фурсати муносиб ӯро боздошт ва зиндонӣ намоянд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: