Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров хитоб ба шаҳрдори Хоруғ: “Ба ман амнистияи шумо лозим нест, мо бояд шуморо амнистия кунем, на шумо моро” – (Видео)

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, аз раҳбарон (лидерон)-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), дар ҷаласае бо ширкати шуморе аз мардум дар шаҳрдории Хоруғ, бо таъкид бар ин ки ӯ на хоҳони президент шудан аст ва на хоҳони раис шудан, хитоб ба шаҳрдори ҷадиди Хоруғ, Ризо Назарзода гуфт: “Агар раис бошӣ ва гӯшат кунанд, армияро барор. Ба ман амнистияи шумо лозим нест, мо бояд шуморо амнистия кунем, на шумо моро, халқ бояд шуморо афв кунад барои кирдорҳоятон.” Вай ҳамчунин гуфт: “140 километри замини Тоҷикистонро қирғизҳо гирифтанд? Оё инро надидед? Территорияи моро қирғизҳо мегиранд.” Вай хитоб ба Ризо Назарзода таъкид кард: “Агар кор кардан хоҳӣ, постҳоро (аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атроф) бардор! Мо ҳам бароят хидмат мекунем, паҳлӯ ба паҳлӯ шаҳрро обод мекунем.”

Маҳмадбоқиров дар ин ҷаласа, ки чанд рӯз пеш ва дар оғози моҳи марти соли ҷорӣ (2022) баргузор ва навори он дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мунташир шудааст, дар ибтидо, хитоб ба шаҳрдори Хоруғ гуфтааст: “Ман бо ту намешинам. Бо занҳо бароям паём нафирист. Мард бош! Мардумро куштед ва ҳоло оё таваҷҷӯҳро ба тарафи мо равона карданӣ ҳастед?

Вай дар идома, бо таъкид бар ин ки “агар тавонед, ободӣ кунед”, масъалаи телевидениеро бардошт ва гуфт: “Ҳоло часпидед ба телевидение. Он ҳам ба сари худатон бало мешавад.”

Маҳмадбоқиров дар идома, хитоб ба Назарзода, бо баёни ин ки шумона ақл доред ва на тактика”, сабаби бало шудани телевидение бар сари мақомотро чунин тавзеҳ дод: “Аввалан, гапҳои беҳуда. Сониян, дарвозиҳоро шӯрондед.

Вай бо баёни ин ки “лаҳзае буд, ки мо бояд бо ҳам даро баро мекардем”, хитоб ба Назарзода гуфт: “Ана ҳоло ҳалқат хушк шудаасту туро касе намешиносад. Ба Худо, ҳатто хешовандонат туро намешиносанд, (ҳатто) ному насабатро дигар кардаӣ.”

Маҳмадбоқиров дар идома хитоб ба Назарзода ва соири мақомот, бо таъкид бар ин ки шумо “мардумро куштед”, гуфт: “Постҳоятонро бардоред, армияро (аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атроф) баред. 140 киллометри замини Тоҷикистонро қирғизҳо гирифтанд. Оё чунин нест? Инро надидед? Территорияи моро қирғизҳо мегиранд. Намедонам, чӣ гӯям?

Вай дар идома, хитоб ба шаҳрдор ва мақомоти шаҳрдорӣ, бо баёни ин ки “агар кор кардан хоҳӣ, постҳоро бардор”, таъкид кард: “Мо ҳам бароят хидмат мекунем, паҳлӯ ба паҳлӯ шаҳрро обод мекунем.

Сипас сару садои мардум дар толори ҷаласа баланд шуд ва ҳамагӣ бо тасдиқи суханони Маҳмадбоқир гуфтанд: “Рост мегӯяд Маҳмадбоқир!

Дар идома, сардори собиқи нерӯҳои марзбонӣ дар Мурғоб, сарҳанг (полковник) Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо баёни ин ки ҳоло шумо моро муҳосира кардаед, гуфт: “Ҳалқаамон гирифтаед, ҳар тӯҳмате хоҳед мекунед, мардумро шумо куштед, Толибу қирғизро он сӯ монда, ҳоло мисли занбӯр ба мардум часпидед.”

Вай дар идома, бо таъкид бар ин ки ӯ на хоҳони раис шудан аст ва на президент шудан, гуфт: “Фақат оромамон гузоред, мо осоиштагӣ мехоҳем.

Маҳмадбоқиров дар идома, хитоб ба Назарзода хотирнишон кард: “Агар раис бошӣ ва гӯшат кунанд, армияро барор. Ба ман амнистияи шумо лозим нест. Мо бояд шуморо амнистия кунем, на шумо моро. Халқ бояд шуморо афв кунад барои кирдорҳоятон.

Вай афзуд: “Шарм доред! Телевизорро ҳам наовардед, ки то мардум набинанд шармандагиятонро. Ба раиси вилоят (Мирзонаботов) ҳам расон. Оё вай мардуми моро ором мегузорад? Бадпойи қадам, лаънат бар ӯ!

Маҳмадбоқиров дар идома, бо ишора ба раиси вилоят Мирзонаботов, ёдовар шуд: “Ӯро ба раисӣ чӣ кор? Биравад сарҳадро ҳифз кунад!

Вай хитоб ба мақомоти шаҳрдорӣ бо баёни ин ки шумо “барои ду се дарахт мардумро ба ҷавобгарӣ кашидед”, гуфт: “Армияи шумо бо боғи ботаникӣ чӣ кард? Боғи ботаникӣ дар ҷойи дуввум буд, онро чӯлистон кардед. Ин қадар зарар овардед ба он. Пости ботсадро бигиред, он лозим нест, монед мардум ором ба хонаҳояшон раванду биёянд.”

Маҳмадбоқиров дар поён таъкид кард:Хабаратон кардем. Бароятон коғаз равон кардем, мардум онҷо мераванд, боз нагӯед, ки ғайриқонунӣ аст.”

Навори пурраи ин ҷаласа:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: